Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шамсуддин Ҷаббор, масъули ҳамла дар Ню Орлеан, кист?


Ню Орлеан, Луизиана
Ню Орлеан, Луизиана

Дар Амрико таҳқиқи ҳамлаи террористие идома дорад, ки дар натиҷаи он 15 нафар кушта ва 30 тани дигар маҷруҳ шуданд. Пулис гуфт, ҳамлавар Шамсуддин Ҷаббор, сарбози собиқ аст.

Ҳамла рӯзи 1-уми январ дар маҳаллаи фаронсавӣ дар шаҳри Ню Орлеан рух дод.

Видеоҳое, ки хабаргузории “Ройтерс” ба даст овардааст, саҳнаҳои дилхарошро нишон медиҳад. Як шоҳиди ҳодиса гуфт, ки аввал ғиреви мошин ва сипас фиғони мардумро шунид.

Ронандаи 42-сола Шамсуддин Ҷаббор сарбози собиқадори амрикоӣ аз Техас будааст. Ба қавли афсарон, аз дохили мошин парчами ДОИШ-ро ёфтанд.

Ҳамлавар, ки либоси низомӣ доштааст, ҳангоми тирандозӣ бо пулис кушта шуд. Ҳоло мақомот иртиботи эҳтимолии ӯро бо созмонҳои террористӣ таҳқиқ доранд.

Муфаттишон мегӯянд, дар дохили мошини ҳамлавар аслиҳа ва маводи тарканда пайдо карданд. Ҳамчунин, ба қавли онҳо, Шамсиддин Ҷаббор зоҳиран ба танҳоӣ амал накарда ва ҷустуҷӯйи шарикони ӯ идома дорад.

Шамсуддин Ҷаббор
Шамсуддин Ҷаббор

Бино ба иттилои мавҷуд, Шамсуддин Ҷаббор ба ҳайси хонафурӯш дар шаҳри Ҳюстон кор мекард. Даҳ сол дар артиши Амрико, аз ҷумла ба ҳайси мутахассиси компютер кор карда, ба Афғонистон ҳам сафарбар шудааст.

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, ҳамларо маҳкум кард ва дар бораи ҳамлавар ҳам гуфт: “Хадамоти Федеролии Таҳқиқот ба ман гузориш дод, ки ӯ чанд соат пеш аз ҳамла дар шабакаҳои иҷтимоӣ видео гузоштааст, ки аз ДОИШ илҳом гирифта, аз майли куштан ва куштан гап задааст.”

Байден ҳамчунин гуфт, муфаттишон мавҷудияти ҳаргуна иртибот байни ин ҳамла ва таркиши мошинеро дар назди Бурҷи Трамп дар Лас Вегас таҳқиқ мекунанд.

ДОИШ ё гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ”, ки як замон дар Ироқу Сурия зулму ваҳшатро ба роҳ андохт, аз тарафи эътилофе ба раҳбарии Амрико шикаст хӯрд. Ба қавли мутахассисон, ин гурӯҳи террористӣ ҳанӯз ҳам ба ҷалби ҳаводорон аз тариқи интернет идома медиҳад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Шамсиддин Ҷаббор ба ҳамла дар Ню-Орлеанз муттаҳам шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00
XS
SM
MD
LG