Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шояд эълон сохта бошад, аммо баёнгари афзоиши миллатгароист"


Томск. Акс аз бойгонӣ
Томск. Акс аз бойгонӣ

Як намояндаи Донишгоҳи техникии Томск эълонеро, ки чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоии Русия ва гурӯҳҳои муҳоҷирони тоҷик паҳн шудааст, "кори душманона" ва беасос номид. Дар он эълон гуфта мешавад, ки донишгоҳ гуё дигар намехоҳад ҷавонони тоҷикро барои таҳсил қабул кунад.

"Мутаассифона, хабаре, ки шумо дар борааш мегӯед, тамоман дурӯғ аст. Донишгоҳ ба ин ҳеч пайванд надорад," – шарҳ дод намояндаи Донишгоҳи техникии Томск. Номи ӯ ба далели амниятӣ нашр намешавад.

Вай афзуд, бо вуҷуди ин, "фаҳмидан нашуд, ки вазъияти басо ногуворро барои мо кӣ ба вуҷуд овардааст. Мо онро ду бор рад кардем ва дар донишгоҳ навиштаҳои махсус гузоштем. Донишҷӯён фаҳмиданд, ки ин хабар рост нест."

Фарҳод Одинаев ҳоло дар Аврупост. Ӯ дар гузашта ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия машваратҳои ҳуқуқӣ медод ва бо вазъу мушкили муҳоҷирон аз наздик ошност.

Одинаев мегӯяд, "шояд ин эълон воқеан сохта бошад", аммо пайдо шуданаш баёнгари афзоиши миллатгароӣ ва бегонаситезӣ ҳатто дар мактабҳои олии Русия аст.

"Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина дар дохили Русия мушкилӣ зиёд шуд. Ҳукумат душвориҳои дохилии худро ба болои сари дигарон бор кард. Барои ҳама маълум аст, ки аз ҳама қишри осебпазир муҳоҷирон ҳастанд ва дар байни муҳоҷирон аз ҳама қишри осебпазир тоҷикон ҳастанд, мутаассифона," – шарҳ дод ӯ ба "Мигрант Медиа".

Навор дар Инстаграм:

Эълоне, ки намояндаи Донишгоҳи техникии Томск иғвогарона мешуморад, нигаронии мақомоти давлатии Русияро низ ба миён овардааст.

Як ҳафта пас аз паҳн шудани он Владимир Мазур, фармондори вилоят, эълом дошт, ки мақомоти Томск барои донишҷӯёни муҳоҷир тамоми шароитро фароҳам меоранд. Вай гуфт, ҳоло дар ДПТ 1700 донишҷӯ аз Узбекистон таҳсил мекунанд ва талош мешавад, шумораи донишҷӯёни хориҷӣ ду баробар зиёдтар шавад.

Мигрант.Ру менависад, донишгоҳҳои Русия ба чунин донишҷӯён ниёз доранд ва дар соли 2024 шумораи онҳо 15 дарсад афзуд. Дар ин миён шумораи донишҷӯён аз Тоҷикистон кам шудааст.

"Мо дар чанд соли охир дағалона, хеле шадидан рафтор кардани пулиси Русияро бо муҳоҷирони тоҷик, депортҳои дастаҷамъонаи шаҳрвандони Тоҷикистонро хеле зиёд мушоҳида кардем," – гуфт Фарҳод Одинаев.

Рейду тафтиши муҳоҷирон ба донишҷӯён ҳам рабт мегирад. Аз ҷумла, як сол пеш нерӯҳои ОМОН дар шаҳри Комсомоли лаби Амур даҳҳо донишҷӯйи тоҷикро латукӯб ва маҷрӯҳ карда буданд. Бо вуҷуди чунин шароити сахт, ҷавонон аз Тоҷикистон барои таҳсил ба донишгоҳҳои Русия ариза медиҳанд.

Фарҳод Одинаев мегӯяд, ин ҳол бе сабаб нест: "Чун дар Тоҷикистон ҷойи кор нест. Мушкилӣ зиёд аст. Ҳатто онҳое, ки бо квотаи давлатӣ меоянд, мехонанд, аксараш дар Русия мемонанд. Қисми камашон ба Тоҷикистон бармегарданд. Нафароне, ки дар ҳукумат хешу табор доранд ё шароит доранд, ки бо пул кадом вазифаеро харанд ва дар он ҷо монанду кор кунанд.”

Ба иттилои расмӣ, дар соли хониши 2023–2024 беш аз нуҳуним ҳазор нафар аз Тоҷикистон дар мактабҳои олии Русия қабул шудаанд. То моҳи январи имсол шумораи умумии донишҷӯёни тоҷик дар Русия 28 ҳазору 728 нафар ҳисоб шуда буд.

XS
SM
MD
LG