Ин фатво дар ҳолест, ки қонунҳои Русия бисёрҳамсариро манъ мекунад.
Шӯрои уламои исломии Идораи динии мусалмонони Русия рӯзи 18-уми декабр фатво додааст, ки мардони мусулмон бо иҷрои шартҳои шариати исломӣ метавонанд бо чор зан никоҳ кунанд.
Кодекси оилаи Русия бисёрҳамсариро манъ мекунад ва ба афроде, ки бо як нафар никоҳ доранд, ҳаққи издивоҷи дуюм намедиҳад.
Фатвои бисёрҳамсарӣ дар шароите содир шудааст, ки Русия ба мушкили демографӣ гирифтор аст ва сатҳи таваллуд дар ин кишвар коҳиш ёфтааст.
Илдар Алоуддинов, муфтии Маскав ба хабаргузории "РИА Новости"-и Русия гуфтааст, ки Шӯрои уламо ба хулосае омад, ки бар асоси шариати исломӣ фатвои доштани аз ду то чор зан барои мардони мусалмонро диҳад.
Ӯ гуфтааст, ба мардоне тавсияи доштани то чор зан дода шудааст, ки агар ҳамаи занҳоро баробар таъмин кунанд ва бо онҳо муносибати баробар дошта бошанд.
Бар асоси ин фатво бояд мард аз нигоҳи молиявӣ ҳама занҳоро баробар таъмин кунад, ба ҳар кадоми онҳо хонаи ҷудогона гирад ва бар асоси нақша бо онҳо баробар вақт гузаронад.
Ба гуфтаи ӯ, марде, ки ин шартҳоро иҷро намекунад, ба ӯ ҳаққи чандҳамсарӣ дода намешавад, вале агар занҳо худашон қабул кунанд, ки бе иҷрои ин шартҳо розианд, бо мард зиндагӣ кунанд, шариат нақз намешавад.
Дар ҳолати дигар, Шӯрои уламои Русия ба мардоне тавсияи чандҳамсарӣ додааст, ки ҳамсарашон ҳомила намешаванд ё мушкили саломатӣ доранду наметавонанд бо мард ҳамхоба шаванд. Ба марде ҳам, ки мехоҳад ба зани танҳо ва кӯдакони ӯ кӯмак кунад, чунин ҳақ дода шудааст.
Шурои уламои Русия тасдиқ кардааст, ки аксари ҳамсарони дуюм, ки никоҳи расмӣ надоранд, оянда метавонанд дар талаби ҳаққи худу фарзандонашон аз ҳамсар мушкили ҳуқуқӣ пайдо кунанд. Аз ин рӯ, Шӯро машварат додааст, ки пеш аз тасмими ҳамсари дуюм шудан бояд ҳама паҳлӯҳои зиндагии оянда дар назар гирифта шавад.
Ин фатворо ҷомеи Русия то куҷо қабул мекунад, маълум нест.
Мақомоти Русия низ онро шарҳ надодаанд.
Зимнан, мақомоти Русия талош доранд, ки таваллуди кӯдак дар ин кишвар бештар шавад ва аҳолиро ба бисёрфарзандӣ ташвиқ мекунанд.
Ҷанги Русия бо Украина мушкили демографӣ дар ин кишварро бештар кардааст, чун дар ин ҷанг садҳо ҳазор мард кушта ва захмӣ шудааст.
Гуфтугӯ