Дар робита бо ин рӯз коммунистҳои Русия ва ҷумҳуриҳои Шӯравии пешин маросимҳои ёдбуд баргузор карданд. Рӯзи сешанбе дар Майдони Сурхи Маскав раҳбарони Ҳизби Коммунисти Русия дар назди қабри Сталин гулчанбар гузоштанд.
Дар остонаи ин рӯз намояндагони мардумии шаҳри Волгоград дархост карда буданд, ки номи пешинаи ин шаҳр, яъне Сталинград баргардонида шавад, зеро ба ин шаҳр замоне унвони шаҳри қаҳрамони Сталинград дода буданд.
Вале таърихшиносони Русия ин корро ғайриимкон медонанд. Дар баробари ин, баъзе созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар, аз ҷумла “Мемориал” мегӯянд, ҳоло замоне фаро расидааст, ки қабри Сталин як ҷо бо қабр ё хокистари тамоми шахсиятҳои дигари даврони коммунистӣ, ки дар девори Кремл ё Майдони Сурх дафн шудаанд, ба ҷои дигар кӯчонда шавад.
Григорий Явлинский, поягузори ҳизби “Яблоко” дар тақвияти ин пешниҳодҳо гуфтааст, ки берун бурдани ҷасади Ленин ва дигарон аз гирду атрофи Кремл ба маънии хотима гузоштан ба давраи сталинизм хоҳад буд. Явлинский ҳамчунин тақозо кардааст, ки дар сисёсати Русия бояд ба унсурҳои сталинизм хотима бахшида шавад. Сталин баъд аз даргузашти Владимир Улянов ё Ленин аз соли 1924 то 5 марти соли 1953 раҳбарии Ҳизби Коммунист ва Иттиҳодии Шӯравиро бар ӯҳда дошт.
То ҳол коммунистҳо ва баъзе нирӯҳои тундрав пирӯзӣ дар Ҷанги дуҷми ҷаҳонро аз хизматҳои Сталин медонанд, дар ҳоле, ки таърихнигорон ба таъқиботи сталинӣ ишора мекунанд ва мегӯянд, ки дар солҳои ҳукмравоии вай 800 ҳазор нафар мадуми Шӯравӣ қурбони ин таъқибот шудаанд.
Дар охири солҳои 1930 миллионҳо нафар аз кори маҷбурии тоқатфарсо ва дар боздоштгоҳҳо, ки машҳуртарини онҳо маҷмӯаи маҳбасҳои Гулаг буд, ҷони худро аз даст доданд.
Хонум Анна Эпплбаум, яке аз муаллифони рӯзномаи “Вашингтон Пост” ва раҳбари барномаи Гузаришҳои ҷаҳонӣ дар пажуҳишгоҳи Легатум дар китобе он давраро ёдоварӣ кардааст. Анна Эпплбам соли 2004 зери унвони “Гулаг: Таърих ва солҳои ахири пардаи оҳанин” китобе низ ба нашр расондааст.
Вай ба суоли радиои Озодӣ дар бораи баъзе иддаоҳо, ки гӯё Сталин раҳбари хубе будааст, ҷангро бурдааст ва кишварро қавӣ кардааст, чунин посух дод: “Не, ман ба ин гуфтаҳо воқеан мухолифам. Шумо бояд ба делелҳои зидди он нигоҳ кунед. Агар Русия роҳи дигари рушдро пеш мегирифт, ҳоло чӣ кишваре буд? Зиндагии миллионҳо нафар истеъдодҳо, олимон дар боздоштгоҳҳо ё урдугоҳҳои кори ғуломӣ барбод намерафт. Ҳамаи он физикдононе, ки ба Магадан фиристода шуданд, то дар конҳои ангишт кор кунанд, шояд дар пешрафт саҳм мегирифтанд. Шояд ҳоло одамон беҳтар зиндагӣ мекарданд. Ҳоло зербинои беҳтаре дар ихтиёрашон қарор мегирифт”.
Пас чаро ҳатто ононе, ки мисли Владимир Путин, Сталинро чун раҳбари хуб таъриф мекунанд, дар бораи давраи сталинизм ҳарфи хубе ба забон намеоранд ё хостори бозгашти сталинизм нестанд? Хонум Эпплебам гуфт, бовар надорад, ки касе дар шароити кунунӣ хостори зинда кардани низоме бошад, ки Сталин барқарор карда буд. “Албатта, ин низом дар баъзе ҷойҳо дар шакле вуҷуд дорад. Масалан, ман гуфта метавонам, ки дар Кореяи Шимолӣ низоми комилан сталинӣ ҳукмрон аст. Вале дар ҳарфҳои Путин сталинизм дида намешавад. Вай мехоҳад ба марҳилаҳои ба истилоҳ “сурх”-и давраи Шӯравӣ таваҷҷуҳро ҷалб кунад ва русҳоро аз паси худ бибарад”, гуфт ӯ.