Ин имкониятро як гурӯҳ аз фейсбукиёни ҷавони тоҷик барои ҳамзабононашон пешниҳод кардаанд. Барои нахустин бор дӯстдорони забони тоҷикӣ дар Интернет барномаи ирсоли пайғомҳои сареъ (зуд)-ро ба тоҷикӣ тарҷума карда, мавриди истифодаи ройгон қарор додаанд.
Барномаи Скайп, ки ба истифодабаранда имкони хуби дидану шунидани ҳамсӯҳбати худро пешниҳод мекунад, имрӯз дар Тоҷикистон ҳам маъруфияти зиёде дорад. Он ба вижа масофаҳои дури миёни муҳоҷирони тоҷик ва хонаводаҳои онҳоро наздик кардааст. Онҳо бо истифода аз ин барнома бо наздикони худ тамоси телефонӣ ё видеоӣ гирифта, аз ҳолу аҳволи ҳамдигар огоҳ мешаванд.
Аммо оё скайпи тоҷикӣ ҳам имкониятҳои скайпи аслиро метавонад ба истифодабаранда пешниҳод кунад? Ба ин ва чанд суоли дигари Радиои Озодӣ Абдулфаттоҳ Шафиев, яке аз ташаббускорон ва тарҷумонҳои барномаи маъруфи пайғомҳои сареъ ё Скайп, ҷавоб гуфт: "Барномаи мо тарҷумаи вожаву истилоҳҳои Скайп ба тоҷикӣ аст. То имрӯз скайп ба чандин забонҳо, аз ҷумла бо забони русӣ, узбакӣ тарҷума шудааст. Аммо тавре медонем, забони русиро низ на ҳама балад ҳастанд ва доштани барнома бо забони тоҷикӣ барои баъзеҳо шояд роҳаттар бошад. Мо ҳам ба ҳамин хотир тасмим гирифтем ин барномаро ба тоҷикӣ тарҷума кунем ва тарҷумаи аввал ҳам, метавон гуфт, бад набаромад."
Озодӣ: Оё ин барнома дар Интернет аллакай истифодабаранда дорад? Ин иқдоми Шумо аз сӯи корбарони интернети тоҷикӣ чигуна қабул шуд?
Шафиев: "Ман тариқи Фейсбук ба дӯстонам эълон гузоштам ва ҳар касе мехоҳад метавонад онро бепул бигирад. Аллакай чандин нафар хоҳиш карданд, ки ин барномаро барояшон фиристам. Шахсан ман худам ҳам дар хона ва ҳам кор аз скайпи тоҷикӣ истифода мекунам."
Озодӣ: Ғолибан корбарони Интернет аз забони барномаву сомонаҳои ба тоҷикӣ баргардонидашуда эрод мегиранд, ки чандон барояшон фаҳмо нест. Забони барномаи Шумо чӣ гуна баҳо дода мешавад?
Шафиев: "Бояд гуфт, онҳое, ки ба тарҷумаи ин барнома ҷалб шуда буданд, донандаи нисбатан хуби ҳам забон ва ҳам фанновариҳои навинанд. Дар гурӯҳи забони форсӣ ин барнома барои баррасии умум ҳам гузошта шуда буд. Умедворем, дӯстон назари худро дар ин маврид иброз доранд ва дар оянда тавонем боз баъзе аз вожаву истилоҳоти ин барномаро боз ҳам такмил диҳему беҳтар кунем. Аслан чунин аст, ки як нафар вақте як барномаеро бо забони англисӣ ё русӣ дар роёнааш насб мекунад, барояш як муддате лозим аст, ки бо он вожаву истилоҳот ошноӣ пайдо кунад. Дар мавриди барномаҳо бо забони тоҷикӣ низ каме фурсат лозим аст, то он вожаҳо бегонагии худро барои истифодабаранда аз даст диҳанд."
Озодӣ: То имрӯз ҷавонҳои зиёде талоши баргардондани сомонаву барномаҳои комютерӣ ё интернетиро мекарданд, аммо тавре мушоҳида мешуд, ин ташаббуси онҳо чандон маъруфу муваффақ намешуд. Сабаб чист, шояд ин иқдом хуб тарғибу муаррифӣ намешаванд ё чизи дигар?
Шафиев: "Намедонам, то куҷо скайпи тоҷикии мо маъруфият пайдо мекунад, аммо дар маҷмӯъ, дар бораи номуваффақ будани тарҳҳои тоҷикӣ дар интернет, фикр мекунам, воқеан, як сабаб кам будани тарғибот аст ва аз сӯи дигар мардум ба забонҳои русӣ ва англисии барномаҳои роёнаҳову рӯзону (ноутбук)-ҳои худ одат кардаанд ва доштани барнома бо забони тоҷикӣ барояшон каме аҷиб мерасад. Вале баъд аз як муддат ҳатман назари онҳо тағйир хоҳад ёфт. Барои мисол, шахсан барои худи ман хеле ҷолиб буд, вақте тариқи скайп ба дӯстонам занг мезадам ва дар скайп навиштаеро медидем, ки мегуфт "посух намедиҳад".
Озодӣ: Аслан далели ин баргардониҳо чист, хидмат ба забони тоҷикӣ, ё ин тарҳҳо сармояву даромаде дорад?
Шафиев: "Баргардонии скайп бо забони тоҷикӣ ҳеҷ даромаде надорад ва мутарҷимон ҳам ягон манфиати молие аз ин намебинанд. Танҳо ҳадаф тоҷикӣ кардани скайп буд, мо мехостем, забони тоҷикӣ ҳам ҳарчӣ бештар дар Интернет роиҷ ва вориди фанновариҳои навин гардад. Имрӯз интернет ҳарчӣ бештар дастраси мардуми одӣ шуда истодааст. Мардуме, ки забони русиро хуб балад нестанд ё англисиро намедонанд ва бинобар ин ниёз ба барномаҳо бо забони тоҷикӣ ҳам бештар мегардад. Бо истифода аз фурсат мехоҳам ба ҳамаи онҳое, ки дар тарҷумаи скайп даст доштанд, сипос гӯям."