Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ҳамқадами шоҳони Халиҷи Форс аст?


“Ҳаёти ғуломи порузан” дар бораи зиндагии бокарруфарри Владимир Путин ҳикоят мекунад.

Дар як гузориши наве, ки мухолифини ҳукумати Русия ба табъ расондаанд, президенти Русия Владимир Путин бо он муттаҳам мешавад, ки тарзи ҳаёти шабеҳи шоҳони кишварҳои Халиҷи Форс ва ё олигархҳои ҳангоматалабро ихтиёр намудааст. Гузориши мухолифин бо номи нешдори “Ҳаёти ғуломи порузан” (“Жизнь раба на галерах”) рӯзи сешанбе интишор шуд. Ба ин восита муаллифон суханони президент Путинро такрор кардаанд, ки боре ҳаёти президенти кишварро ба ҳаёти ғуломи порузан, яъне ғуломе, ки дар асрҳои миёна пору ё худ бел зада киштиро ба ҳаракат медаровард, монанд карда буд.

Раҳбарони ҷунбиши “Солидарност” ё худ “Ҳамбастагӣ” Борис Немтсов ва Леонид Мартинюк бо таҳияи ин гузориш нишон додаанд, ки дар давоми 12 соли раҳбарии Путин имтиёзҳои президенти ин кишвар ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтаанд.

Дар гузориш таъкид шудааст, ки президенти Русия камаш 20 қаср, даҳҳо ҳавопаймову мошини гаронбаҳо ва дигар имтиёзҳои шоҳона дораду маҳз ҳамин ҳаёти саршор аз имтиёз боис шудааст, ки Путин курсии раёсатҷумҳуриро муҳосира кунад. Дар гузориш акси касрҳо, ҳавопаймоҳо ва киштиву мошинҳои президенти Русия ҷой дода шудааст.

Дар расми муаррифии гузориш, ки рӯзи сешанбе дар Маскав баргузор шуд, Немтсов гуфт:

Ман мувофиқ нестам, ки барои рӯзгузаронии бокарруфарри як нафар чунин маблағи бузург масраф шавад. Ба ақидаи ман барои як кишвари камбағал ин бадахлоқона, ҷиноӣ ва ғайри қобили қабул аст”.

Муаллифон хотирнишон мекунанд, ки дар солҳои ҳукмронии Путин шумораи қарогоҳҳои раёсатҷумҳурии Русия 11 адад бештар шуда, ба 20 қасру кушк баробар шудааст. Аз ҷумла таъкид мешавад, ки барои барқарор намудани як қасри даврони шоҳони Русия дар канори Санкт-Петербург даҳҳо миллион доллар масраф шудааст.

Муаллифони гузориш мегӯянд, Путин 43 ҳавопаймо, 15 чархбол, чор киштӣ ва даҳҳо мошини гаронбаҳо дар ихтиёр дорад, ки нархи танҳо як ҳавопаймояш аз як миллиард доллар бештар аст.

Дар идомаи гузориш ёдрас мешавад, ки президент Путин 11 соати дастӣ дорад, ки нархи бозории он ба камаш 687 ҳазор доллари амрикоӣ, яъне маоши шашсолаи президенти Русия баробар аст.

Маҷмӯаи соатҳои дастии Путин ба 22 миллион рубли русӣ, яъне маоши шашсолаи ӯ баробар аст. Чӣ гуна як шахсе, ки солона 3 миллиону шашсад ҳазор рубл маош дорад, чунин коллексияи соатҳоро ба даст овардааст. Ба ақидаи мо, ин ҷо фасод ба чашм мехӯрад. Ё ӯ, масалан, ба маблағи 500 ҳазор рубл соате ҳамчун тӯҳфа мегираду онро дар ҷое зикр намекунад, ки ин ҳол порахӯрӣ аст ва ё ин, ки даромади ӯ бо эъломияи пешниҳодкардааш мутобиқ нест”.

То ҳанӯз вокуниши Кремл ба ин гузориш нашр нашудааст, вале нашрияи “Коммерсант”-и Маскав аз сухангӯи президенти Путин Дмитрий Песков иқтибос овардааст, ки президенти кишвар манзил, ҳавопаймоҳову мошин ва дигар амволи муқарршударо бар пояи қонун истифода мебарад.

Сухангӯи созмони “Солидарност” Олга Шорина мегӯяд, гузориши “Ҳаёти ғуломи порузан” дар Русия ба табъ расидааст, вале бисёре аз нашрияҳо аз қассоси Кремл тарсида, аз нашри он худдорӣ карданд. Ӯ афзуд, феълан фақат 5 ҳазор нусха аз ин гузориш табъ расидааст, вале муаллифон бовар доранд, ки тавассути интернет шумори хонандагони он ба маротиб бештар хоҳад буд.



XS
SM
MD
LG