Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ хостори таҳқиқи "тирандозӣ" ба паноҳҷӯёни афғон дар марзи Эрон шуд


Дафтари Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон дар пайи нашри гузоришҳои зиддунақиз аз кушта ва захмӣ шудани шуморе аз паноҳандагони Афғонистон дар наздикии марзи Саровони Эрон, хостори таҳқиқ дар ин бора шуд.

Ин ниҳод рӯзи панҷшанбеи 17-уми октябр ба ҳуқуқи паноҳандагон ва паноҳҷӯён дар қонунҳои байналмилалӣ таъкид кард ва дар шабакаи Х навишт, "Дафтари намояндагии СММ хостори таҳқиқоти комил ва шаффоф дар мавриди ин ҳодисаи мавриди иддао аст".

Созмони ҳуқуқи башари "Ҳолваш" гузориш дод, ки бар асари тирандозии нерӯҳои интизомии Эрон дар шоми якшанбеи 13-уми октябр, беш аз 200 шаҳрванди Афғонистон кушта шуданд ва аз миёни шаҳрвандони Афғонистон, ки нияти ворид шудан ба Эронро доштанд, танҳо 60 то 70 тан зинда монданд.

Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ наметавонад ба таври мустақилона ин гузоришҳоро тасдиқ кунад. Танҳо бархе шоҳидони айнӣ дар ин маврид изҳори назар кардаанд.

Аз сӯи дигар, дафтари сухангӯи ҳукумати Толибон рӯзи 17-уми октябр дар шабакаи Х эълон кард, "ҳайате баландпоя" ба раёсати Муҳаммадиброҳим Садр, муовини амниятии Вазорати корҳои дохилии ҳукумати Толибон дар ин бора таҳқиқот анҷом хоҳад дод.

Ин дафтар навишт, ҳайат кори худро аз рӯзи чаҳоршанбе оғоз кардааст, то "ҳарчӣ зудтар мавзуъ рӯшан шавад" ва гузориши худро ба раиси вазирони ин ҳукумат Муҳаммад Ҳасан Охунд, пешниҳод намояд.

Муъин Арҷманд, аз фаъолони балуч дар Бритониё, рӯзи чаҳоршанбеи 16-уми октябр ба Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ гуфтааст, ин ҳодиса дар минтақаи Калагони Балучистони Эрон рух дода, боиси кушта шудани як шаҳрванди Афғонистон шуд.

Ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони Афғонистон дар ин ҳодиса на танҳо бар асари тирандозии марзбонон, ҳамчунин бар асари таркиши минаҳо ҳам кушта ва захмӣ шуданд.

Ӯ гуфтааст, фаъолони балуч аз "як кушта ва даҳҳо захмӣ" бар асари ин ҳодиса хабар додаанд.

Бахши афғонистонии Радиои Аврупои Озодӣ Радиои Озодӣ рузи чаҳоршанбе ба нақл аз манобеъ дар Сафорати ҳукумати Толибон дар Теҳрон, тирандозии нерӯҳои эронӣ ба муҳоҷирони афғонро тасдиқ кард, аммо гуфт, мақомҳои Эрон онро инкор кардаанд.

Фармондеҳи марзбонии вилояти Систон ва Балучистон низ тирандозии маъмурони эронӣ ба шаҳрвандони Афғонистонро "ба шиддат" рад кардааст.

Дар моҳҳҳои ахир мақомоти эронӣ ба бозгардонидани "шаҳрвандони ғайриқонунӣ"-и Афғонистон ба кишварашон таъкид мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG