Сокинони баъзе аз деҳаҳоро дар Рашту Тоҷикобод, ки дар заминларзаи рӯзи 13-уми апрел зарар дидаанд, ба маконҳои амн мекӯчонанд. Шодмон Ғиёсов, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Рашт, ба Радиои Озодӣ гуфт, инҳо деҳаҳое ҳастанд, ки дар гузашта низ борҳо аз заминларза осеб дидаанд, вале номи мушаххасеро ба забон наовард.
"Маслиҳат шуд, 2-3 деҳае, ки панҷ-даҳ хоҷагӣ доранду аз маркази ноҳия дур ҷойгиранд ва чанд бор шуд аз заминҷунбӣ зарар мебинанд, ҳамонҳоро бикӯчонанд," -- гуфт Шодмон Ғиёсов рӯзи 14-уми апрел.
Ин тасмим дар пайи ҷаласаи Ситоди фавқулода бо раҳбарии муовини сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода гирифта шудааст. Ҳамчунин Ситод қарор кардааст, ки осеби заминларзаҳои 13-уми апрел бояд то нимрӯзи 15-уми апрел муайян карда шавад. Пас аз муайян шудани мизони зарар расонидани ёриҳо барои бартараф кардани пайомадҳои фалокат оғоз мешавад.
"Ҳозир ба хонаводаҳое, ки хайма лозим аст, бо хайма таъмин карда истодаем. Деҳаҳое, ки зарар надидаанд, ба зарардидагон хӯроки гарм тақсим мекунанд. Мардуми беҷошударо дар хаймаҳо ва хонаҳои зарарнодида ҷобаҷо кардаем. Аз ҳисоби ҳукумат низ хӯрокиҳову ёрдам омада аст, ин бегоҳ ё пагоҳ тақсим мекунанд," -- мегӯяд сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Рашт.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Дар пайи ҳодиса як кӯдаки сесола Абдуғанӣ Машрабов, сокини деҳаи Уштурпасти ноҳияи Рашт, зери девори хона монда ҷон бохтааст. Муовини сарвазир ҳамроҳ бо масъулони ҳолатҳои фавқулода ба хонаводаи ин осебдида рафта, изҳори ҳамдардӣ кардаанд.
Бар асоси маълумоти пешакӣ, ки Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон нашр кард, дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хона пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 манзили дигар осеби сабук расидааст. Ҳамчунин 3 мактаб ва наздики 200 иншооти гуногуни дигар, ки чойхонаву фароғатгоҳ ва як бунгоҳи тиббӣ шомили он мешаванд, зарар дидаанд. Бо вуҷуди ин, мансабдорони минтақа мегӯянд, ба донишомӯзони мактабҳо мушкилии идомаи таҳсил пеш нахоҳад омад.
Қадриддин Фақерзода, раиси ноҳияи Тоҷикобод, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло мардуми зарардида ба ёриҳои фаврӣ ниёз надоранд, вале "комиссияи ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ кор хисоротро маълум мекунанд ва ёриҳо низ муайян мешавад".
Ба иттилои манбаъ, аз заминларзаи рӯзи 13-уми апрел аз ҳама бештар деҳаҳои Уштурпаст, Махсумов, Аскалун, Сафедтундак, Гулханӣ, Кул ва Хулаки ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод зарар дидаанд.
Рӯзи 13-уми апрел дар маркази ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм ҷашни наврӯзӣ низ баргузор шудааст ва як видеое, ки дар шабакаҳои маҷозӣ нашр шудааст, замони вуқӯи заминҷунбӣ дар макони ҷашни наврӯзиро нишон медиҳад, ки мардум ба таҳлука афтодаанд.
Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамзамон аз вуқӯи се пасларза дар қаламрави Тоҷикистон дар рӯзи 13-уми апрел хабар дод, ки маркази ҳамаи онҳо минтақаи Рашт будааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, қувваи заминларза дар марказ 5-6 ва дар шаҳри Душанбе 3 балро ташкил дод.
Минтақаи Рашт дар гузашта ҳам шоҳиди заминларзаҳои сахте шуда, соли 2020-2021 бар асари зилзила панҷ сокини Тоҷикобод ба ҳалокат расида, наздик ба шаст хона дар чаҳор деҳаи ин ноҳия осеб диданд.
Заминҷунбиҳо дар ин минтақа фоҷиаи 10-уми июли соли 1949-ро ёдрас карданд, ки чун зилзилаи Ҳоит маъруф буда, сабаби марги 32 ҳазор нафар гашта буд. Аз он вақт бунёди манзил дар ин ҷо талаботи хос дорад, ки на ҳамеша риоят мешавад.