Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"14-сола аст, вале ба ӯ банг дода, ба танфурӯшӣ маҷбур кардаанд"


Ғуломии шаҳвонӣ, латукӯб ва маҷбур кардан ба нашъамандӣ. Олтинойи 14-сола дар Қирғизистон чанд моҳ дар дасти даллаҳо чунин вазъ дошт. Ӯ дертар тавонист, аз дасти ин гурӯҳ гурезад, вале кӯшиши наздиконаш барои ба ҷавогарӣ кашидани онҳо ҳанӯз натиҷа надодааст. Яке аз гумонбарон бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ озод шуд. Ҳуқуқшиносон талош доранд, ки парванда бознигарӣ шавад. Хабарнигори “Настояшее Время” бо хонаводаи духтари ҷабрдида сӯҳбат кард.

Чаро Олтиной аз хона фирор кард?

“Вай 14-сола аст ва инро ба даллаҳо низ гуфтаааст. Бо вуҷуди ин, ӯро фурӯхтанд. Ба ӯ банг дода, ба танфурӯшӣ маҷбур кардаанд,” – нақл кард Динора, модари Олтинойи чордаҳсола.

Тақрибан соле пеш Динора бо оилааш ба як гӯшаи дигари Бишкек, пойтахти Қирғизистон, кӯчид. Дар онҷо, Олтиной бо духтарони аз худ даҳ сол калонтар шинос шуд. Духтар ба ҳомиёни ҳуқуқ нақл кардааст, ки дар ҷойи нав эҳсоси танҳоӣ дошт ва дугонаи нав ӯро дастгириву ғамхорӣ мекард. Рӯзе Олтиной аз хона фирор кард.

Динора, модари Олтиной, гуфт: “Духтарам танҳо монд ва бо ин духтарҳои далла шинос шуд ва яке аз онҳо, Айка, гуё гуфтааст, ман милисаҳои шинос дорам ва туро таъмину нигоҳубин мекунам. Ҳамин тавр, ӯ духтарро ба хонаи худ бурд. Пас аз 5-6 рӯз ба духтарам гуфтааст, ту 20 ҳазор сом қарздор шудӣ ва бояд барои гардондани қарз кор кунӣ. Ӯ ба фурӯши духтар шуруъ кард.”

Ба нақли модари Олтиной, духтари ӯро дар хонае зери назорати муҳофиз нигоҳубин ва бо таҳдид ба танфурӯшӣ маҷбур кардаанд. Наврас чанд бор қасди фирор кардааст, вале даллаҳо барои саркашӣ накардан ба ӯ маҷбурӣ нашъа додаанд.

“Пулро худи онҳо мегирифтанд. Ӯро ба муштариёни гуногун мефурӯхтанд. Мизоҷонро ҳам зорӣ карда, гуфтааст, ки 14-сола аст. Аз онҳо кӯмак хостааст. Муштариён розӣ намешуданд,” – афзуд модари ҷабрдида.

Волидон дар ҷустуҷӯи духтар ба милиса муроҷиат карданд. Пас аз чанд моҳ тасодуфан Олтинойро ёфтанд. Вай аз ин ҳама хаста шуда, аз кор саркашӣ мекунад ва зери зарбу лат қарор мегирад.

Динора достонро ин гуна нақл кард: “Вай ба онҳо гуфтааст, аз ошёнаи 6-ум худро мепартояд. Ҷанҷол кардааст, ҳамсояҳо шунида, милисаро даъват кардаанд. Ӯро латукӯб карда, ба ҷигару гурдааш задаанд. Вақте дод мезанад, таҳпӯши ифлосро ба даҳонаш меандозанд. Бо омадани милисаҳо духтарон гурехтанд. Вақте духтари ман ҳамаашро нақл кард, онҳоро боздошт намуданд.”

"Ба духтар нашъа дода, ӯро ба фаҳшо маҷбур карданд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:21 0:00

"Ин кори як гурӯҳи созмонёфта аст"

Олтиной из оилаи серфарзанд аст. Модараш намедонист, ки ҳақ доранд, вакили дифоъ бигиранд. Боздоштшудаҳо вакил доштанд, вале ба ҷабрдидаҳо дар шуъбаи милиса гуфтаанд, ба адвокат зарурат надоранд, чун онҳоро муфаттиш ва додситон ҳимоя мекунанд.

Оилаи духтар танҳо баъд аз як муддат ба ҳомиёни ҳуқуқ муроҷиат кардаанд ва маълум шуд, ки қонуншикании зиёде сурат гирифтааст. Масалан, касе аз пайи ҷустуҷӯ ва боздошти аъзои дигари гурӯҳ нашудааст.

Бегайим Ҷамолбекова, ҳомии ҳуқуқ аз Бунёди Oasis, гуфт: “Ин тавр нест, ки як ё ду нафар ба истисмори духтарони ноболиғ машғул шаванд. Ин кори як гурӯҳи созмонёфта аст, ки муҳофизу ронандаи худро доранд. Нашъаҷаллоб доранд, ки маводи мухаддир дастрас мекунад. Нафаре ҳаст, ки ба ҷалби духтарон ва каси дигар ба фурӯши онҳо вобаста шудааст. Яъне, ин ба таври занҷираӣ сурат мегирад.”

Ба таъкиди наздикони Олтиной ва ҳомиёни ҳуқуқ, духтар ҳангоми ташхис дар ҳолати бади равонӣ ва ҷисмонӣ қарор дошт. Таъсири маводи мухаддир пурра нарафта буд. Гумонбарон гуфтаанд, ки аз синни Олтиной хабар надоштанд ва парвандаи онҳо бо моддаи сабуктар иваз карда шуд. Дертар парванда ба ду бахш тақсим шуд. Ин ба онҳо имкон дод, ки аз зиндонӣ шудан халос шаванд. Яке аз духтарон ҳоло дар озодӣ аст. Додгоҳ ӯро 100 ҳазор сом ҷарима кард.

Марям Осмоналиева, раиси Бунёди Oasis, мегӯяд, “чунин тасаввур мешавад, ки низоми додгоҳӣ дар мурофиаҳои ҷиноятӣ гунаҳкоронро бештар аз кӯдакони ҷабрдида ҳимоят мекунад. Вақтҳои охир дар аксар парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба истисмори шаҳвонӣ ҷинояткорон ё бо ҷарима ё шартан озод мешаванд. Яъне, вақте расидааст, ки мо бояд бонги изтироб занем.”

Қарори додгоҳ Олтинойро нигарон кард. Баъд аз эълони ҳукм вай аз хона гурехт. Волидон ва милисаҳо ӯро мекобанд. Наврас ба ёрии равонӣ ва пизишкӣ ниёз дорад. Маводи мухаддир ба сараш осеб расондааст ва ӯ гирифтори бемориҳои венерикӣ ҳам ҳаст. Наздикон ва ҳомиёни ҳуқуқ метарсанд, ки ҷинояткорон ӯро зудтар пайдо мекунанд.

Динора, модари Олтиной, мегӯяд, “чанд бор хост, ки худкушӣ кунад. Ман ҳам дар ҳолати рӯҳафтодагӣ қарор дорам. Хобам намебарад, мехоҳам гиря кунам. Агар онҳо ба озодӣ бароянд, метавонанд, бо кӯдакони дигар ҳам айнан мисли духтари ман рафтор кунанд.”

Ҳоло Бунёди Оазис талош дорад, то ба нафари дувум дар қазияи Олтиной, ки дар боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО аст, ҷазои одилона дода шавад. Ҳамчунин талаб дорад, ки ширкатдорони дигари ин қазия ҳам ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

XS
SM
MD
LG