Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли 2024 риояи ҳуқуқи мардум дар Тоҷикистон беҳтар шуд ё бадтар?


Ҳомиёни ҳуқуқ манъи пӯшидани "либоси ба фарҳанги миллӣ бегона"-ро як далели бадтар шудани озодиҳо дар Тоҷикистон гуфтанд
Ҳомиёни ҳуқуқ манъи пӯшидани "либоси ба фарҳанги миллӣ бегона"-ро як далели бадтар шудани озодиҳо дар Тоҷикистон гуфтанд

Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон мегӯяд, соли 2024 вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон “рӯ ба беҳбудӣ” ниҳод. Ӯ дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбариаш арзёбии созмонҳои байналмилалӣ аз бадтар шудани ҳуқуқи инсон дар кишварро бепоя хонд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар рӯзи 16-уми январ дар гузориши солонааш овард, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар як соли ахир дар Тоҷикистон бадтар шудааст.

"Онҳо бештари чизро аз сарчашмаҳои беэътимод мегиранд. Як вақт арзёбии котиботи давлатии ИМА-ро гирифта будам, вокуниш ҳам кардам. Дар мавриди ваколатдор ҳам гуфта буданд, ки фаъолияташон ин хел аст, он хел аст. Ҳоло он ки дар ҳамон маврид иттилое, ки онҳо доштанд тамоман хато буд. Ҳамин гузоришгари ҳуқуқи башар ҳам ҳамин хел аст. Гузориш асос надорад, албатта. Лекин дар маҷмӯъ бадтар гуфтан, фикр мекунам ин хато аст,"-мегӯяд Бобозода.

Ҳю Виллиамсон, раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Дидбони Ҳуқуқи Башар баъди нашри ин гузориш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки «вазъи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар, воқеан, бад аст». Ба гуфтаи ин мақоми Human Rights Watch “дар тобистони соли 2024 сиёсатмадорони амалкунанда ва пешин бо иттиҳомҳои собитношуда дастгиру ҳабс шуданд. Бино ба гузориши солонаи мо, дастикам 8 рӯзноманигор ҳамоно дар зиндон ҳастанд. Саркӯби созмонҳои иҷтимоӣ давом дорад. Соли 2023 теъдоди хеле зиёди созмонҳои ғайридавлатӣ баста шуд ва ин раванд дар соли 2024 идома ёфт».

Аммо Омбудсмени тоҷик бо номбар кардани чанд санад азҷумла, қонун дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз мегӯяд, вазъи ҳуқуқи башар дар қиёс ба кишварҳои дигари минтақа «хеле беҳтар» аст.

Аммо Фарҳод Одинаев, ҳуқуқшинос ва фаъоли тоҷики муқими Аврупо бо ном бурдани мавридҳои боздошту зиндонӣ кардани хабарнигорон ва чеҳраҳои сиёсӣ иддаои омбудсмени Тоҷикистонро ғайривоқеӣ медонад.

«Пештар мухолифини ҳукумат, хабарнигорони мустақилро зиндонӣ мекарданд. Вале ҳамин парвандаи Аҳмади Иброҳим нишон дод, ки дигар дар Тоҷикистон хабарнигороне, ки ҳатто тарафдори ҳукуматанду дар ҷойе кадом як ниҳоди ҳукуматро танқид кунанд, зиндонӣ мешаванд. Яъне, куллан дар Тоҷикистон ҳуқуқи инсон риоят намешавад»,-мегӯяд Одинаев.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Омбудсмен гуфт, риояти ҳуқуқи мардум дар Тоҷикистон беҳтар шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Тоҷикистон дар соли 2024 барои боздошту зиндони шудани рӯзноманигороне чун Аҳмади Иброҳим, Рухшона Ҳакимова, даҳҳо тан чеҳраи сиёсӣ вашинохта, қонунан мамнуъ эълони шудани овардан, фурӯш ва пӯшидани "либоси ба фарҳанги миллӣ бегона" барои занон аз сӯйи созмонҳои зиёд ва бархе кишварҳо мавриди интиқоди сахт қарор гирифт.

Дидбони Ҳуқуқи Башар саркӯби дигарандешон, боздошти хабарнигорону шахсиятҳои шинохта, кӯшиши мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди намояндагони мухолифон аз хориҷро далелҳои барои бадтар донистани вазъи ҳуқуқи башар донистааст.

Нопадидшавии Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов – раҳбарони "Гурӯҳи 24" – дар Туркия ва зиндонӣ шудани онҳо дар Тоҷикистон, идомаи таъқиби фаъолони ВМКБ, боздошту ҳабси 27 сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ, таъқиби рӯзноманигор Анора Саркорова, зиндонӣ шудани муаллиф, муҳаррир ва масъули нашри китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро Дидбони Ҳуқуқи Башар аз мавридҳои дигари барҷастаи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баршумурдааст.

XS
SM
MD
LG