Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шамсиддин Мирзоев: "Гапи президентро ҳам намегиранд" (ВИДЕО)


 Шамсиддин Мирзоев
Шамсиддин Мирзоев

Дар Тоҷикистон бисёре аз сокинон муроҷиат ба раиси ҷумҳурро ягона роҳи ҳалли мушкили худ ва ниҳояти кор медонанд, аммо Шамсиддин мегӯяд, дар мавриди ӯ ҳатто амри раисиҷумҳур иҷро нашуд.

Дар Тоҷикистон бисёриҳои мутмаинанд, ки агар арзи онҳо ба самъи раисиҷумҳур бирасад, ӯ ҳатман ҳақро ба ҳақдор мерасонад. Аммо Шамсиддин, ки ятим ба воя расида ва дар мавриди пайдо кардани сарпаноҳ, яъне хона арзашро ба худи Эмомалӣ Раҳмон расондааст, мегӯяд, мақомот дар мавриди ӯ ҳатто амри раисиҷумҳурро иҷро накарданд.

Чеҳраи Шамсиддин Мирзоев барои бисёриҳо, аз ҷумла ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев, ошност. Шамсиддин Мирзоев мегӯяд, чанд маротиба ба раиси шаҳри Душанбе ва дастгоҳи раиси ҷумҳур барои ҳалли мушкили худ муроҷиат кардааст. Ҳатто дар вохӯрие дар мазҳари омм, ки дар телевизион мустақиман пахш шуд, арзи худро ба президент расондааст ва раиси ҷумҳур ҳам барои ҳалли ин мушкили Шамсиддин ба масъулон супориш додаст. Аммо то ба ҳол, меафзояд Шамсиддин, касе нест, ки ҳатто супориши президентро иҷро ва мушкили вайро ҳал кунад.

Шамсиддин Мирзоев мегӯяд, бори аввал моҳи августи соли 2010 ба раиси шаҳри Душанбе барои гирифтани манзили зист муроҷиат кардааст. Аммо дарёфт накардани ҷавоби мусбат аз шаҳрдорӣ Шамсиддинро ба назди президент бурд ва ин буд, ки «қиссаи Шамсиддин» то чанд муддат сари забони омму хос буд.

Шамсиддин Мирзоев, ҳоло донишҷӯи курси чоруми факултаи физикаи Донишгоҳи миллӣ аст. Вай дар яксолагӣ аз падар ятим монда бо сабаби бемории модар дар хона-интернати шаҳри Душанбе ба воя расидааст. Баъд аз хатми мактаби миёна ӯро ба факултаи физикаи Донишгоҳи миллӣ дохил карданд. Шамсиддин 4 сол боз дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ дорад ва соли оянда баъд аз хатми донишгоҳ намедонад, дар куҷо барои худ сарпаноҳ меёбад, чунки манзили зист надорад ва ягона модараш ҳам дарбадар асту дар Ёвон дар хонаи наздиконаш зиндагӣ мекунад.
Шикояти Шамсиддин Мирзоев ва модараш аз беманзилӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00

Маҳз мушкили беманзилӣ буд ки Шамсиддинро, ба ғайр аз мактубҳое, ки ба президенту дастгоҳи ӯ менависад, ба мулоқоти раисиҷумҳур ҳам роҳ ёфт ва худи расидани ӯ то минбар ва сӯҳбаташ бо президент қиссае хеле ғайриоддист.

Бо либоси "иҷора" ба мулоқоти президент

Якуми сентябри соли 2010, ҳангоми вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо устодону донишҷӯён дар Донишгоҳи миллӣ банохост нафаре берун аз рӯйхати протокол аз ҷо бархосту кӯшиш кард, суханашро дар рӯ ба рӯ бо президент гӯяд. Баъд аз баромади чанд нафар, ки бо шеъру мадҳия раиси ҷумҳурро "Хуш омадед!" гуфтанд, суханони ин ҷавон якбора таваҷҷӯҳи ҳамаро ба худ ҷалб кард, хусусан кормандони интизомӣ ва амниятиро. Кормандони амниятӣ якбора ба ӯ дарафтоданд ва кӯшиш карданд, то ки ӯ ба назди баландгӯяк нарасад. Ин ҷавон ҳамин қаҳрамони мо Шамсиддин буд.

Аммо президент, ки ҳамагӣ чанд метр дуртар аз вай қарор дошт, гуфт, ки бигзор ин ҷавон сухан кунад. Ниҳоят Шамсиддин ба назди баландгӯяк роҳ ёфт ва бо як ҳаяҷон, ки ҳатто саломро ҳам фаромӯш карда буд, аз раисиҷумҳур хоҳиш кард, ки ӯву модари барҷомондааш ҷои зист надоранд ва онҳоро бо манзил таъмин кунанд. Ҳамчунин вай гуфта буд, ки либосҳои як рафиқашро пӯшида омадааст ва қариб буд, ки кормандони амниятӣ либосҳояшро даронанд.

Ин лаҳзаҳо аз вохӯрии раиси ҷумҳур бо устодону донишҷӯён дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ мустақиман пахш шуд. Албатта, дар пахши такрорӣ «баромад»-и Шамсиддин "қайчӣ" шуд ва дигар рӯи эфири телевизионро надид. Аммо ба ҳар сурат, баъди ин Шамсиддин дар хобгоҳи донишгоҳ роҳ ёфт ва ҳоло чаҳор сол аст, ки ин мушкилаш муваққатан ҳал шудааст, аммо модари пираш ҳамоно ҷои зисти муайян надорад.

Ҷумъагул Мирзоева, модари Шамсиддин Мирзоев, мегӯяд, беш аз 30 сол дар қайди беморхонаи бемориҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ қарор дошт ва ҳоло каме сиҳат ёфтааст, аммо бо 70 сомонӣ нафақааш наметавонад, зиндагии худро пеш барад ва ягона писари донишҷӯяшро таъмин кунад, дар ҳоле ки манзили зист ҳам надорад.
Ҷумъагул Мирзоева.
Ҷумъагул Мирзоева.
Холаи Ҷумъагул 56 сол дорад ва ба гуфтаи худаш муддати 30 сол бо сабаби бемории рӯҳӣ будан, дар беморхонаи рӯҳии ноҳияи Рудакӣ буд, аммо ҳоло ки сиҳат ёфтааст намедонад дар хонаи кӣ ва аз ҳисоби кӣ зиндагӣ кунад. Чунки 70 сомонӣ нафақа мегирифтааст ва ҳамчунин писараш донишҷӯи курси чорум дар Донишгоҳи миллӣ аст.

Аз ҳама муҳим барои гузаронидани боқимонда ҳаёти худ сарпаноҳе надоштааст ва ҳоло бештар дар хонаи духтараш ва дигар шиносҳояш зиндагӣ мекунад. Вақте мо ба деҳаи Дастирки поёни ноҳияи Ёвон рафтем, холаи Ҷумъагулро дар манзили фақиронаи хоҳараш пайдо кардем, ки ҳамроҳи онҳо зиндагии сахтеро мегузарондаанд. Ҷумъагул Мирзоева соҳиби як духтар ва як писар аст, аммо Шамсиддин бо хоҳарбузургаш аз як модаранду падаронашон ҷудо аст.

Ҷумъагул Мирзоева ҳамроҳи хонаводаи духтараш дар як манзили дуҳуҷрадор, ки тирезаи яке аз онҳо ба ҷои шиша бо матоъ маҳкам карда шудааст, зиндагӣ мекунад. Бо вуҷуди ин, домодаш дар канори ин ҳавлӣ як ҳуҷраеро бо хишти бетонӣ барои холаи Ҷумъагул сохтааст, аммо аз тангии зиндагӣ натавонистааст боми онро пӯшонида дару тиреза часпонад.
Манзили домоди холаи Ҷумъагул
Манзили домоди холаи Ҷумъагул
Ҷумъагул Мирзоева мегӯяд, гоҳе дар манзили домодаш дар Ёвон, гоҳе дар манзили як хешаш дар шаҳри Ваҳдат ва гоҳе дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагии дарбадар дорад. Аммо борҳо масъалаи беманзилии вайро ягона писараш ба мақомоти Тоҷикистон, ҳатто ба ба президент расондааст. Ҳамчунин холаи Ҷумъагул хоҳиш дорад, ки нафақаашро зиёд кунанд, то тавонад ақалан зиндагии худро дар як моҳ таъмин кунад.

Шамсиддин ҳоло ба худ савол медиҳад, баъд аз як сол, ки донишгоҳро хатм мекунад ба куҷо равад? Яъне баъд аз хатм, ки дигар имкони дар хобгоҳи донишгоҳ истиқомат кардан нест дар куҷо зиндагӣ мекунад, дар манзили кӣ?
Дар ин бораи Шамсиддин мегӯяд, ба раиси ҷумҳур борҳо муроҷиат карда аз дастгоҳи раиси ҷумҳур ҷавоб гирифтааст, ки масъалаи беманзилияшро ҳал мекунанд. Ба гуфтаи вай, дар вохӯрӣ бо раиси ҷумҳур масъалаи беманзилӣ ва ятим буданашро гуфтааст ва раиси ҷумҳур ҳам ба раиси шаҳр супориш додаст, ки Шамсиддинро бо манзил таъмин кунанд. Аммо ин ҳама гуфту гузорҳо муаллақ мондааст ва касе ҳам боре ба вай нагуфтааст, ки бо фароҳам шудани шароит барояш манзили зист медиҳанд.

Шамсиддин мегӯяд, раиси ҷумҳур ба раиси шаҳри Душанбе супориш дода буд, ки ба мушкили вай дар бораи манзили зист расидагӣ кунанд. Аммо шабурӯз дар фикри он аст, ки баъд аз як сол, ки донишгоҳро хатм мекунад ва дигар барои вай дар хобгоҳи донишгоҳ ҷой намемонад ҷомадонашро аз хобгоҳ гирифта ба куҷо мебарад?

Шояд Шамсиддин ягона нафаре набошад, ки аз сахтии рӯзгор ва беманзилӣ дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон шикоят мекунад. Садҳо ва ҳазорон ҷавон наметавонанд ҳатто бо кор кардану маош гирифтан ҳам барои худ манзиле бунёд кунанд. Аз як тараф мушкили гирифтани қитъаи замин барои манзил бошад, аз тарафи дигар ночиз будани даромад дар кишвар бисёриҳоро дар ин роҳ ноумед мекунад ва рӯ меоранд ба ҳиҷрат.

Аммо тасаввур кардан хеле мушкил аст, ки чигуна супоришҳои раиси ҷумҳур амалӣ намешаванд ва солҳо шахси муроҷиаткунанда идора ба идора гаштаву бо умеде, ки ба додаш президент мерасад, зиндагӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG