"Моро бегуноҳ донед ва озод кунед." Ин сухани охирини гумонзадҳо дар парвандаи маъруф ба "табаддулот" дар Тоҷикистон аст, ки рӯзи 22-юми январ паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи Душанбе садо додааст. Ба ин ҷаласа ба ҷуз вакилони мудофеъ, чун пештара наздикони гумонзадҳо ва хабарнигорон роҳ дода нашуданд.
Дар курсии айбдорӣ чанд намояндаи ҳизбҳои сиёсӣ ва баъзе аз мансабдорони баландпояи собиқ, аз ҷумла вазири пешини корҳои хориҷӣ, раиси пешини Шӯрои олӣ ва сарҳангҳои мустаъфии амният нишастаанд.
Вакилони мудофеъ баъди баромадан аз мурофиа бо хабарнигорон гап назаданд. Ба иттилои дарёфтӣ, вакилон ба наздикони гумонзадҳо гуфтаанд, ки "ҳар кадом дар сухани охирин аз додраси парванда хостаанд, онҳоро гунаҳкор надонад ва озод кунад."
Пайвандони баъзе аз ин афрод, ки ба назди Боздоштгоҳи шаҳри Душанбе омада буданд, бо хабарнигорон суҳбат накарданд.
Як манбаи огоҳ аз қазия, ки ба далели амниятӣ номаш нашр намешавад, гуфт, "баъзе аз гумонзадҳо 5-10 дақиқа ва бархеи дигар то 20-30 дақиқа баромад карданд."
"Бархе аз онҳо бандҳоеро, ки Додситони кул онҳоро муттаҳам кард, беасос дониста, рад намудаанд. Аз ҷумла, Акбаршо Искандаров ва Аҳмадшо Комилзода гуфтаанд, ин иттиҳом бар онҳо бидуни далели кофӣ бор шудааст ва онро намепазиранд," -- афзуд манбаъ.
Ҳоло додрас ба хонаи машваратӣ рафтааст. Интизор меравад, дар ҷаласаи охирин ҳукм эълон шавад, вале рӯзи баргузории мурофиаи оянда дақиқ нест.
Додситон рӯзи 8-уми январи имсол ба ҳашт гумонзад дар парвандаи "табаддулот" аз 23 то 30 сол зиндон талаб кард:
- Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон – 30 сол зиндон;
- Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷӣ – 30 сол зиндон;
- Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ – 24 сол зиндон;
- Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ – 23 сол зиндон;
- Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати ВКХ – 23 сол зиндон;
- Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини пешини раиси Ҳизби демократ – 23 сол зиндон;
- Нурамин Ғанизода, сарҳанги бознишастаи амният – 26-сол;
- Ҷамшед Боев, сарҳанги бознишастаи амният – 26-сол.
Онҳо ба кӯшиши бо зӯр гирифтани ҳукумат, барангехтани кинаву адоват, қаллобӣ ва хиёнат ба давлат гумонзад ҳастанд.Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигор ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов, ки низ шомили ҳамин парванда аст, ба "хиёнат ба давлат" гумонзад аст. Додситон ба ӯ 17 сол зиндон хостааст. Вокуниши худаш маълум нест.
Парвандаи кӯшиши табаддулот ва ғасби қудрат дар Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 бо боздошти раиси Ҳизби демократ ва вакили порлумон Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд.
Додситонии кулли Тоҷикистон, масъули таҳқиқи парванда, бар рӯйи он муҳри махфӣ зада, ба хабарнигорон маълумот намедиҳад. Аммо ин ниҳод рӯзи 14-уми июни соли 2024, баъд аз боздошти вакили порлумон Саидҷаъфар Усмонзода, гуфта буд, ки нақшаи ғасби ҳукумат дар Тоҷикистон тӯли чанд сол омода шудааст.
Юсуф Раҳмон, додситони кул, он вақт дар порлумон “сабти суҳбати телефонӣ дар соли 2021”-ро далели муҳиме донист, ки дар он гуё нақшаи эҳтимолии ғасби хушунатомези қудрат, аз ҷумла ҷалби ҷангҷӯён аз хориҷа ва дастгирии молии созмонҳои ифротӣ, баррасӣ шудааст. Баъзе аз манобеи огоҳ қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки гумонбарон дар ҷараёни таҳқиқ иттиҳомҳоро рад ва баръакс аз фишори муфаттишон шикоят кардаанд.