Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи баррасии шикояти Зайд Саидов дар додгоҳ


Додгоҳи олӣ рӯзи 6 май зимни баррасии шикояти соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов пурсиши назари вакилони ӯро анҷом додааст.

Вакилони дифоъи Зайд Саидов рӯзи 6-май зимни баррасии аризаи шикоятӣ дар нисбати 26 соли зиндон маҳкум шудани Зайд Саидов суханрониҳои худро дар мурофиаи Додгоҳи олӣ анҷом доданд ва ҳукми 26 сол дар нисбати зерҳимояашонро беасос ва бо айбномаҳои бедалел арзёбӣ карданд.

Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони Зайд Саидов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мурофиаи Додгоҳи олӣ дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) доир шуд ва онҳо қабл аз оғози мурофиаи баррасии аризаи шикояти дар мавриди 26 соли ҳукми Додгоҳи олӣ ҳамаи санадҳо ва ҳуҷҷатҳоро аз ибтидо то ахир баррасӣ намуданд. Вакилон дар суханрониҳои худ таъкид кардаанд, ки ин ҳукм ноодилона ва бидуни далелҳои собитшуда содир шудааст. «Дар амалҳои Зайд Саидов ҳодисаҳои ҷиноӣ дида намешавад,» - мегӯяд Исҳоқ Табаров.

Вай афзуд, ки Шӯҳрат Қудратов, вакили дигари Зайд Саидов низ суханронӣ кард ва бо далелҳо нишон дод, айбҳое, ки дар нисбати Саидов эълон шудааст, асосе надоранд.

Вай гуфт, ки пас аз анҷоми суханрониҳои вакилони Зайд Саидов айбдоркнунадаи давлатӣ, сардори яке аз раёсатҳои Додситонии кулл Маҳмадвалӣ Исоев гузориш хоҳад дода сипас додгоҳ мавқеи худро дар нисбати ҳукмаш мушаххас хоҳад кард.

Зайд Саидов рӯзи 22 апрел дар рӯзи аввали баррасии шикояти ӯву вакилонаш 26 сол ҳукми зиндонашро ноодилона хонда, низ хостори бознигарии ин ҳукми Додгоҳи олӣ шуда буд. Зайд Саидов гуфтааст, ӯро бидуни ягон далели қотеъ маҳкум кардаанд. Қаблан ҳам Зайд Саидов боздошти ҳукми сангинашро сиёсӣ хонда гуфта буд, ба давлату миллат хиёнате накардааст.

Вазири собиқи саноати Тоҷикистон рӯзи 19 майи соли 2013, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав дастгир шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25 декабр Зайд Саидовро бар асоси чаҳор банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - «таҷовуз ба номус», «бисёрзанӣ», «қаллобӣ» ва «ришваситонӣ» ба 26 соли зиндон маҳкум кард. Бар асоси ҳукми Додгоҳи олӣ, аз моҳи март ба ин тараф дастикам 6 корхонаву ширкати марбут ба Зайд Саидов ва наздикони ӯ ба фоидаи давлат мусодира карда шуд.
XS
SM
MD
LG