Овозхони тоҷик Сурайё Қосимова дар муроҷиат ба ҳаводоронаш гуфт, ки вазъи сиҳҳати ӯ мӯътадил аст ва ҳеч ҷои нигаронӣ надорад. Ӯ гуфт, баъд аз як муддат муолиҷаи тиббӣ, базудӣ ба хонааш бар хоҳад гашт.
Ин суханҳоро ҳунарманди маъруф ба хабарнигори Озодӣ аз як утоқи шӯъбаи бемориҳои ҷигару меъдаи Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шоми 30 май иброз дошт. Ҳадди аққал як ҳафтаи охир Сурайё Қосимова дар бистари беморист.
Ҳарчанд худи ӯ нахост дар бораи ҷузъёти беморӣ ва аз ҷумла ташхисаш сӯҳбат кунад, аммо таъкид кард, ки ҳолаш "назар ба чанд рӯзи пеш" беҳтар шудааст. Ӯ дар як сӯҳбати кӯтоҳи бидуни микрофон бо Озодӣ гуфт: "Ҳолам хуб аст ва набояд мухлисонам нигарон бошанд".
Ҳангоми аёдати кӯтоҳи Сурайё Қосимова дар наздаш ду духтари маъруфи овозхонаш - Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед ҳамроҳи дигар пайвандонаш ҳузур доштанд. Онҳо низ нахостанд дар бораи вазъи саломати модарашон сӯҳбат кунанд.
Вале, бино ба гуфтаи яке аз наздикони ин хонавода, эҳтимол хонум Сурайё баъд аз Душанбе барои идомаи муолиҷа ба хориҷи кишвар биравад. Табибон ва ҳам дигар масъулони Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология аз шарҳи ҷузъиёти вазъи сиҳҳати овозхони маъруф бино ба андешаҳои ахлоқӣ худдорӣ карданд.
Тахминан ду ҳафта пеш дар шаҳри Кӯлоб овозаҳо дар бораи бад шудани саломатии Сурайё Қосимова паҳн шуд ва бархе гуфтанд, ки гӯё овозхони маъруф дар ҳолати кома ба як бемористони Душанбе интиқол ёфтааст. Вале ин хабарро феълан касе тасдиқ ё рад намекунад.
Сурайё Қосимова аз овозхонҳои маъруфи тоҷик аст, ки соли 1957 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Худи ӯ мегӯяд, ки бо тақлид ба ҳунарнамоии хоҳари бузургаш Садбарг аввалин бор дар 13-солагӣ по ба саҳнаи ҳунар гузошт ва дигар баъди ин тамоми умрашро ба овозхонӣ бахшид. Дар баробари иҷрои оҳангҳои мардумӣ, аз ҷумла дар жанри фалак, бо шоиру оҳангсозони касбӣ ҳам ҳамкорӣ кардааст. Аз овозхонҳои раддаи аввали саҳнаи ҳунари тоҷик буда, таронаҳояш дар ҳама манотиқи Тоҷикистон хуш истиқбол мешаванд.
Баъди таваллуди се духтар дар соли 1997 нахустин писараш ба дунё омад ва ба муносибати имзои созишномаи сулҳи миёни ҳукумат ва Иттиҳоди мухолифони Тоҷикистон исмашро Эмомалӣ гузошт. Дар як сӯҳбаташ ба “Азия-Плюс” ӯ дар соли 2006 гуфта буд, ки баъди ин президент ба писараш як аробача тӯҳфа кард.
Бо вуҷуди маъруфияти худ ва духтарони овозхонаш, Сурайё Қосимова ҳамеша дар шаҳри Кӯлоб зиндагӣ мекунад.