Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон дигарбора ба марзи Тоҷикистон наздик омадаанд


Вилояти Тахор
Вилояти Тахор

Ҷангҷӯёни Толиб дар Афғонистон қисмате аз ноҳияи Дашти Қалъа дар наздикии марзи Тоҷикистонро зери назорат гирифтанд.

Халил Асир, сухангӯи ҳукумати вилояти Тахор, рӯзи 30-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Толибон чанд рӯз пеш ҳамла ба минтақаро шурӯъ карданд ва рӯзи 30-уми май ба маркази ноҳия ҳуҷум оварданд ва даргирӣ бо онҳо идома дорад.

Ӯ гуфт, “қисмтаҳои зиёди маркази ноҳияи Дашти Қалъа ба дасти Толибон гузаштааст. Ба қавли ӯ, нерӯҳои давлатӣ барои пас гирифтани минтақа аз дасти Толибон талош доранд. Дар маҷмӯъ Толибон се ноҳияи наздик ба марзи Тоҷикистон, Хоҷа Баҳовуддин, Дашти Қалъа ва Дарқадро ишғол кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки аз авҷ гирифтани нооромиҳо дар минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон хабар доранд ва вазъиятро аз наздик мушоҳида мекунанд.

Ин рӯдхона Тоҷикистонро аз Афғонистон ҷудо мекунад.
Ин рӯдхона Тоҷикистонро аз Афғонистон ҷудо мекунад.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сараёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 30-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “Ҳодисаҳоеро, ки дар он сӯи дарёи Панҷ мегузарад, мо пайгирӣ дорем. Аммо то ҳол ягон кӯшиши убури ғайриқонунии марз ва ё талоши убури марз аз ҷониби ин гурӯҳҳо сабт нашудааст. Новобаста аз ин вазъият дар минтақаи мо ором аст ва сарҳад зери назорати қатъӣ қарор дорад.”

Ноҳияи Дашти Қалъа ба ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархори Тоҷикистон ҷойгир аст. Анвар Турдиев, як сокини ноҳияи Фархор рӯзи 30-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, нооромӣ дар минтақаҳои ҳаммарз дар кишвари ҳамсояро ба хубӣ эҳсос мекунанд.

“Ҳар рӯз садои тирпарронӣ шунида мешавад. Дигар шунидани садои тир аз он тараф барои мо маъмулӣ шудааст”- гуфт ӯ.

Аз ин пеш, мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки ҷазираҳои хурд дар байни рӯдхонаи Панҷ, ки Тоҷикистону Афғонистонро аз ҳам ҷудо мекунад, ба “лонаи Толибон” табдил шудааст ва онҳо ин ҷазираҳоро барои ҳамла ба сарбозони афғон истифода мекунанд. Охири соли 2014 аз ин минтақа чаҳор афсари тоҷик ба асорати гурӯҳи Толибон афтоданд.

Охири моҳи гузашта Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як нишаст дар Душанбе аз хатари афзояндаи ҷангҷӯён дар марзи Тоҷикистон изҳори ташвиш кард. Вай гуфт, дар ҳудуди Афғонистон ва дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон 7 ҳазор ҷангҷӯи Толиб ҷамъ шудаанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад ва мақомоти тоҷик мегӯянд, ки аз назари амниятӣ ва таҳдиди гурӯҳҳои қочоқбар ва ифротӣ марз осебпазир боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG