Байкерҳои тоҷик, ки барои аввалин бор рӯзи чаҳоруми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе дар як ҷашни пуршукӯҳ бахшида ба рушди варзиши мототсиклронӣ аз худ дарак доданд, ба саёҳати имсолаашон бо мототсикл аз Узбакистон шурӯъ карданд.
Фарҳод Калонов -- раҳбари ҷамъияти дӯстдорони мототсикл дар Душанбе қабл аз ин сафараш дар як сӯҳбат бо барномаи "Ояндасоз"-и Радиои Озодӣ гуфт, ин аввалин сафари онҳо бо мототсикл ба Узбакистон нест, бинобар ин бовар дорад, тай кардани масофаи 500 километр то Узбакистон бо дучархаи механикӣ барояшон чандон мушкил нахоҳад буд.
Дар робита ба варзиши мототсиклронӣ ва вазъи байкерҳои тоҷик сӯҳбате доштем бо Фарҳод Калонов -- раҳбари ҷамъияти дӯстдорони мототсикл. Ӯ сӯҳбаташро аз таърихи таъсисёбии ҷамъият ё клуби мототсиклронҳои тоҷик шурӯъ кард.
Фарҳод Калонов: "Аслан 7 сол боз мототсиклронӣ мекунам ва ду соли пеш ба ин хулоса расидам, ки дар Тоҷикистон мототсиклронҳо зиёданд, аммо муттаҳид нестанд. Пешниҳод кардем, як ташкилот таъсис диҳем ва мототсиклронҳоро гирди ҳам орем. Соли 2013 аввалин "Мотопробег Душанбе -Хуҷанд"-ро ташкил кардем. 10 мототсиклрон ҷамъ омадем ва рафтем бо ҷавонони Хуҷанд вохӯрдем. Ҷамъияти мо дар бархе аз кишварҳои ҳамсоя аллакай муаррифӣ шудааст, мо ҳамеша бо парчами Тоҷикистон ба сафарҳо мебароем. Мо мехоҳем нишон диҳем, ки ҷавонони тоҷик фақат мардикор нестанд ва ҷавонҳои пешрафтаанд.
Мақсади мо боло бурдани нуфузи Тоҷикистон дар миёни ҳамсоякишварҳост. Баъд аз ҷашнвораи бузурги мототсиклронҳо дар Душанбе аввалин сафари мо ба Узбакистон аст. Мо ба ҳайси меҳмон барои ширкат дар мавсими мототсиклронҳо даъват шудаем. Баъди як моҳ ба Алма-Ато меравем ва нақшаи бузурги мо, сафар ба Қрим аст, ки як моҳ давом мекунад. Тоҷикистон – Узбакистон –Туркманистон – Қазоқистон – Гурҷистон – Озарбойҷон ва то Симферопол."
Ояндасоз: Аслан дар ҷамъияти мототсиклронҳо, чӣ теъдод ҷамъ омадааст?
Фарҳод Калонов: "Медонед, дар Тоҷикистон мототсиклронҳо кам нестанд, аммо танҳо 20 - 25 нафар узви клуби мо ҳастанд. Талаботи мо сахт аст, дар ин ҷамъият онҳое метавонанд шомил шаванд, ки қоидаҳоро риоя мекунанд ва ҳама ҳуҷҷатҳои лозимиро доранд. Яъне рақамӣ давлатӣ, ҳуҷҷати ронандагии дараҷаи “А” ва шароити бехатариашон ҳам пурра таъмин аст."
Ояндасоз: Байкерҳои тоҷик бештар киҳоянд, ҷавонони кадом синну сол ва чӣ касбу кор?
Фарҳод Калонов: "Дар клуби мо аз 25 боло ҳастанд. Онҳо ҳама оиладор, машғулияти худро доранд. Ҳама соҳиби мошинанд ва танҳо дар рӯзҳои истироҳатӣ ва ё баъд аз кор бештар мототсиклронӣ мекунанд. Мо клуби худро дорем ва бегоҳ хоҳишмандон ҷамъ меоянд ва филмҳои махсус дар бораи мототсиклронӣ намоиш дода мешавад. Ман тоҷирам, соатҳои корӣ бештар бо мошин ҳаракат мекунам дар шаҳр, аммо баъд аз кор ё рӯзҳои истироҳатӣ бо мотосикл мегардам."
Ояндасоз: Аввалин мотосезон ё пойгаи мототсиклронӣ дар Тоҷикистон, ки бо пешниҳоди шумо ташкил шуд, чӣ хел гузашт?
Фарҳод Калонов: "Ҳадафи аслии мо рушди ин навъи варзиш дар Тоҷикистон буд. Мехостем мардуми бештар бо мототсикл ошно шаванд ва бубинанд, ки ин аслан ягон чизи хатарнок нест ва мототсиклронҳо ҳам авбош нестанд, балки варзишгаранд. Мардуми хеле зиёд аз ҳар минтақаҳои кишвар омаданд ва мисли як ид буд он рӯз дар Душанбе."
Ояндасоз: Болотар гуфтед, таваҷҷӯҳ ва шумори мототсиклронҳо дар кившар афзудааст, фикр мекунед сабабаш чист?
Фарҳод Калонов: "Воқеан, сол то сол мотосиклронҳо зиёд мешаванд. Cабабаш ҳам маълум аст. Арзиши бензин дар кишвар қиммат шуд ва дар роҳҳои шаҳр ҳам шумори мошинҳо хеле зиёд шуданд, бинобарин
бархеҳо кӯшиш мекунанд аз мототсикл истифода кунанд, чун ин нақлиёт бензини кам мехӯрад ва нақлиёти хурд, ки ҳаст ҳаракат дар роҳ ҳам осонтар аст, ба фарқ аз мошин бо мототсикл мо метавонем зудтар кори худро анҷом диҳем."
Ояндасоз: Дар ҷамъияти шумо ё умуман миёни байкерҳои тоҷик духтарон ҳам ҳастанд?
Фарҳод Калонов: "Не дар Тоҷикистон духтарҳои мототсиклрон нестанд, мутаасифона. Хеле мехостем мисли дигар кишварҳо духтарон ҳам бошанд дар байни мо."
Ояндасоз: Аслан мушкили мототсиклронҳои Душанбе чист?
Фарҳод Калонов: "Дӯстдорони мототсикл дар Тоҷикистон зиёданд, аммо мо ягон мактаби махсуси мототсиклронӣ надорем. Дар мактаби ронандагии Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи кишвар (ДОСААФ) меомӯзанд, албатта, аммо он чандон ба талабот ҷавобгу нест ва хеле кам аст, бояд чунин мактабҳо зиёд бошанд, мардум омӯзанд ва садамаҳо кам шаванд."
Ояндасоз: Шумо дар ин робита расман ба масъулон муроҷиат кардед?
Фарҳод Калонов: "Не, ростӣ мо нав аз худ дарак додем ва дидем, ки шаҳрдорӣ ҳам моро дастгирӣ кард, акнун аз ин ба баъд чунин муроҷиатҳо ҳам мекунем, мушкилоти мотосиклронҳоро ба масъулини шаҳр мерасонем ва ин навъи варзишро рушд медиҳем. Мо ҳамчунин бисёр мехостем, ронандаи мошинҳо дар роҳ бо мототсиклҳо муносибати хуб дошта бошанд. Бояд онҳо бодиққат бошанд ва бидонанд, ки қоидаи мошину мотосикл дар роҳ як аст, ин ҳам нақлиёт аст."