Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти овозхони нобинои тоҷик Абдухолиқ Сӯфиев


Овозхони овора ва нобинои тоҷик Абдлхолиқ Сӯфиев дар сини 61-солагӣ аз дунё даргузашт. Маросими ҷанозаи ӯ имрӯз дар шаҳри Норак баргузор шуд.

Нобовар Чаноров, ҳунарманди маъруфи тоҷик ва аз дӯстони Абдухолиқ Сӯфиев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин овозхони овора ва нобино соати дуи шаби гузашта дар шаҳри Норак аз дунё даргузашт. Ба гуфтаи Нобовар Чаноров, ин овозхони нобино аз бемории шуш ранҷ мебурд ва тайи чанд моҳи ахир дар бемористоне дар Душанбе бистарӣ буд ва чанд рӯз қабл ба назди пайвандонаш дар шаҳри Норак интиқол дода шуда буд.

Абдухолиқ Сӯфиев, актёр ва овозхони нобино, шефтаи Аҳмад Зоҳир

Дар ҳамин ҳол, Маҳмадюсуф Гулов, роҳбари Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон, ки аз соли 2008 ба ин сӯ Абдухолиқ Сӯфиев дар онҷо ба сар мебурд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тайи моҳҳои ахир ваъи сиҳатии ин ҳунарманд чандон хуб набуд ва ду дафъа ҷарроҳӣ ҳам шуд.

Ба гуфтаи вай, овозхон Нобовар Чаноров ӯро барои табобат ва ҷарроҳӣ ба Душанбе оварда буд. Оқои Гулов мегӯяд, ки Абдухолиқ Сӯфиев дар Ёвон ҳамчун як овозхон ва муштоқи савти Аҳмад Зоҳир шинохта мешуд ва дар бисёре аз барномаҳои фарҳангӣ ва маросимҳои шодиву хурсандӣ даъват мешуд.

ГУФТУГӮИ АБДУХОЛИҚ СӮФИЕВ БО ОЗОДӢ (НАВОР АЗ БОЙГОНӢ)

Абдухолиқ Сӯфиев овозхони оворагарду нобино
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

Соли 2011 баъди интизориҳои зиёд Абдулхолиқ Сӯфиев тавонист бо кӯмаки Далер Назаров ва Нобовар Чаноров аввалин консерти ҳунарии худро дар Душанбе баргузор кунад. Орзуи охиринаш ҳам ба гуфтаи оқои Гулов, сафари ҳунарӣ ба Афғонистон ва мулоқот бо мухлисону пайравони Аҳмад Зоҳир будааст.

Ин овозхон аз модар нобино зода шуда, вақтҳои ахир ҳамроҳ бо ҳамсараш дар хона-интернети пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон ба сар мебурд. Абдухолиқ Сӯфиев бештар бо сурудани таронаҳои Аҳмад Зоҳир маъруф аст ва дар филмҳои «Ишқ ва фалсафа»-и Мӯҳсини Махмалбоф ва «Овора»-и Гуландом Муҳаббатова нақш бозидааст.

XS
SM
MD
LG