Мақомоти умури дохилаи вилояти Свердловски Русия рӯзи 8 ноябр аз як манзили иҷора дар шаҳри Екатеринбург Аслиддин Нуров ном шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони узвият дар ҷунбиши тундрави Толибон боздошт кардаанд. Валерий Горелий, раҳбари маркази матбуоти раёсати умури дохилаи вилояти Свердловск рӯзи 9 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард. Валерий Горелих гуфт, Аслиддин Нуров бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шудааст ва дар ҳоли ҳозир масъалаи истирдоди ӯ ба кишвари зодгоҳаш баррасӣ мешавад: “Ин масъала, албатта, дар як рӯз ҳал намешавад. Ин метавонад муддате тӯл бикашад. Мақомоти Тоҷикистон Нуровро дар фаъолиятҳои ифротгароёна, аз ҷумла ба узвият дар ҷунбиши Толибон айбдор мекунанд.”
Пулиси Свердловск мегӯяд, ҳангоми боздошт аз манзили иҷорае, ки Аслиддин Нуров паноҳ бурда буд, як теъдод адабиёт бо забонҳову ҳуруфи хориҷӣ ёфт шудааст, муҳтавои ин китобҳоро бояд акнун мақомоти маркази мубориза бо ифротгароии ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – дақиқ кунанд.
Валерий Горелих гуфт, бино ба иттилое, ки дар парвандаи ҷустуҷӯи Аслиддин Нуров вуҷуд дорад, ӯ дар мадрасаи мазҳабии “Махзан-ул-улум”-и Ҷумҳурии исломии Эрон таҳсил карда, аз соли 2010 дар марзи Покистон бо Афғонистон дар сафи ҷангиёни “Толибон” меҷангид. Аммо ӯ аз ироаи ҷузъиёти бештари иттиҳомоти алайҳи Аслиддин Нуров эълонкардаи мақомоти Душанбе худдорӣ варзид ва гуфт, “ин нафар таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт ва маъмурони пулис ӯро дастгир карданд. Акнун навбати мақомоти додгоҳист, ки ба дархости истирдоди Нуров ба Тоҷикистон чӣ посух хоҳанд дод.”
Истирдоди афроди гумонбар ба ҷиноятҳои мухталиф дар байни кишварҳои пасошӯравӣ бар асоси Созишномаи Минск аз соли 1992 сурат мегирад. Бар асоси ин Созишнома, дар пайи боздошти ин ё он афроди таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ кишваре, ки истирдоди ин нафарро мехоҳад, бояд ба ҷониби кишваре, ки гумонбар дар онҷо боздошт шудааст, дархости муфассал ҷиҳати тавҷеҳи зарурати истирдоди ӯро бифиристад. Дар сурати аз сӯи додгоҳ қаблу шудани ҳукми истирдоди гумонбар, Душанбе муваззаф мешавад ба Свердловск барои овардани ин нафари гумонбар конвой роҳӣ кунад.
Фаъолияти Толибон дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Русия ва Тоҷикистон расман манъ шуда, ин созмон ба “рӯйхати сиёҳ”-и созмонҳову гурӯҳҳои ифротиву террористӣ шомил шудааст. Дар моҳи сентябри соли равон додгоҳи Ҷумҳурии Ёқутистони Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми таъмини молии гурӯҳи Толибон бар асоси қисми якуми моддаи 205.1-и Кодеки ҷиноии Русия (мусоидат ба фаъолияти террористӣ) ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Гуфта мешавад, ки ӯ аз тариқи почтаи электронӣ бо ҷангиёне ки дар марзи Покистон бо Афғонистон меҷанганд, мукотиба дошт ва барояшон ҳар сари чанд вақт пул мефиристод.
Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар соли 1996 бахши аъзами қаламрави Афғонистон, бо шумули пойтахташ, шаҳри Кобулро тасарруф ва дар ин қаламрав меъёрҳои шадиди Шариатро ҷорӣ карда буд. Режими Толибон аз ҷумла овозхониро манъ ва занонро аз ҳаққи кор маҳрум карданд ва барои риоя накардани фарзу суннатҳои исломӣ, аз ҷумла барои ширкат накардан дар намози ҷомиа муҷозот ҷорӣ карданд.
Дар поёни соли 2001 эътилофи таҳти раҳбарии Амрико ҳукумати Толибонро аз сари қудрат дар Кобул барандохт. Аммо ҷангиёни ин гурӯҳ то ҳол ба муқовимати мусаллаҳона алайҳи нирӯҳои эътилоф ва ҳукумати кунунии Афғонистон идома медиҳанд.
Дар ин авохир дар бораи таҳти тасарруфи Толибон омадани чандин шаҳру вулусволӣ аз Афғонистон гузоришҳо ба даст мерасанд. Толибон аз ҷумла дар поёни моҳи сентябр барои чанд рӯз шаҳри Қундуз – маркази вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Қундузро тасарруф карданд ва ба нирӯҳои давлатии Афғонистон танҳо баъди ҷалби нирӯҳои ҳавоии НАТО муяссар шуд, ки ҷангиёни Толибонро аз ин шаҳр берун андозанд. Ҷангиёни Толибон ҳамин тавр, ду ҳафта боз вулусволии Дарқад ва қисматҳои бузурге аз вулусволии Хоҷағор дар марз бо ноҳияи Фархори Тоҷикистонро тасарруф кардаанд.