Рӯҳониёни Тоҷикистон ба коргарони нерӯгоҳи Роғун тавсия додаанд, ки ҳангоми кор дар ин иншооти бузург рӯза нагиранд. Як ҳайати Шӯрои уламои маркази исломӣ чанде пеш зимни сафар ба маҳали сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба коргарон гуфтаанд, ки рӯзаашонро ба таъхир гузоранд ва онро дар вақти берун аз кор бигиранд.
Усмоналӣ Нуров, муовини раиси Шӯрои уламо гуфт, фатвое, ки барои коргарони Роғун доданд, баъди дидани кору зиндагии онҳо ва бар асоси ҳадису ояҳо содир шуд. Ӯ гуфт, ки дар ин сафар Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои исломӣ онҳоро ҳамроҳӣ кард ва бо далелу бурҳон масъаларо ба онҳо фаҳмонд.
“Мо вақте мавзеи корро дидем, рости гап, барои одами рӯзадор машаққат аст. Вақте вориди тунелҳо шудем, буйи дуду газ шароити корро хеле мушкил кардааст. Коргарон дар ҷойҳои то 300 метр чуқур кор мекунанд. Он ҷо дар ин бора сухан кардем, ки аз нигоҳи мазҳаб дар ин ҳолате, ки шумо қарор доред, иҷоза ҳаст, ифтор кунед ва вақту моҳи муносиб рӯза бигиред.”
Ба қавли рӯҳонии тоҷик, барои 8 тоифаи мардум доштани рӯза истисно аст ва кормандони нерӯгоҳи Роғун, ки корашон азобу машаққати зиёд дорад, ба ин тоифа шомил мешаванд ва рӯза нагирифтан “кафорат нест”.
“Чун онҳо агар рӯза бигиранд, корашон пеш намеравад, ки аз нигоҳи ислом ҷоиз нест. Коре, ки онҳо мекунанд, барои ҳама сокинон манфиат меорад. Аз тарафи дигар дониста, одам худашро ба ҳалокат ё беморӣ расонад, дуруст нест” – гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.
Дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун тақрибан 20 ҳазор нафар кор мекунанд. Аксари кормандони сохтмони Роғун дар ду баст - бо истироҳати 15 рӯзӣ кор мекунанд. Шӯрои уламо гуфтааст, ин коргарон метавонанд, дар 15 рӯзи истироҳат “рӯзаи қарзӣ” бигиранд.
Рӯҳонии тоҷик гуфт, агар коргарони Роғун рӯза бигиранд ҳам “икроҳ” мешавад. “Икроҳаш ҳамин аст, ки шумо дар якҷо кор мекунед ва аз онҷо маблағ мегиред. Шумо дар ҷавоби он маблағ бояд кор, хизмат ва меҳнат кунед, ки маблағро ба шумо бидиҳанд. Агар рӯза бигиред, мутобиқи маблағе, ки медиҳанд, кор карда наметавонед ва ин дар шариат дуруст нест” – гуфт, Усмоналӣ Нуров.
Хӯрдани рӯза барои онҳо иҷозат аст, аммо рӯза аз гардани онҳо соқит намешавад.
Айни назарро сардори Раёсати фатвои шӯрои уламо Ҷамолиддин Хомӯшӣ ҳам зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ баён кард. “Вақте як инсон чуқурии 4-5 метрӣ меканад, дар дохили он нафасгир мешавад, чӣ расад дар чуқурии то 300 метр кор кардан. Дар чунин ҳолатҳо агар ба саломатии онҳо зарар эҷод кунад, хӯрдани рӯза барои онҳо иҷозат аст, аммо рӯза аз гардани онҳо соқит намешавад. Онҳо баъд аз анҷоми кори худ ва дар вақти муносиб бояд, ки қазои рӯзаи худро бидоранд.”
“Бо шиками гурусна кор намешавад”
Абдулло Сафаров, яке аз коргарони нерӯгоҳи Роғун, ки ба кори сахти бетонрезӣ машғул аст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо қабл аз оғози моҳи Рамазон дудила буданд, ки рӯза бигиранд, ё не. Аммо баъд аз мулоқот бо ҳайати рӯҳониён аз Шӯрои уламо ба ин хулоса омаданд, ки метавонанд, рӯза надоранд.
“Масалан ҷойҳое ҳаст, ки мардум бетон мегиранд, ки кори ниҳоят вазнин аст. Дар толори мошинҳо, трансформаторҳо ҳам кор вазнин аст. Аз ҳамин ҳисоб дар рӯзи кориашон рӯза гирифта наметавонад” -гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ.
Фатво ва ё тавсияи рӯҳониёни Шӯрои уламои Тоҷикистон ба коргарони нерӯгоҳи Роғун бешак мояи интиқоди рӯҳониёни муҳофизакор хоҳад шуд, ки мегӯянд, “таҳаммули сахтӣ дар моҳи Рамазон савоби онро бештар мекунад”. Дигар инки рӯҳониёни Шӯрои уламоро интиқод хоҳанд кард, ки фармудаҳои мақомоти расмиро ба хости худ шарҳ дода, ба мардум мерасонанд.
Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро давлати Тоҷикистон “тарҳи ҳаёту мамот” барои кишвар номидааст ва мегӯяд, қарор аст, ширкати итолиёвии Салини Импреҷило то охири имсол яке аз турбинаҳои онро мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳад ва истеҳсоли нерӯи барқ дар он шурӯъ шавад.
Роғун дар сурати такмил шудан метавонад, Тоҷикистонро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад. Садди нирӯгоҳи Роғун бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон мешавад. Нерӯгоҳи Роғун шаш турбинаи 600 мегаватӣ хоҳад дошт ва бо тавоноии 3600 мегават қудратмандтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.