Фахриддин Гадоев, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, 180 сомонӣ нафақаи маъюбияш танҳо ба хариди нисфи доруҳо барои дармон мерасаду халос. Гадоеви 33-сола, ки маъюби гурӯҳи якум аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо кӯмаки наздикону дӯстон зиндагияшро пеш мебарад, чун ҳаққи бознишастагие, ки мегирад, бисёр ночиз аст.
Ӯ гуфт, дар хона мурғ мепарварад ва аз ҳисоби фурӯши онҳо баъзе камбудиҳои дигарашро ҳал мекунад. Фахриддин афзуд, барои зиёд намудани ҳаҷми нафақа борҳо ба идораҳои давлатӣ муроҷиат кардааст, вале бенатиҷа: “Пеши инаш меравам кабинеташ маҳкам, пеши дигарӣ меравам, як соат ним соат тоқат кун, мегӯяд ва дар охир кор ҳал намешавад. Рӯзҳои якшанбе бозор меравам, парранда савдо мекунам, як шинос дорам, аз дорухонааш гоҳ-гоҳ дору қарз мегирам.”
Ҳамсӯҳбати мо аз масъулин мехоҳад, ҳаҷми нафақаи маъюбонро зиёд кунанду аз аҳволашон пурсанд, ки чӣ шароит доранду чӣ мехоҳанд. Фахриддин мегӯяд, орзу дорад, ҳарчӣ зудтар шифо ёбад ва издивоҷ кунаду соҳиби фарзанд шавад. Ӯ соли 2012 ҳангоми кор дар сохтмоне дар Русия аз ошёнаи чаҳорум афтода маҷрӯҳ шудааст: “Аз сутунмура, косахонаи сар ва дасту поям сахт осеб дидам, дасту поям кор намекард, дар Русия чанд ҷарроҳиро паси сар намудам, баъдан ба Душанбе оварданд ва беш аз 1 сол хоб будам. Оҳиста- оҳиста дастонам ба ҳаракат даромад, вале пойҳоям ҳаракат намекунад”.
Баъди ташхис. Коҳиши шумораи маъюбон
Нигарониҳои ин маъюб дар ҳоле садо медиҳад, ки Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон мегӯяд, як санҷиш дар чанд шаҳру навоҳӣ маълум кард, ки ҳазорон нафар, ки маъюб буданашон собит нашудааст, нафақаи маъюбӣ мегирифтаанд.
Дилмурод Давлатзода, мудири оҷонсӣ рӯзи 23-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар шаш моҳи имсол аз 148 ҳазору 663 нафар нафақагирони маъюб, 88 ҳазори нафар барои дақиқ намудани маъюбӣ такроран ташхис шудаанд.
Ба гуфтаи Давлатзода, дар натиҷаи санҷиш маълум шуд, тақрибан 19 ҳазор нафар дигар ҳақ надоранд, ба ҳайси маъюб нафақа бигиранд, барои ҳамин нафақаашон қатъ карда шуд. Давлатзода гуфт, нафақаи маъюбиро бар асоси маълумотномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъйин мекунанд.
Қудратулло Қурбонов, як намояндаи вазорат дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте нафаре нафақаи маъюбӣ мегирад ва бо гузашти вақт сиҳат мешавад, дар ташхисҳои такрорӣ нафақаи маъюбияш қатъ мегардад: “Бемор вақте барои муайян намудани маъюбӣ муроҷиат мекунад, бори аввал ба ӯ ба мӯҳлати як ё ду сол ҳолати маъюбӣ муқаррар карда мешавад ва ҳангоми ташхиси такрорӣ саломатияш хуб бошад, албатта қатъ карда мешавад”.
Маъюбиро ба инобат намегиранд?
Бибигул Саъдиева, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, нафақаи набераю писарашро мақомот беасос қатъ кардаанд. Ӯ гуфт, вазъи сиҳатии Зуҳал, набераи 8-сола ва Иноятулло, писари 16-солааш хуб нест. Ҳарду дар гузашта нафақаи маъюбӣ мегирифтанд, вале бо гузашти ду се сол онҳоро аз ин кӯмаки иҷтимоӣ маҳрум сохтаанд: “68 фоизи бадани набераам аз оби гарм сӯхтааст, саломатияш хуб нест, писарам ҷоғар фишори баланд дорад, пойҳояш, гурдаҳояш дард мекунанд, лекин нафақаи ҳардуяшро қатъ карданд. Тамоми санадҳои ташхисро, ки бар асоси онҳо нафақаи маъюбӣ таъйин карда буданд, дар даст дорем, лекин ҳоло табибон мегӯянд, саломатии набераву фарзандат хуб аст ва ниёз ба нафақаи маъюбӣ надоранд”.
Абдуҳалим Ғаффоров, узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар низоми нафақа омилҳои коррупсионӣ ба назар мерасад ва қатъи нафақаи беш аз 18 ҳазор баёнгари ҷой доштани фасод миёни бархе табибон аст. Оқои Ғаффоров иброз дошт, ки масъулини бахши нафақа ва ҳам табибон дар ин масъала бояд таваҷҷӯҳи ҷиддӣ намоянд, зеро ин ҳол барои онҳое, ки дар асл маъюбанду нафақаи кам мегиранд, ҷабр аст: “Нафарони зиёде ба порлумон омада, аз кам будани нафақаи маъюбӣ ба мо муроҷиат мекунанд. Ҳолатҳое, ки воқеан ҳам маъюб нестанду нафақаи маъюбӣ мегиранд, бояд аз байн бардошта шавад ва аз ин ҳисоб вазъи маъюбони ҳақиқӣ беҳтар карда шавад. Ман боварӣ дорам, ки агар роҳи чунин ҳолатҳо гирифта шавад, метавон шароити маъюбони воқеиро беҳтар кард”.
Ҳарчанд масъулон на ҳамеша иқрор мешаванд, ки ҳаҷми нафақа воқеан ҳам дар кишвар кам аст, вале Дилмурод Давлатзода, директори Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, рӯзи 23-уми июл дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбарияш гуфт, “нафақаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон беҳад дар сатҳи паст қарор дорад”.
Ба иттилои Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, феълан андозаи миёнаи нафақа дар Тоҷикистон 305 сомонию 30 дирамро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон то 1-уми июл бештар аз 699 ҳазор нафар ҳаққи нафақа ё бознишастагӣ мегирифтаанд ва шумораи онҳо дар як соли ахир тақрибан 3 фоиз зиёдтар шудааст.