Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳама барбод рафт, намедонем, чӣ кор кунем". ВИДЕО


Ҳазорон деҳқон дар вилояти Хатлон -- бузургтарин вилояти кишоварзии Тоҷикистон имсол аҳволе доранд, ки даҳсолаҳо надоштанд. Сафар Маҳмадназаров, аз ноҳияи Вахш, яке аз онҳост. Аз замоне, ки худро мешиносад, ҳеҷ гоҳ чунин аҳволро надида буд, ки сари киштзори гандум биравад ва онро хушку зард бубинад.

"Шасту панҷ сол аст, дар инҷо зиндагӣ мекунам ва чунин хушксолиро ҳеҷ гоҳ надида будам. Ҳар сол бориш мешуд, гандум мешуд, ҷав мешуд, зағир мешуд, ҳамаи чӣ мешуд, фаровон буд. Имсол хушксолӣ омадааст, ягон майда нест, дар замин ҳама хушкида рафтаанд,- мегӯяд, Сафар Маҳмадназаров, сокини рустои Томчӣ.

Хатлон бо аҳолии бештар аз 3 миллионнафарӣ бузургтарин вилояти кишоварзии Тоҷикистон аст, ки ҳар сол аз он ба бозорҳо даҳҳо ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ворид мешавад.

Сафар Маҳмадназаров, бо умед, пули зиёде харҷ кард, ки ҳосили фарвони гандуму ҷав мегираду, хонаводаашро таъмин мекунад. Аммо имсол Худо медонад, ки муродаш ҳосил мешавад, ё не? "500 кило гандум кишт кардем. Ба тракторист пул додем, гандум харидем, солярка харидем, ҳамааш хушк шуд. Барбод шуд. Дар як оила 10-12 кас зиндагӣ мекунем, намедонем, чӣ кор кунем дигар", - гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ

Мисли Сафар Маҳмадназаров, мардуми зиёде бар асари ҳавои хушку бебориш, зиёни бисёре дидаанд ва мегӯянд, метарсанд, ки мабодо қаҳтӣ пеш наояд. Садҳо гектар замини кишти гандум ва чарогоҳҳо дар водии Вахш аз набудани намӣ хушкидаанд ва ин водӣ, ки дар баҳорон умдатан сарсабзу зебост, ҳоло мисли тирамоҳ зард ба назар мерасад. Фақат дарахтонанд, ки бо баргҳои сабз ва гул аломати баҳорро нишон медиҳанд.

"Ҳама барбод рафт, намедонем чӣ кор кунем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:21 0:00

Сафар Маҳмадназаров барои киштукор бештар аз 1500 сомонӣ харҷ карда ва заҳмати зиёде кашидааст, вале зоҳиран имсол чизе ба даст намеорад. ​Тоҷимо Ғаффорова, сокини 74-солаи дигари Томчӣ аз он нигарон аст, ки имсол чӣ кор мекунанд. Хонаводаи ӯ низ 3 гектар гандум кишт кард, аммо чун дар тирамоҳ борону дар зимистон барф набуд, чизе насабзид.

Тоҷимо Ғаффорова
Тоҷимо Ғаффорова

"Ҳеҷ чиз нашуд, имсол хушксолӣ шуд, аҳволамон бад аст. Гандумро мехарем, маҷбурем, гову гӯсфандро фурӯшем, гандум харем. Говҳоямон низ алаф надоранд, мисли скелет шудаанд. Бояд онҳоро фурӯшем, алаф надорем, убол аст",- мегӯяд, ӯ.

Субҳон Абдураҳмонов, ки хоҷагии чорводорӣ дорад, мегӯяд, эҳтимолан имсол барои ҳазорон гусфанд алафи кофӣ намеёбанд: "Ҳамасола то 500 тонна алаф захира мекардем, имсол ба фикрам намешавад."

Ба қавли Субҳон Абдураҳмонов, 75 хонаводае, ки дар Томчӣ зиндагӣ мекунанд, шояд ба сабаби хушксолӣ то 250 ҳазор сомонӣ зиён дида бошанд. Зарар ҳам аз ҳисоби харҷ барои тухмӣ, кишти гандум ва сӯзишворӣ шудааст.

Хушксолӣ чашмаҳои деҳаро ҳам аз байн бурд ва ягона ҳавз ва манбаи об дар Томчӣ, ки аз ҳисоби оби борон пур мешуд, батадриҷ аз байн меравад, чун обу барфи кофӣ набуд, ки пур шавад.

​Харҷи мардум ҳам барои об зиёд шудааст. Сафаргул Чориева, сокини 60-солаи Томчӣ мегӯяд, як тонна обро аз 100 то 200 сомонӣ мехаранд. Ба қавли ӯ, агар ҳаво ҳамингуна хушк бошаду борон наборад, мумкин аст, дар рустои онҳо қаҳтӣ биёяд. Ӯ умедвор аст, ки имсол барои камтар кардани хисороти хонаводаҳои кишоварз мақомот ба онҳо кӯмак мекунанд.

Аммо ҳукумати вилояти Хатлон то кунун ба онҳо ваъдаи кӯмак надодааст, ҳарчанд аз тирамоҳи соли гузашта ба мардум тавсия додаанд, ки чӣ гуна таъсири камобӣ ба зироатҳоро бо яхобмонӣ камтар кунанд. Тавсияе, ки дар заминҳои лалмӣ ба кор намеравад.

Сафар Маҳмадназаров.
Сафар Маҳмадназаров.

Ҳабибулло Қодиров, муовини идораи ҳифзи табиати вилояти Хатлон гуфт, дар воқеъ ҳавои хушки имсола барои кишоварзон хисороти зиёде овард. Ба қавли ӯ, оқибати дигари ҳавои хушк, бештар шудани ҳашароти зиёновар аст, ки ба меваву дигар зироати мардум зарар мерасонанд.

Хатлон бо аҳолии бештар аз 3 миллионнафарӣ бузургтарин вилояти кишоварзии Тоҷикистон аст, ки ҳар сол аз он ба бозорҳо даҳҳо ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ворид мешаванд. Пахтаи зиёди Тоҷикистонро ҳам аз ин вилоят мегиранд. Хушксолӣ дар инҷо маънии дигарбора ба чоҳи камбизоатӣ афтодани ҳазорон нафар дар вилоятро дорад.

Ҳоло хисороти умумӣ ба хоҷагиҳои вилояти Хатлонро ҳисоб накардаанд, вале дигар барои Маҳмадназар Сафаров, ҳисобу омор аҳамият надорад. Ӯ дар андешаи он аст, ки чӣ кор кунад, то имсол хонаводаро таъмин намояд. Ба суоли Радиои Озодӣ, ки агар аҳвол ҳамингуна бимонад, мардум чӣ кор мекунед, чунин посух дод:

"Чӣ кор мекунанд, як қисмаш ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ, меравад, як қисмаш мардикорӣ мекунаду гирд мегардад."

XS
SM
MD
LG