Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молия рӯзи ҷумъаи 24 июл дар нишасти матбуотии натиҷаҳои фаъолияти ин ниҳод дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ гуфт, ки "Тоҷикистон дар интегратсияи иқтисоди ҷаҳонӣ қарор дошта, тағйирёбии фишангҳои бозори молиявии ҷаҳонӣ, аз қабили пастравии рушди иқтисоди Русия, пойин рафтани қимати молҳои асосии содиротӣ, назири алюминиум ва нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ, коҳиши воридоти маблағҳои муҳоҷирони корӣ, беқурбшавии асъори миллӣ нисбати асъори хориҷӣ ва кам шудани ҳаҷми гардиши савдои хориҷи ва ҳатто вуқӯи ҳаводиси фавқуллодаи ғайричашмдошти табиӣ, таъсири бевоситаи худро ба иқтисоди кишвар расонидаанд.”
Ин аст, ки ба гуфтаи ҷаноби Каримзода, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, рушди Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0, 3 банди дар сад коҳиш ёфтааст. Ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта 6,7 дарсад буд. Ҳарчанд ҳаҷми номиналии ММД ба 19,2 миллиард сомонӣ баробар гардида, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,3 миллиард сомонӣ бештар аст.
Коҳиши ҳаҷми савдои хориҷӣ
Ба иттилои ҷаноби Каримзода, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар нимсолаи аввал маблағи 2 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи назаррас коҳиш ёфтааст. Содирот маблағи 434, 4 миллион доллар ва воридот 1, 6 миллиард доллар аст.
Ҳамчунин ба гуфтаи Ҷамшед Каримзода, “сатҳи таваррум, яъне индекси нарҳҳои истеъмолӣ аз аввали соли ҷорӣ 2, 6 дар садро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1, 9 банди фоиз пасттар мебошад.
Иҷро нагардидани нақшаи будҷаи давлатӣ
Муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, ин омилҳо ҳатман таъсири худро ба иҷроиши даромадҳои буҷаи давлатӣ расонида, ҳаҷми умумии будҷа дар ин давра ба маблағи 6, 9 миллиард сомонӣ ё ба андозаи 96,7 дар сад таъмин гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 235, 2 миллион сомонӣ кам ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 847, 2 миллион сомонӣ зиёлд мебошад.
Ҳамзамон ба итттилои Ҷамшед Каримзода, иҷрои нақшаи даромади буҷа дар ин давра 93, 5 дар сад таъмин гардида, ба он 3,2 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбати нақшаи пешбинигардида 223,1 миллион сомонӣ кам ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 124 миллион сомонӣ зиёд аст.
Қарзи берунӣ: Беш аз 2 миллиард доллар
Тибқи гузориши вазорати молияи Тоҷикистон, мизони қарзи берунии Тоҷикистон ба давраи 1 июли соли ҷорӣ маблағи 2, 1 миллиард долларро ташкил дода ва ба 19,5 дар сади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар гардидааст.
Ба гуфтаи Ҷамшед Каримзода, дар ин давра “идоракунии қарзи берунӣ дар сатҳи мӯътадил нигоҳ дошта шуда, хизматрасонии он ба пуррагӣ таъмин карда шудааст. Ин аст, ки дар ин муддат маблағи 70,7 миллион доллар, аз ҷумла 55, 09 миллион доллар барои пардохти қарзи асосӣ ва 15, 6 миллион доллар барои фоиз ё суди қарз ҷудо шуда ва таъмин гардидааст.
Ба гузориши вазорати молия, дар Тоҷикистон тавассути созмонҳои байналмилалии молиявӣ 62 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ ба маблағи умумии 2, 2 миллиард доллари амрикоӣ мавриди иҷро қарор доранд. Дар ин росто ҳаҷми умумии маблағҳои азхудкардашуда дар лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ 457, 6 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон барои иҷрои 5 лоиҳаи нав – 6 созишномаи қарзиву грантӣ ба маблағи 873 миллион сомонӣ ба имзо расида, ки саҳми Ҳукумати Тоҷикистон 132 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Маош 15 то 30 дар сад афзоиш меёбад
Дар ҳамин ҳол бо вуҷуди мушкилоти вазъи иқтисодии Тоҷикистон масъулони вазорати молия мегӯянд, ки аз 1 сентябри соли ҷорӣ маоши кормандони соҳаи будҷавӣ, ба хусус ҳукуматҳои маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва идрорпулии донишҷӯён боло бурда мешавад.
Ба ин тартиб ба гуфтаи Ҷамшед Каримзода, аз 1 сентябр маоши кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ 15 дар сад, маорифу тандурустӣ – 20 дар сад ва стипендия ё идрорпулии донишҷӯёни макотиби олӣ 30 дар сад афзоиш меёбад.
Ба таъкиди муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон барои болоравии маоши кормандони соҳаҳои буҷавӣ мааблағи 329 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад. Ба гуфтаи ин масъули вазорати молия ин маблағ ҳатман аз сарчашмаҳои асосии таъминкунандаи будҷа ҷиҳати пардохт таъмин карда мешаванд.