Хонае, ки аз шавҳар, барои ӯву ягона писари дусолааш ба мерос монда буд, аз даст рафт. Ин сокини 44-солаи шаҳри Душанбе мегӯяд, баъди издивоҷ ду сол бо шавҳараш дар Русия кор карда бо ин пул тавонистанд, дар маҳаллаи “Гипрозем”-и канораҳои пойтахт як манзили сеҳуҷрагиро соҳиб шаванд. Аммо бахти онҳо дар хонаи орзуҳо зиёд тӯл накашид. Баъди ҳудудан як соли зиндагӣ шавҳараш бар асари беморӣ даргузашт ва ӯву писари дусолааш танҳо монданд.
Ин зан мегӯяд, ҳарчанд бо мушкилӣ зиндагии худу фарзандашро пеш мебурд, танҳо сарпаноҳ дили ӯро барои оянда гарм мекард. Бехабар аз ин ки бародарони шавҳар хонаи меросиро фурухта онҳоро дарбадар карданд.
Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт: “Соли 2003, вақте бародари шавҳарам гуфт, ки “хонаро мефурӯшем”, ман розӣ нашудам. Гуфтам, “мо куҷо зиндагӣ мекунем?”
Аммо онҳо ба ман гуфтанд, ки шавҳарат қарздор аст ва як нафарро оварданд, ки гуё шавҳарам аз ӯ қарздор буд. Ман розӣ нашудам, вале баъдан фаҳмидам барои омода кардани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ шавҳарамро нафари безану фарзанд сабти ном карда хонаро фурӯхтанд. Ҳарчанд ин хона барои писарам мероси падари марҳумаш буд ва мерос харидуфурӯш намешавад”.
Баҳси 12 солаи додгоҳӣ барои гирифтани мерос
Маърифат Муродова мегӯяд, бо гузашти се сол, талошаш барои бо роҳи муросо баргардонидани мероси шавҳараш бо пайвандони ӯ бенатиҷа буд ва баъдан додгоҳ шикоят кард. 12 сол боз баҳси додгоҳии ӯ барои баргардонидани манзили мерос идома дорад.
Ҳоло Усмонҷон Абдуллоев, меросхури асосии ин манзил ва писари Маърифат 18-сола шуда ҳуқуқи қонунии даъво барои ин меросро пайдо кардааст.
Усмонҷон Абдуллоев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои хонае ки “ҳаққи ҳалол”-и ӯ буд, то охир мубориза хоҳад бурд. Вай афзуд: “чунки дар шиносномаи техникии манзили падару модарам, волидонам ва ман сабт шуда будем ва танҳо баъди марги падарам ҳам аз назари қонунӣ модарам ва ман меросхӯр дониста мешавем, на амакам ё каси дигар”.
Дар ҳамин ҳол Ҳафиз Абдуллоев сокини ноҳияи Восеъ, бародаршуи Маърифат ва амаки Усмонҷон Абдуллоев дар як суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки воқеан ин манзилро бародараш Фарҳод Абдуллоев ва Маърифат Муродова бо маблағе харидаанд, ки якҷо дар Русия дар муҳоҷират буданд.
Ӯ гуфт, баъди марги бародараш як ҳамдеҳаашон бо номи Муҳаббат Ҳусейнов ба назди онҳо омада гуфтааст, бародари марҳумаш аз ӯ қарздор аст.
“Ҳамин тавр Муҳаббат Ҳусейнов ҳуҷҷатҳои хонаро бо роҳи фиреб аз Маърифат Абдуллоева гирифта бо роҳи қалбакӣ аз номи ман Ҳафиз Абдуллоев боваринома таҳия карда бо имзои тақаллуби хонаро фурӯхтааст. Баъдан Ҳусейнов барои ман забонхат дод, ки воқеан аз номи ман ҳуҷатҳои тақаллубӣ таҳия кардааст ва ба ҷои ин хона харида медиҳад. Чун соли 2015 додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе қарор кард ин нафар 146 ҳазор сомонӣ пули хонаро бояд баргардонад. Вале то ҳозир на пул на хона ҳеҷ чиз надодааст” - гуфт Ҳафиз Абдуллоев.
Шеваҳои ба мерос гузоштани моликият дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон мерос бо ду роҳ - қонунӣ ва аз тариқи васият дода мешавад. Бар асоси қонун, меросхӯрони дараҷаи аввал - ҳамсар, фарзанд, фарзандхонҳо ва волидон маҳсуб мешаванд.
Агар меросгирандагони дараҷаи аввал набошанд, меросхӯрони гурӯҳи дуюм - бародар, хоҳар, бобо, бибӣ ва хоҳару бародарзодаҳо эътироф шаванд. Ба унвони шахси сеюм - тағову хола, аммаву амак ва фарзандони онҳо эътироф мешаванд. Аммо бо роҳи васият мерос метавонад, ба нафари комилан бегона ҳам дода шавад.
Тоҳир Қодирзода, раиси колегияи додгоҳӣ оид ба парвандаҳои граждании додгоҳи олии Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ноболиғоне, ки соҳиби молу мулк ҳастанд ё мерос ба номи онҳо гузошта шудааст, бидуни иҷозати мақомоти васият бегона кардани мероси онҳо манъ аст.
Қодирзода гуфт: “Ҳатто шахси ноболиғ дар ҳолати будани васиятнома ҳам ҳаққи гирифтани меросро дорад. Ноболиғоне, ки ҳуқуқ ба мерос доранд, бояд намояндагони қонунии онҳо аз ҳақашон ҳимоя кунанд. Нисбати ноболиғоне, ки молу мулки меросии онҳо аз ҷониби дигарон аз худ карда мешавад ё ғайриқонунӣ харидуфурӯш шудааст, дар ин ҳолат аз ҳуқуқи онҳо дар додгоҳ бояд додситонҳои босалоҳият ва комиссияи ҳуқуқи кудак ҳаққи ҳимоя доранд”.
Ҷанҷолҳо барои мерос бештар мешаванд
Додрас мегӯяд, ҳарчанд ин ниҳод омори баҳсҳои марбут ба мерос ва тақсими меросро ҳисоб накардааст, аммо миёни 15 ҳазор парвандаҳои оилавӣ дар соли 2018 баҳсҳои марбут ин масъала кам нест. Зеро ба гуфтаи ӯ бо беҳтар шудани вазъи иқтисодии кишвар, сокинон ҳам соҳиби хонаву мошин ва иншоотҳо ҳастанд, ки ин боиси пайдо шудани баҳсҳо ба сари тақсими мерос мешавад.
Мерос ё тақсими мероси волидон баъд аз марги онҳо, яке аз масъалаҳои баҳсбарангези сокинони Тоҷикистон аст, ки дар аксари ҳолатҳо ҳатто ба қатъи робитаҳои хешутаборӣ ва эҷоди баҳсҳои тӯлонии додгоҳиву хушунат мепечад. Коршиносон мегӯянд, ки мушкилоти иқтисодиву бекорӣ, камзаминии Тоҷикистон ва гаронии нархи манзил ин масъаларо амиқтар мекунад.
Баъдан фаҳмидам, барои омода кардани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ шавҳарамро безану фарзанд сабти ном карда, хонаро фурӯхтанд
Сокинони Тоҷикистон зиёд одат надоранд, ки моликияти хусусиро бар асоси асноди ҳуқуқӣ сабти ном ва тақсим кунанд. Аксар васиятҳои онҳо шифоҳӣ, на хаттӣ ва ҳуқуқӣ сурат мегирад. Аз ин ҷост, ки баъди марги волидон фарзандон сари тақсими хонаву ҷой бо ҳам вориди ихтилофу моҷаро мешаванд. Баҳси манзил оилаҳои зиёдро пароканда ва ба ҳам душман кардааст.
Вакилони дифоъ, ки дар ниҳояти амр боз намудани гиреҳи баҳси бародарону хоҳарон ба души онҳо меафтад, мегӯянд, иллати аслии ҳама ҷангу низоъ дар набуди фарҳанги расман мерос гузоштан аст.
Вакили дифоъи Бахтиёр Насруллоев мегӯяд, бегона кардани мерос ё харидуфурӯши он то замони қабули ҳуҷҷати мерос номумкин аст. Ин вакили дифоъ мегуяд солона, то даҳ парвандаҳои марбут ба меросро пеш мебарад.
Ҳарчанд ба гуфтаи Насруллоев, шикоятҳо дар мавриди тақсим ва азхудкунии мерос зиёданд, баъзан пайвандон баъд аз фавти соҳибмулк меросро бо роҳи муросо миёни ҳам тақсим мекунанд.
Вакили дифоъ мегӯяд, одатан, манзилҳои истиқоматиро ба мерос мегузоранд. Ба мерос мондани амволи тиҷоратӣ, аз ҷумла мағозаву ширкату корхонаҳо, хеле ангуштшумор аст. Вакилони дифоъ мегӯянд, аз роҳи қонунӣ мерос гузоштан, оташи хашму ғазабҳоро хомӯш намуда, ба ҳама баҳсҳо нуқта мегузорад, чун одатан баъд аз марги шахс, васияти ӯро баҳс намекунанд.
Ҳамшира харҷи мотами бобо аз они ту...
Ҳарчанд қонунҳои Тоҷикистон дар масъалаи тақсими мерос ба меросбарҳо, новобаста ба ҷинси онҳо бархӯрди яксон дорад, аммо дар тақсими мерос, бартарият бештар ба писарон дода мешавад ва маъмулан, хонаи падару модар ҳаққи писари хурдӣ эътироф мешавад. Ин ҳам ба таъкиди ҷомеашиносон ба мардсолор будани ҷомеаи Тоҷикистон низ рабт мегирад.
Заноне, ки дар зиндагӣ хонавайрон шуда ба манзили волидон бармегарданду, дигар ҷои рафтан надоранд, ба хотири доштани кулбаи қонунӣ мубориза мебаранд ва дар камтарин ҳолат аз бародарони худ ҳақашонро талаб мекунанд.
Коршиносони умури занон мегӯянд, барои таъмини адолати ҷинсӣ бояд зеҳният ва фарҳанги ҷомеа иваз шавад, то фарзандонро ба худиву бегона тақсим накунад. Аммо ҷомеашиносон мегӯянд, агар волидайн мехоҳанд баъд аз марги худ фарзандонро бо ҳам рақиб ва душман накунанд, бояд пеш аз пеш тасмими худро ба таври расмӣ сабт кунанд.
Ба андешаи ҷомеашиносон, зарур аст, ки ҳуқуқдонҳо аз тариқи садову симо ва матбуоти даврӣ ин мавзӯъро ба баҳси умум бикашанд ва дониши ҳуқуқии мардумро боло баранд. Дар ин сурат муносибатҳои оилавӣ осеб намебинад ва мардум одат мекунанд, ки аз роҳи маданӣ ба масъалаи меросу манзил муносибат кунанд.