Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азоби кӯдакони "ноаён"-и муҳоҷирон дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Бинои яке аз мактабҳои миёна. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ
Бинои яке аз мактабҳои миёна. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Бино ба натиҷаҳои як пажӯҳиш, садҳо кӯдаки муҳоҷирони тоҷик дар кишвар шаҳодатномаи таваллуд надоранд ва аз гирифтани имтиёзҳои иҷтимоӣ маҳруманд. Яъне, ҷисман ҳастанд, аммо номашон дар ҷое сабт нашудааст.

Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид ва мақомоти Тоҷикистон дар чаҳорчӯби як тарҳ дар чанд ноҳия 3 ҳазор кӯдакони ба гуфтаи онҳо "ноаён"-ро ошкор кардаанд. То кунун ба ду ҳазор нафари онҳо, ки аз 9 то 18 сол доранд, шаҳодатномаи таваллуд дода шудааст.

Мақомот мегӯянд, ин вазъият ба сабаби бепарвоии волидони кӯдакон ба вуҷуд омадааст. Баъзе аз муҳоҷирон гуфтанд, онҳо ба хотири дарёфти ризқу рӯзӣ моҳҳову солҳо аз хонавода дуранд ва ба дуруст кардани санади фарзандон фурсат намеёбанд.

Бо ин ҳол, шумораи пурраи кӯдаконе, ки бе санади ҳувият ҳастанд ва аз имтиёзҳои иҷтимоӣ маҳруманд, маълум нест.

Бе шаҳодатномаи таваллуд мондани кӯдакон дар баъзе аз хонаводаҳо дар Тоҷикистон яке аз паёмадҳои манфии раванди муҳоҷират гуфта шудааст. ЮНИСЕФ ё Бунёди кӯдакони СММ чанде пеш дар Душанбе дар нишасте бо намоиши тасвири нонамоён ё шабаҳи наврасе аз кӯдакони бе санад "кӯдакони ноаён" ном бурд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Азоби кӯдакони "ноаён"-и муҳоҷирон дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00

Шӯҳрат Шарифов, як масъули бахши робита бо ҷомеаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, гуфт, бо ин тасвир хостанд, ки таваҷҷӯҳи мардум ва мақомотро ба масъала ҷалб кунанд. "Нишон додем, кӯдаконе, ки шаҳрвандӣ ё ҳуҷҷат надоранд, ноаёнанд ва онҳоро система ё одамон намебинанд. Онҳо азоб мекашанд. Бояд шахсони муттасадӣ кӯшиш кунанд, то ҳар кӯдак новобаста ба мавқеъ ва ҷойи зист ба ҳама хизматрасонӣ дастрасӣ дошта бошанд", -- афзуд ӯ.

Бо он ки солҳои ахир муҳоҷирон ҳарчӣ бештар талош доранд оилаҳояшонро бо худ ба Русия баранд, ҳанӯз ҳам дар кишвар кӯдакони зиёде ҳастанд, ки моҳҳову солҳо аз модар ё падар ҷудо мемонанд. Онҳо дар тарбияи бобову бибӣ ба воя мерасанд. Ҳамин дурӣ ва мушкили иқтисодӣ боис шудааст, ки дар баъзе аз ин хонаводаҳо кӯдакон наметавонанд сари вақт санадҳои зарурӣ бигиранд.

Маҳрум мондан аз санадҳои аввалини ҳувият ҳам, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи кӯдак, дастрасии онҳоро ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тиббӣ ва ҳатто ба таҳсил мушкил мекунад.

Дилноза, сокини ноҳияи Рудакӣ, то 16-солагӣ шаҳодатномаи таваллуд надошт ва ба ин далел аз санади хатми мактаб маҳрум монд ва ин як нақшаи муҳими зиндагиашро ба ҳам зад. Дилноза мегӯяд, танҳо замоне синнаш барои гирифтани шиноснома расид, волидон дар фикри гирифтани шаҳодатномаи таваллуд шуданд.

Бо ҳадафи ҳимояи кӯдакони муҳоҷирон ва таъмини онҳо бо ёриҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ва дастрасӣ ба таҳсил Бунёди атфоли СММ якҷо бо мақомоти Тоҷикистон тарҳи "Ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират”-ро роҳандозӣ кардаанд. Дар як соли ахир дар доираи ин тарҳ ба 2 ҳазор навраси аз 9 то 18-сола шаҳодатномаи таваллуд дода шудааст. Қарор аст, рӯзи дуюми ноябр 300 навраси дигар соҳиби ин санад шаванд.

Саидасрор Саидов, сардори раёсати муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, вақтҳои ахир муроҷиати оилаҳои муҳоҷирон барои гирифтани санад ва имтиёзҳои иҷтимоӣ онҳо бештар шудааст. "Баъзеҳо шикоят мекунанд, ки падаронашон кумаку нигоҳубин намекунанд. Мо кӯшиш мекунем, ба воситаи намояндагии Вазорати муҳоҷират дар Русия ба ҳар яки онҳо таъсир расонем, то ин мушкил то ҳадди имкон ҳалли худро пайдо кунад", -- гуфт ӯ.

Таҳлилгарон мегӯянд, таъсири муҳоҷират ба кӯдакон ва хонаводаҳои танҳомондаи онҳо "бисёр бад аст". Раҳмон Улмасов, коршиноси масоили муҳоҷират, гуфт, "як сабабаш дур мондани атфол аз таваҷҷӯҳ, муҳоҷирати тӯлонии мардони хонавода ва бунёди оилаҳои нав дар Русия аст".

Ба гуфтаи ӯ, "баъд аз издивоҷ дар Русия, мардони тоҷик дигар ба хонаводаҳои худ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ намекунанд ё хеле кам диққат медиҳанд. Дузанагӣ сол то сол зиёд шуда, хусусияти байналмилалӣ мегирад. Як зан дар инҷо дувумаш дар онҷо. Бо зани дувум дар онҷо вақти зиёди худро бо шароити беҳтар мегузаронад, вале ба инҷо дар як сол як ё ду дафъа меоянду ба кӯдакон каму беш пул сарф мекунанд."

Нозирони умур ва созмонҳои байналмилалӣ бар инанд, ки бояд дар Тоҷикистон мизони фақр поин ва барои таъмини мардум бо ҷойи кор дар дохил шароит фароҳам оварда шавад, то батадриҷ бахше аз муҳоҷирон битавонанд дар назди оилаҳои худ кору зиндагӣ кунанд ва аз паёмадҳои ногувори муҳоҷират пешгирӣ шавад. Муҳоҷирони тоҷик ҳам мегӯянд, ин вазъият аз ночорӣ ва дасткӯтоҳии онҳо ба вуҷуд омадааст.

Як таҳқиқи дигари ЮНИСЕФ дар гузашта маълум карда буд, кӯдаконе, ки падаронашон дар муҳоҷирати корӣ ҳастанд, бештар афсурдаҳолу маҳзунанд ва саркашу канораҷӯ мешаванд. Зимни пажӯҳиш маълум шудааст, ки 50 дарсади кӯдакони хонаводаҳои муҳоҷирони корӣ ҳафтае як бор ғамгину афсурда будаанд.

XS
SM
MD
LG