Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷири тоҷик духтари русро аз чанги саги дарранда халос кард. ВИДЕО


Муҳоҷирони тоҷик Настяи 11-соларо наҷот доданд
Муҳоҷирони тоҷик Настяи 11-соларо наҷот доданд

Дилшод Тоҳирови 41-сола, як сокини шаҳри Роғун, ки аз панҷ-шаш сол ба ин тараф дар ноҳияи Истраи вилояти Маскав бо корҳои сохтмонӣ машғул аст, ҳеҷ тасаввур намекард, ки рӯзе дар наҷоти ҷони кӯдаке ширкат хоҳад кард.

Наҷоти кӯдаки 11-сола аз даҳони саги дарранда

Шоми 22-юми август, тахминан баъди соати 7 бегоҳ буд, ки садои кӯмакхоҳии кӯдакон баланд шуд. Ду духтари ноболиғ гуфтанд, ки ба дӯсташон саге ҳамла кард. Дилшод мегӯяд, ки ҳамроҳ бо ҳамватанони дигари ҳамкораш аввалин чизи ба даст омада -- белро гирифта, ба сӯи кӯдак шитофт. Дандони дарранда гардани тифли 11-соларо маҳкам гирифта, намехост онро сар диҳад.

Дилшод Тоҳиров мегӯяд, ки дар ҳодисаи наҷоти ин духтарак, ҳамроҳи вай боз чанд ҳамватани дигараш низ буданд.

Дилшод Тоҳиров мегӯяд, "рафтам, ки саг духтарчаро аз гарданаш газида ба замин зер кардааст. Як-ду дақиқа зудтар давида омадем, вагарна шояд духтарча дигар зинда намемонд. Баъд тоқат накардаму ба сари саг ду-се бел задам. Аз гулӯяш сар доду аз сараш гирифт. Ин карат аз миёнаш се-чор бор задам, ки гурехт. Баъд духтарчаро гирифта, ба ҷои корам бурдам. Баъд ба бачаҳо гуфтам, ки аз гарданаш хун мерехт, аз гарданаш бидоред, ки

хуни зиёд наравад".

Ҳама коргарони тоҷик ҳамон лаҳза даст ба кор шуда, яке талош мекард пеши роҳи хунравиро бигирад, дигаре гарданро докапеч мекард ва сеюмӣ аз дасти духтар гирифта буд, ки набзашро эҳсос кунад. Худи Дилшод рафта модаркалони Настяро даъват кард. Дилшод Тоҳировро дар хонаи Настя мешинохтанд -- ӯ як ё ду сол пеш дар таъмири девор ё дарвозаи хонаи онҳо кӯмак карда буд.

Олга Александрова, модаркалони Настя дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамлаи саг ба наберааш хеле ногаҳонӣ буд. Худи ӯ якуним соат пеш аз фоҷеа аз назди ҳамон хонаву кӯча мегузашт ва ҳеҷ гоҳ тасаввур намекард, ки ротвеллери ҳамсоя метавонад набераи ӯро ҳадаф қарор диҳад.

"Хайрият, ки Дилшод онҷо буд..."

"Хайрият, ки ҳамон лаҳза Дилшод ҳамон ҷо будааст. Онҳо барои соҳибашон қубури обгузар мегузарониданд, бо ҳамон асбоби зери дасташ -- бел давида рафт. Ӯ барои наҷоти кӯдак кӯмак кард",-афзуд Олга Александрова.

Мошини ёрии таъҷилиро ҳам Дилшоду ҳамкоронаш ҳамроҳ бо соҳиби хонае, ки дар он кор мекарданд, даъват карда, бо мошини ӯ то сари кӯча якуним километр роҳро убур карда тифли дар хун оғуштаро ба пешвози табибон бурданд. Олга Александрова гуфт, агар ҳамаи инро намекарданд, танҳо фарзанди писарашро аз даст медоданд.

Муҳоҷири тоҷик духтари русро аз ҳалқи саги дарранда халос кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00

"Мо бисёр миннатдорем. Агар ӯ набуд... Вақте баъди се соати ҷарроҳӣ духтури анестезиолог ба назди мо баромаду гуфт, ки ин таваллуди дубораи кӯдак буд. Вай гуфт, ки дандони саг як каме то раги хоби тифл нарасида буд, ки ӯро наҷот доданд. Каме монда буд, ки ӯ бимирад. Настя баъди ҷарроҳӣ гуфт, "бибиҷон, маро малоикаҳо наҷот доданд"? Ман гуфтанӣ ҳастам, ки мардуми Осиёи Марказӣ фарқ мекунанд. Қадри фарзанду волидон дар чашми онҳо хеле баланд аст. Дилшод ҳатто фикр накард, ки бояд ба кӯдак кӯмак кунад ё на".

Сипоси сокинони маҳаллӣ аз муҳоҷирони тоҷик

Дилшод Тоҳиров мегӯяд, худ падари шаш фарзанд аст, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд ва дарди кӯдакро мисли дарди фарзанди худ қабул кард. Ҳоло ӯ дар таҳқиқи қазия ба полиси Русия кӯмак мекунад. Полиси ноҳияи Истра аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда соҳиби саги кушандаро ҳам ба ҷавобгарӣ кашидааст.

Ба қавли Дилшод Тоҳиров, таҷрибаи кори чандинсолаи ӯ дар ин деҳа ва муносибати хуби сокинон боис шуд, ки ҳамасола кор дар ҳамин деҳаро интихоб мекунанд ва аксари сокинон ҳам ба онҳо боэҳтиром муносибат мекунанд. Дар давоми чанд рӯзи баъди ин ҳодиса сокинони маҳаллӣ пайваста ба Дилшоду ҳамроҳонаш тӯҳфаҳо тақдим мекунанд. Бори аввал як сабади калоне бо маводи ғизоӣ оварданд, бори дигар як сар гӯсфанд тақдим карданд.

Дилшод Тоҳиров мегӯяд, дар ҳодисаи наҷоти ин духтарак, ҳамроҳи вай боз чанд ҳамватани дигараш низ буданд. Инҳо – сокинони деҳаи Қалъаи Нави шаҳри Роғун - Бахтиёр Тоҳирзода (додари Дилшод), Фаридун Турсунзода, Баҳриддин Зайдов, сокини Файзобод Сайёд Идиев ва Сабур - як сокини Душанбе мебошанд.

XS
SM
MD
LG