Мақомоти Узбекистон ба як гуруҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳангоми бозгашт аз Русия дар марзи Қазоқистону Узбекистон дармонда буданд, иҷозаи гузаштан додаанд. Муҳоҷирон гуфтанд, баъд аз 17 соати интизорӣ аз сарҳади Қазоқистон ба қаламрави Узбекистон ворид шаванд. Узбекистон баъди сабт шудани ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус марзҳояшро баст ва убуру мурури шаҳрвандони хориҷиро қатъ кард. Муҳоҷирон мегӯянд, аз тасмими Тошканд хабар надоштанд.
Парвиз, яке аз муҳоҷирони бандмондаи тоҷик, шоми 16-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар ҳудуди Узбекистон мошинҳои онҳоро тафтиш доранд.
Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ бегоҳи 16-уми март кушода шудани роҳи муҳоҷирони бандмондаи тоҷикро тасдиқ карданд.
Дафтари матбуотии ВКХ дар як шарҳи кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ба шаҳрвандоне, ки дар назди марз дармонда буданд, иҷоза шуд, ки гузаранд." Вале маълум нест, ки иҷозаи мақомоти Узбекистон барои убури шаҳрвандони Тоҷикистон аз хоки ин кишвар якдафъаина аст, ё доимӣ.
Ин видеоро муҳоҷирон пеш аз боз шудани роҳ фиристоданд:
Қаблан мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта буданд, барои кушодани роҳи шаҳрвандони кишвар, ки дар марзи Қазоқистону Узбекистон истодаанд, бо мақомоти ду кишвар гуфтугӯ доранд.
Дар айни замон вазорат аз сокинон хостааст, ки аз сафар ба Қазоқистону Узбекистон, аз ҷумла сафарҳои транзитӣ дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоянд.
Узбекистон яке аз масирҳои муҳим барои расидани муҳоҷирони тоҷик ба Русия аст. Шаҳрвандони Тоҷикистон ин роҳро ҳам арзон ва ҳам наздик мегӯянд.
Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон нимашаби 16-уми март ҳангоми бозгашт аз Русия ба ватан дар гузаргоҳи Навоии Узбекистон дармонданд. Онҳо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ шумораашонро беш аз сад нафар гуфтанд, ки дар миёнашон занону кӯдакон ҳам ҳастанд.
Мақомоти Узбекистон рӯзи 15-уми март нахустин ҳолати гирифтор шудани як шаҳрванди ин кишвар ба КОВИД-19-ро тасдиқ карданд.
Дар пайи ин Абдулло Орифов, сарвазири Узбекистон зимни як нишасти кӯтоҳи хабарӣ гуфт, аз рӯзи душанбе иртиботи ҳавоӣ ва заминӣ бо кишварҳои дигар ва вуруди хориҷиҳо ба Узбекистон ва сафари шаҳрвандони ин кишвар ба хориҷ манъ карда мешавад. Ҳаракати қатори роҳи оҳан баъди се рӯз қатъ мегардад.