Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Китобхонаи миллӣ ба кори шабона гузашт


Масъулони китобхонаи миллии Тоҷикистон мегӯянд, акнун онҳо то соати даҳи шаб фаъолият хоҳнад кард. Ин тасмим бо дастури раисиҷумҳур ва дар пайи афзоиши муштариёни китобхонаи миллӣ гирифта шудааст.

Кормандони китобхонаи миллии Тоҷикистон мегӯянд, солҳои охир мардуми китобхон зиёд шудааст ва дигар мисли қабл толори китобхонаҳо холӣ нест. Ба ҳамин далел ва бо дастури раисиҷумҳур ин китобхона соатҳои кории худро дароз кардааст.

Донишҷӯён ва дӯстдорони китоб, ки саргарми хондан гузаштани вақтро эҳсос намекунанд ё пештар аз наздик шудани поёни кори китобхонаи миллии Тоҷикистон дар соати 5-и бегоҳ безобита мешуданд, акнун метавонанд, бо хаёли роҳат ба мутолиа ва пажӯҳишҳои худ идома диҳанд. Дарҳои китобхонаи асосии кишвар то соати 10-и шаб боз хоҳанд буд.

Ҳуриннисо Ализода, муовини раиси китобхонаи миллӣ мегӯяд, ин тасмим бо дастури Эмомалӣ Раҳмон ва барои ривоҷ додани фарҳанги китобхонӣ гирифта шудааст. Ӯ меафзояд, "дар ҷаласаи ҳукумат дастур доданд, хизматрасонӣ ба муштариёни китобхона дароз шавад. Акнун китобхона дар ду баст кор мекунад, басти якум аз соати 8 то 17 ва басти дуюм аз соати 14 то 22-и шаб. Ба ин хотир автобус ҷудо карда шуд барои кормандон ва ҳамчунин рӯзи шанбе ҳам рӯзи пурраи корӣ эълон шуд. Аз ин ҳисоб рӯзи душанбе таътил мешавад."

Ба роҳ мондани фаъолияти шабона дар китобхонаи миллӣ дар ҳолест, ки ин шеваи кор танҳо замони Шӯравӣ роиҷ буд ва мардуми китобдӯстдор маҳфилҳои зиёди шабона баргузор мекарданд. Аммо баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 1992-1997, ба иллати вазъи амниятӣ, коҳиш ёфтани нашри китобҳои бадеӣ ва шароити номусоиди зиндагӣ, шумори китобхонҳо ҳам ба маротиб коҳиш ёфт. Ҳоло ҳам аксар адибони тоҷик аз кам будани шумори хонандаҳои худ шикоят мекунанд, аммо кормандони китобхонаи миллии Тоҷикистон мегӯянд, дар тайи солҳои ахир вазъ тағйир карда, шумори онҳое, ки аз хазинаи ин китобхона истифода мебаранд зиёд мешавад.

Як сабаби то 5 соат тамдид шудани соати кории китобхона ҳам ба гуфтаи хонум Ҳуриннисо Ализода ҳамин аст: “Ин иқдом аз он сарчашма гирифт, ки сафи муштариён зиёд шуд. Ҳатто рӯзҳое буданд, ки толорҳои хониш, ки хеле васеъ ҳастанд ва ҳама фикр мекарданд, онҳо холӣ ҳастанд, пур шуд. Фикр мекунам, сабаби зиёд шудани таваҷҷӯҳ ба китобхонӣ ин зиёд шудани майли мардум ба илму омӯзиш ва ҳам сифати хизматрасонии хуби китобхона аст.”

Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки гуфта мешавад бузуртарин китобхонаи муосир дар Осиёи Марказӣ аст, соли 2012, дари худро ба рӯи хонандаҳо боз кард. Ҳолодар ин китобхона бештар аз 10 миллион китоб дар дастраси хонандаҳост ва он беш аз 20 толори мухталиф дорад.

Яке аз толорҳои серистифода ҳам миёни хонандаҳои ҷавон, толори электронии китобхона будааст, ки он барои ҳудудан 200 нафар пешбинӣ шудааст. Аммо масъулони ин толор мегӯянд, ҳар рӯз тақрибан 300 нафар ин ҷо, тариқи интернет ва саҳфаҳои вижа маълумоти барои худ муҳимро дастрас мекунанд.

Азимҷон, донишҷӯи курси аввали факултаи муносибатҳои байналмилалии донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, азбаски аксаран дар дарёфти китобҳои марбут ба ихтисосаш мушкилӣ мекашад, "соатҳои зиёди худро қабл аз дарсу баъд аз он дар ин толор сипарӣ мекунад”. Аммо мегӯяд Азимҷон, “компютерҳои китобхона ба бархе аз саҳфаҳои китобхонаҳои ҷаҳонии электронӣ дастрасӣ надорад ва мо ҳам наметавонем, баъзе маълумоти ҷаҳониро пайдову мутолиа кунем.”

Толори махсус барои кӯдакон, марказҳои забони чиноӣ, куриёӣ, англисӣ, ки дар онҳо барои хоҳишмандон дарси ройгон роҳандозӣ шудааст, низ қариб ҳар рӯз серодаманд.

Дар толори хониш, ки толори бузуртарини китобхона аст, дар қатори хонандаҳои дигари ҷавон Аламхон Кӯчаров -- профессори донишгоҳи миллиро дидем. Кӯчаров қабл аз ҳама аз ба фаъолияти шабона гузаштани китобхона изҳори хушҳолӣ кард ва гуфт: "Албатта, ҳама маводро пайдо карда намешавад инҷо, аммо аксари мавод ҳаст. Ман рӯзи китобхонӣ дорам ва аз саҳар меоям ва то бегоҳ вақтамро инҷо сарф мекунам. Имрӯз омадам, ки баъзе мавод дар бораи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, ки имсол 700-солагияшро ҷашн мегирем, пайдо кунам. Албатта, китобхона, ки ҳамеша дараш кушода бошад барои мардум хеле хуб аст ва ҳар вақте ки фурсат шуд, омада хондан мумкин."

Ҷавононе, ки дар хориҷа таҳсил кардаанд, мегӯянд, бештар шудани соатҳои кории китобхона ба бисёре аз кишварҳои ҷаҳон хос аст. Дар бархе аз кишварҳо дари аксар китобхонаҳо шабонарӯзӣ ё то нисфи шаб ба рӯи хонандаҳо боз аст. Сайф Сафар, хабарнигори ҷавони тоҷик, ки муддате дар Ҳиндустон таҳсил кардаву аз китобхонаҳои ин кишвар истифода бурдааст, мегӯяд, дар он ҷо барои бо сабаби таъмир як муддат, қатъ шудани кори шабонаи як китобхона ҷавонон даст ба эътироз заданд. Аммо Сайф бовар надорад, ки бо зиёд кардани соати кории худ китобхонаи миллӣ тавонад таваҷҷӯҳи ҷавононро ба китобхонӣ бештар кунад.

Аммо кормандони бахши электронии китобхонаи милии Тоҷикистон мегӯянд, онҳо дар дастрасӣ ба адабиёти зарурӣ мушкил надоранд, ва ҳар кас метавонанд китоби дархосткардаи худро пайдо кунад, фақат мушкил, ба ақидаи онҳо дар безавқӣ, камтаваҷҷӯҳӣ, костагии фарҳанг ва муносибати на чандон хуби ҷавонон бо китоб аст.

XS
SM
MD
LG