Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Манижа: "То ҳол бароям норӯшан аст чаро тарки саҳна кард"


Манижа Давлатова
Манижа Давлатова

Наздикони Манижаи Давлат, овозхони маъруфи тоҷик, ки қариб нӯҳ сол боз аз саҳнаи ҳунар канор рафтааст, аз фаъолияти ӯ дар бахши оҳангнависӣ хабар доданд.

Манижаи Давлат дар оғози соли 2000-ум рӯи саҳнаи ҳунар омад ва дар фурсати кӯтоҳе миёни сокинони кишвар ва дигар форсизабонҳо маҳбубият касб намуд. Ӯ дар соли 2002-юм консерти нахустини худро дар Кохи Борбади Душанбе баргузор карда ва ҳамон сол албоми таронаҳояшро низ бо номи "Сарнавишти ман" ба бозор баровард.

Манижа аз ҷумлаи камтарин овозхонҳои зан дар Тоҷикистон буд, ки дар соли 2006-ум ба Афғонистон рафта ва дар он ҷо барномаҳои консертӣ ҳам иҷро намуд. Аммо баъд аз ин сафараш дигар Манижа дар саҳнаи ҳунар кампайдо шуд ва дар бораи зиндагиву кори ӯ низ сару садоҳое пахш гардиданд. Бо ин вуҷуд, то ҳанӯз Манижаи Давлат далели сукут ва канор рафтан аз саҳнаи мусиқиро шарҳ надодааст.

Ойим Ашӯрова, модари овозхони тоҷик Манижа Давлатова дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ нахуст дар куҷо ва бо чӣ кор машғул будани духтараш гуфт:

Ойим Ашӯрова: Духтарам Манижа ҳоло дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад ва ба эҷодӣ шеъру оҳангҳои нав машғул аст. Ӯ бештар кӯшиш мекунад барои овозхонҳои ҷавон оҳанг нависад.

Радиои Озодӣ: Яъне Манижа бо кадом сарояндаҳо ҳамкорӣ дораду кадоме аз онҳо аз оҳангҳояш истифода мекунанд?

Ойим Ашӯрова: Бо Зулайхо Мамадшоева, Зайнура Пӯлодова, Сураёи Мирзо, Ҷонибеки Мурод, Ҳабиб барои ҳамаи онҳо оҳанг менависад ва ҳамкории ӯ дар ҳоли ҳозир бо онҳо хеле қавӣ аст.

Радиои Озодӣ: Духтари шумо ки дар кӯтоҳтарин муддат ҳамчун ҳунарманд маъруф ва яке аз ситораҳои ҳунари тоҷик шуд, чаро ба якборагӣ тарки саҳна кард? Дилатон ба ҳунару истеъдоди духтаратон танг намешавад?

Ойим Ашӯрова: Ин ҳам барои ман норӯшан аст, зеро худи Манижа то ҳол бароям нагуфтааст, ки чаро тарки саҳна кард. Танҳо гуфта метавонам ки духтарам азоби зиёд кашид. Албатта дилам барои ҳунари ӯ месӯзад, ҳамеша мегуям, Манижа ақалан якбори дигар рӯи саҳна баро. Ҳамеша дар ҷавоб мегӯяд, ки агар имконият шавад ҳатман мебароям.

Радиои Озодӣ: Шумо гуфтед, ки Манижа азоби зиёд кашид ва шояд сабаби аз саҳнаи ҳунар дур шудани ӯ ҳамин буд. Яъне ба Манижа фишор оварданд, кӣ буданд онҳо?

Ойим Ашӯрова: Бале, фишор оварданд, аммо ман инҷо аз касе ном бурда наметавонам. Вале мегӯям, ки аз сӯи ҳукумат фишоре надидааст, аммо аз сӯи ҳунармандоне, ки бо ӯ наздик буданд, азоби зиёд дид. Ҳарчанд мепурсидам, чаро, кӣ аст он нафар, чизе намегуфт, як ҷавоб дошт, агар ман чизе гӯям шумо зиқ мешавед.

Радиои Озодӣ: Як замон овозаҳое ҳам буданд ва гуфта мешуд, ки Манижа шавҳари хориҷӣ кардааст ва ин боиси аз саҳна дур шудани ин овозхон гардид. Ин ҳама то куҷо ҳақиқат доранд?

Манижа Давлатова бо модараш Ойим Ашӯрова
Манижа Давлатова бо модараш Ойим Ашӯрова

Ойим Ашӯрова: Ин ҳама гапи беҳуда аст. Манижа то ҳоло шавҳар накардааст. Ин гап ҳамеша дар дили ман ҳам ҳаст, ки мегӯям Манижа шавҳар кун ва соҳиби фарзанд шав. Албатта инро ҳама модар мехоҳад. Вале дар ҷавоб мегӯяд, ки ҳоло нафареро ки ба хости дилам аст, пайдо накардаам. Лекин фикр накунам, ки шавҳар кардан ӯро аз саҳна дур мекунад.

Радиои Озодӣ: Дар чанд соли ахир аксҳои Манижа дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд чарх мезанад, ки бо сатр аксбардорӣ шудааст. Шояд пӯшидани сатр ҳам ба ҳунари ӯ монеа шуд?

Ойим Ашӯрова: Не, ӯ чи тавре ки буд, ҳамон хел либос мепӯшад. Манижа сатр намепӯшад.

Радиои Озодӣ: Шояд Манижа баъди рафтан аз саҳнаи ҳунар, шуғли дигареро интихоб кардааст?

Ойим Ашӯрова: Не. Вақте барояш гуфтам, ки агар хоҳӣ маълумоти олӣ дорӣ, ҷое кор кун, аммо вай гуфт, ки намехоҳам. Пас аз ин маълум мешавад, ки ҳунарашро дӯст медорад. Ман ҳам фикр намекунам, ки духтарам овозхониву дубора рӯи саҳна омаданро болотар аз кори дигар донад. Ҳарчанд ӯ суруд намехонад, аммо барои дигарон оҳанг эҷод мекунад.

Радиои Озодӣ: Ҳар боре ба хабаргириятон меояд, оё дар бораи ҳунари овозхониву дубора баргаштан ба саҳна бо шумо суҳбат мекунад ё не?

Ойим Ашӯрова: Ҳар вақте ки ояд, ягон оҳангро мебиёрад ва мегӯяд, ки модарҷон, ин оҳанги нав аст, гӯш кунед ба шумо маъқул мешавад ё не? Ҳар боре, ки чунин мегӯяд, ман хурсанд мешавам, ки шояд Манижа бо тавлиди ин оҳанг ба саҳна баргаштанист, вале вақте мегӯяд, ки ин оҳанг барои ин ё он сароянда ҳаст, аз ин ҳарфҳо хаста мешавам. Мегӯям, Манижа чаро худат суруд намехонӣ? Аммо посухеро дарёфт намекунам, ки маро хотирҷамъ кунад.

Радиои Озодӣ: Манижа ба фарқ аз чаҳор духтари дигаратон чи хислатҳои хосе дошт?

Ойим Ашӯрова: Манижа чорум духтари хонадони мо аст. Ду хислате ки хоси Манижа аст, покдоманиву тозагӣ аст. Ин ба ҳама маълум аст. Ростгӯӣ ҳам яке аз хислатҳои ӯ аст.

XS
SM
MD
LG