Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бемории ҳамагир тӯю маъракаҳоро ба таъхир андохт. Овозхонҳои тоҷик чӣ кор мекунанд? САДО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Овозхонҳо ва оҳангсозону мутрибони тоҷик, ки ҳар сол дар ин мавсим серкор буданд ва бо иштирок дар тӯю маъракаҳои мардум даромади зиёде ба даст меоварданд, ҳоло бештари вақти худро дар хона мегузаронанд. Онҳо мегӯянд, аҳди коронавирус ба кору эҷоди онҳо низ бетаъсир намонд. Мақомоти Тоҷикистон дастикам то 15-уми июн баргузории маъракаҳоро манъ кардаанд.

Ҳар сол баъд аз моҳи Рамазон, ки барои овозхонон мавсими ба қавле "таътил" буд, аксарият ба тӯю маъракаҳо даъват мешуданд ва манбаи асосии даромадашон низ ҳамин буд. Имсол ба далели пешгирӣ аз хатари коронавирус, баргузории ҳама маросими серодам манъ шуд ва таътили овозхонҳо ҳам дароз шуд.

Ҳоло аксари ҳунармандон мегӯянд, бо пули захира ва қисме ҳам бо тиҷоратҳои хурду миёнае, ки доранд, зиндагиро мечархонанд. Баҳром Ғафурӣ, овозхони тоҷик, ин шабу рӯз пайи таҳияи таронаи наваш аст.

"Мисли ҳамкасбони дигар ҳоло на имкони баргузории консертро дорам ва на иштирок дар маъракаҳои хурсандии мардум", - афзуд ӯ. Ин овозхон 6-уми июн гуфт, ҳоло фақат аз ҳисоби пасандозҳояш рӯзгорро пеш мебарад, чун даромади аслии ӯ ҳам барои таъмини зиндагӣ аз ҳунарнамоӣ маъракаҳои мардум аст.

Аксари ҳунармандон мегӯянд, тӯю маросими шодии мардум бозори онҳоро гарм ва даромади онҳоро таъмин мекунад, вагарна дигар бахши фаъолияти онҳо фоидаи чандоне надорад. Овозхонҳо эътироф мекунанд, ки на ҳамаи онҳо тавони баргузории барномаи консертиро доранд, то пуле ба даст оранд.

Нашри аксу наворҳо бо фарзандон ва аҳли хонавода аз ҷониби овозхонон ҳам як далели он аст, ки акнун онҳо вақти худро бештар дар хона мегузаронанд. Фирӯза Ҳафизова, овозхони дигари тоҷик, гуфт, ба хотири болидарӯҳии мардум баъзан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ тарона месарояд.

Ба гуфтаи Фирӯза Ҳафизова, барои як овозхоне, ки ҳамеша дар сафарҳои ҳунарӣ ва ё маросими хурсандӣ ҳузур доштааст, хонанишинӣ кори осоне нест. "Ростӣ, гоҳ-гоҳе барои истироҳат бо хонавода ба Варзоб меравем. Ҳавои тоза ва сайругашт дар табиати зебо дар замони беморӣ, фикр мекунам, хуб аст", - гуфт ӯ.

Ҳафизова ҳам иқрор мекунад, ки ҳоло даромаде надорад: "Одам ба ҳар ҳол, пули ёфаашро дар як ё ду рӯз сарф намекунад. Ман барои рӯзи мабодо захира доштам ва ҳамонро ҳоло истифода мекунам."

Вазъи овозхонҳои тоҷик дар аҳди коронавирус
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

Ҳунарнамоии овозхонҳо дар арӯсиҳо бар асоси шартнома сурат мегирад ва онҳо муваззаф ҳастанд, ки баъди ҷашн андози даромадро бипардозанд. Бар асоси қонун, андози патенти овозхонҳо дар моҳ 720 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар пайи паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон мақомот дастур доданд, ки барои беҳбуди вазъ баргузории маросими арӯсӣ дастикам то 15-уми июн ба таъхир гузошта шавад. Худи овозхонҳо мегӯянд, онҳо низ бо ҳар роҳе мехоҳанд дар ин рӯзҳои сахт дар паҳлӯи мардум бошанд. Аз ҷумла, бархе аз ҳунармандон дар пайи сирояти коронавирус таронаҳои худро марбут ба ин вабо таҳия карданд.

Мақомот мегӯянд, фаъолияти овозхонҳо дар дастаҳои ҳунарии давлатӣ мисли маъмул ва бо истифодаи шароити беҳдоштӣ пеш меравад. Мирзоолим Саидов, сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи 6-уми июн гуфт, баргузории як консерти бидуни тамошобинро аз сӯи овозхонҳо дар нақша доранд.

Аммо баъзе аз овозхонҳои шинохта, ба монанди Шабнаму Фарзона ва Садриддин ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла "Инстаграм" фаъол шудаанд ва пайваста аксу навор ё пораҳои оҳангеро пешниҳоди мухлисон мекунанд.

Таъсири коронавирусро овозхонҳои тоҷик ҳанӯз пеш аз эътирофи расмии мавҷудияти бемории ҳамагир дар Тоҷикистон эҳсос карданд.

Консерти Шабнами Сурайё ва Садриддини Наҷмиддин, ду овозхони маъруфи тоҷик, ки қарор буд дар остонаи ҷашни Наврӯз дар Амрикову Канада баргузор шавад, ба далели қатъи парвозҳои байнулмилалӣ ва баста шудани марзҳо бекор карда шуд. Фирӯза Ҳафизова, ки рӯзи 14-уми март бояд барои баргузории консерти наврӯзӣ дар се шаҳр ба Олмон мерафт, аз сафар худдорӣ кард. Барномаи ҳунарии Нигина Амонқулова, ки қарор буд рӯзҳои 11-12-уми март дар Исроил баргузор шавад, бинобар коронавирус бекор карда шуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG