Соати кории Меҳрона аз дигар афроди коргар дар Тоҷикистон фарқ мекунад. Ин зани 35-сола пас аз соати 12 ё 2-и шаб, вақте шаҳр хомӯшу торик аст, ба кор мебарояд. Меҳрона ҳамроҳ бо модараш ва гурӯҳе аз занон то субҳ хиёбонҳои пойтахтро тамиз мекунанд. Бо он, ки тамоми шабро Меҳрона дар кӯча рӯз мекунад, амнияташро таъмин медонад ва хатаре эҳсос намекунад.
Вай мегӯяд, ки “ҳарчанд баъзан афроди майзадаву бомжҳо мегарданд, аммо ба мо инҳо ҳеҷ хатаре надоранд. Ман ба ҳар ҳол дар ин соати шаб танҳо намегардам, вале ҷойи тарс ҳам нест.” Ҳузури милисаҳои навбатдор дар хиёбонҳо, мисли ӯ занони шабкорро хотирҷамъ мекунад.
Ин баҳои Меҳронаи шабкорро, ки вазъи кӯчаҳои пойтахтро ҳангоми шаб, хуб медонад, як пажӯҳиши тозаи созмони Геллап, яке аз марказҳои маъруфи назарсанҷӣ ҳам тасдиқ мекунад. Бар асоси назарсанҷии тозаи Gallup, Тоҷикистон ҳам аз ҷумлаи 10 кишвари барои гаштугузори шабонгаҳ амну ором аст.
Дар даҳгонаи кишварҳои амну ором махсусан ҳангоми шаб Тоҷикистон пеш аз Арманистон ва Австрия қарор гирифтааст. Ин назарсанҷӣ дар миёни 142 ҳазор нафар дар 141 кишвари ҷаҳон анҷом шуда, 83 дарсади пурсидашудаҳо аз Тоҷикистон гуфтаанд, зимни гаштугузор дар шаб худро амн эҳсос мекунанд.
Ин хулоса ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон кишвари ҳаммарз бо Афғонистони ҷангзада аст, кишваре, ки дар феҳрасти Геллап ҳам аз хатарноктарин кишварҳо барои сайругашти шабона унвон шудааст.
Дар Тоҷикистон маъмулан дар пойтахт баъзеҳо баъди дарсу кор шому шабонгаҳ барои сайругашт бо аҳли оилаву дӯстони худ ба боғҳои навсохт, мисли Боғи Рӯдакӣ ва Парчам ё ба марказҳои дилхӯшиву тарабхонаҳо мераванд.
Сулаймон, як сокини ҷавони пойтахт, ки тоза оиладор шудааст, мегӯяд, бо ҳамсараш баъд аз кор зиёд ба марказ ва боғҳои фароғатӣ меояд: ”Вале танҳо ҳам зарур шавад, шаб ба кӯчаҳо мебароям. Ҷои ҳаросу хатар надора. Медонам, ки кишвар ором аст ва ягон мушкиле пеш нахоҳад омад.”
Елена, сайёҳе аз Испания, ки чанд рӯз боз дар Душанбе сайругашт дорад, мегӯяд, дар Аврупо онҳо ҳоли ҳозир амнияти комилро эҳсос намекунанд ва ба гуфтаи вай “дар муқоиса бо шаҳри мо Барселона, шаҳри шумо амнтар аст.”
Мардум ва ҷомеашиносон ҳам фаъолтар шудани мақомоти ҳифзи ҳуқуқро аз омилҳое медонанд, ки боис ба боло рафтани эҳсоси амни мардум шуданд. Аммо аз сӯи дигар пажӯҳишгари тоҷик Ёрмаҳмад Ниёзӣ мегӯяд, баъди ҷанги шаҳрвандӣ ва пушти сар кардани як таҷрибаи талх мардум ҳам дигар нооромӣ намехоҳад ва барои якдигар мушкил ҳам эҷод намекунанд,
Ҷаноби Ниёзӣ мегӯяд, ки “мардум воқеан худаш намехоҳад, ки дар кишвар нооромиву бетартибӣ ё хаос бошад. Чунки мардум маззаи ҷангро чашид. Махсусан ман худам даврае донишҷӯ будам, аз соли 1991 то 1999 ранҷу азобҳои зиёд кашидем. Баъди соати 3-4-и рӯз дигар шаҳр, мисли мурда буд.”
Аммо сӯҳбатҳо дар бораи таъмини амнияти шаҳрвандон ҳангоми гаштугузори шабона дар ҳолест, ки гуфта мешавад мардуми тоҷик ба фарқ аз мардуми аксар кишварҳои дигар зиёд пуршуру шавқ ва шабгард нестанд. Баъди ташвишҳову кори рӯзона, аксар сокинони кишвар махсусан дар рустову ноҳияҳои дур аз пойтахт, ки имкони зиёди фароғат дар берун аз хонаро надоранд, шабонгаҳ дар иҳотаи оилаҳои худ ҳастанд ва истироҳаташон ҳам бо сӯҳбату тамошои телвизион мегузарад.
Ин ҳам дар ҳоле, ки аксар ҷавононе, ки дар хориҷ кору зиндагӣ кардаанд, мегӯянд, зиндагӣ дар ин кишварҳо маҳз дар қисми шаб авҷ мегирад ва мардум хастагиҳои рӯзонаро бо вохӯриву шабнишиниҳо дар марказҳои дилхӯшӣ берун месозанд.