Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба "ҷанги шоколад" алайҳи Украина ҳамроҳ нашуд


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар маҳсулоти фабрикаи қаннодии Roshen ягон моддаи зараровар пайдо накардаанд.

Ибодуллоҳ Қурбонов, муовини раиси Ожонси стандратизатсияву метрология, сертификатсия ва назорати фурӯш, ё ба ибораи соддатар, «Тоҷикстандарт» ба «Азия Плюс» гуфтааст, «Мо тафтиши маҳсулотеро, ки ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, пайваста анҷом медиҳем. То ҳол ягон бор дар маҳсулоти Roshen ягон камбудӣ пайдо накардаем. Баъди онки дар матбуоти Русия хабарҳо дар бораи манъи фурӯши ин маҳсулот аз ҷониби Федеросиюни Русия нашр шуд, мо аз нав тафтиш кардем, вале аз он ҳама ҳарфҳое, ки Роспотребнадзор хабар дода буд, ягонтоаш тасдиқ нашуд.»

Бино ба ҳисобҳо, Roshen дар ҳоли ҳозир тақрибан чоряки бозори фурӯши маҳсулоти қаннодии Тоҷикистонро дар даст дорад.

Қаблан Русия ва ба дунболаш Беларусу Қазоқистон воридоти маҳсулоти ин корхонаи қаннодии Украинаро ба ин далел, ки дар таркиби фаровардаҳояш гӯё маводи зараровар, аз ҷумла моддаи саратонзои бензопирен вуҷуд доштааст, манъ карданд.

Ибодуллоҳ Қурбонов гуфтааст, моҷаро дар атрофи маҳсулоти Roshen «бозии сиёсӣ байни Украинаву Русия аст. Роспотребнадзор чандин бор ба Русия ворид кардани маҳсулоти моро низ манъ карда буд. Ва ҳар дафъа ин кор бо далоили сиёсӣ анҷом мешуд.» Роспотребнадзор дар гузашта воридоти меваҳои хушк ва ҳатто зираи Тоҷикистон, шаробу обҳои маъдании Гурҷистон, ширу шакар ва панири Беларус ва шароби Молдоваро низ мамнӯъ эълон карда буд.

Бисёре аз нозирони умур дар Русияву Украина низ ба вуҷуди ангезаҳои сиёсӣ дар ин «баҳси шоколад» байни Маскаву Киев таъкид мекунанд.

Руслан Бортник, мудири пажӯҳишгоҳи таҳлил ва мудирияти сиёсӣ мегӯяд, манъи фурӯши маҳсулоти Roshen дар Русияву Беларусу Қазоқистон ва тафтиши ин маҳсулот дар Тоҷикистону Молдова ба фаъолиятҳои сиёсии молики корхона Петро Порошенко рабт дорад. Бортник мегӯяд, «тайи як соли охир Порошенко ба таври фаъол аз эҳтимоли пайвастани Украина ба узвияти Иттиҳоди гумрукӣ интиқод мекард. Гузашта аз ин, чандин бор гуфт, ки узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ ҷавобгӯи манофеъи миллии Украина нест. .. Ба ғайри ин, Порошенко соле пеш баровардани маҳсулоти корхонааш бо этикеткаҳои русиро манъ карда буд.»

Геннадий Онишенко - раиси “Роспотребнадзор, ки ҳоло бо шоколадҳои Украина “ҷанг “ эълон кардааст, рӯзи 29 июл эълон кард, ки ба шоколадҳо ва шириниҳои дигари сохти Украина, аз ҷумла сохти ширкати “Рошен”, иҷозаи вуруд намедиҳанд. Онишенко гуфтааст, ки кормандони “Роспетребнадзор” дар таркиби шоколадҳои ширии ширкати “Рошен” меъёрҳои баланди моддаи саратонзои бензопиренро ошкор кардаанд.


Аммо ширкати “Рошен” иддао мекунад, ки корхонаҳои қаннодиаш меъёрҳои тавлидотии ҳам Украинаву ҳам Русия дар бораи таркиби шоколадҳоро риоят мекунанд ва дар давоми 15 соли фаъолияти худ боре ҳам аз Русия шикоят нашунидаанд. “Рошен” даҳҳо навъ ширинӣ ва шоколад тавлид мекунад.

Баъзе аз коршиносон мегӯянд, ки манъи воридоти шоколад ба он иртибот дорад, ки Украина ба мошинҳои сохти Русия боҷи гумрукӣ эъмол кардааст.
Киев ҳамчунин дар баҳсҳои тиҷоратӣ бо Русия роҷеъ ба молиёти такрорӣ барои мошинҳои кӯҳнаи хориҷӣ бартарӣ додааст, то рӯ ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат орад. Ин кор Русияро ба ғазаб овард ва дар аввалҳои моҳи ҷорӣ дар посух эълон кард, ки барои ангишту шоколад ва шишаи Украина боҷи ҷавобии гумрукӣ эъмол шавад.

Антон Ануфриенко - сардабири “Коммерсант-Украина” мегӯяд, мардум то ин дараҷа фикр намекарданд, ки кор то ба манъи воридоти шоколади украинӣ мерасад. Вай мегӯяд, ҳар гоҳ ки боҷи гумрукӣ барои мошинҳои Русия аз миён бардошта шавад, шоколадҳои Украина “ ҷавобгӯи меъёр” мешаванд ва мушкил ҳал хоҳад шуд.

“Рошен” аз ширкатҳои бузурги тавлидкунандаи шоколади Украина аст, ки ба 9 кишвари пасошӯравӣ ва ҳамин тавр, ба Амрико, Канада ва Олмону Исроил фаровардаҳои худро содир мекунад. Соли гузашта содироти ин ширкат ба Русия ба 40 миллион доллар расида буд. Соҳиби ин ширкат миллиардер ва “шоҳи шоколад” Петро Порошенко аз дӯстони Виктор Юшенко - раҳбари "инқилоби норинҷӣ"-аст, ки тавонист равобиташ бо раисиҷумҳури кунунӣ Виктор Януковичро низ ҳифз кунад.
XS
SM
MD
LG