Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои уламо дигарандешӣ, эътироз ва балворо "гуноҳи кабира" хонд


Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон фатвои радди ҳамкории мусалмонони кишвар бо созмонҳои дохиливу хориҷӣ ва васоити ахбори умумро шарҳ дод.

Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи 25 сентябр фатво содир кард, ки ҷанг бо мусалмонон дар кишвари онҳо, ширкат дар амалиёти ҷангӣ дар ҳама гуна ҳолатҳо, барангехтани мардум алайҳи раҳбарияти худ, ба вуҷуд овардани фитна бо мақсади аз миён бурдани суботу ваҳдати ҷомеа, робита ва ҳамкорӣ бо созмонҳои ватанию хориҷӣ, воситаҳои ахбори омма ва гуруҳу аҳзобе, ки мақсадашон барҳам задани амнияти кишвар аст, “гуноҳи кабира ва азим буда, ҳар нафаре, ки ин кирдорҳоро содир менамояд, ба ғазаби Худо гирифтор шуда, рӯзи қиёмат мустаҳҳиқи азоби дарднок мегардад”.

Коршиносон мегӯянд, қисмати фатво дар бораи ҷангиёни тоҷик дар кишварҳои дигар рӯшан баён шуда, аммо қисмати дувуми фатво, ки "гуноҳи кабира" будани ҳар гуна талош барои барангехтани мардум алайҳи раҳбарони давлат ва ноором сохтани ҷомеаю ваҳдат ва зарурати худдории мусулмонони Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо созмонҳои ватанию хориҷӣ, воситаҳои ахбори омма ва гурӯҳу аҳзобе, ки мақсадашон барҳам задани амну суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ мебошад, пурсишҳои гуногунеро дар ҷомеа ба бор овардааст. Дар ҳоле ки фатвои Шӯрои уламо феҳрасти чунин созмону расонаҳоро пешниҳод накардааст, суоле матраҳ мешавад, ки мусулмонон чӣ гуна бояд созмону расонаҳои барҳамзанандаи амнияту субот дар кишварро ташхис кунанд ва меъёрҳои шиносоӣ ва арзёбии онҳо бояд чӣ бошад?

Сайидмукаррам Абдулқодирзода
Сайидмукаррам Абдулқодирзода

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо дар посухи ин суолҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, дар фатво возеҳ аст, ки манзур созмону расонаҳои харобкор ҳастанд, на муътадил. Вай афзуд, ин гуна созмонҳоро дар Тоҷикистон наметавонад номбар кунад, аммо маҳз онҳо буданд, ки амнияти кишварҳо дар олами исломро барҳам заданд, зеро маҳз онҳо бар зиёни мардум кор карданд ва барои ба шӯр овардани онҳо матлаб ба нашр расонданд: “Чизе нависад, ки ба манфиати мардум ва ҷомеа бошад, дӯстиву рафоқатро таблиғ кунад, на душманиро. Барои ноором ва парешон кардани ҷомеа инсони мусалмон бояд чизе нанависад. Барои ҳар нуқтаи навиштагиаш назди парвардигор ҷавоб мегӯяд. Мо ҳам ба озодии сухан эҳтиром дорем, аммо он бояд созанда бошад. Мо озодии суханеро мехоҳем, ки мардумро сарсону саргардон накунад.”

Фатво қарорест, ки аз сӯи муфтӣ, фақиҳ ва олими Ислом бар асоси далелҳои Қуръону Суннат ва хулосаи уламои муътабар дар бораи масъалаҳое, ки ҳукми онҳо дар матни Қуръон ва Ҳадисҳои Паёмбар возеҳ гуфта нашудааст, содир мешавад. Маъмулан вақте масъалаи фиқҳие пеш меоянд, гурӯҳе аз олимон ҷамъ шуда, ба машварат менишинанд ва дар ҳалли он нуқтаи назари шариатро бар асоси далелҳои шаръӣ рӯшан мекунанд.

Фатвои Шӯрои уламо дар масъалаи ба ҷанг рафтан ба кишварҳои хориҷа
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Дар намози ҷумъаи 26-уми октябр Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, гуфт: “Ҳатто сухани ҳақ, ки дар пушташ иродаи ботил дорад, метавонад ба ҳамдигарфаҳмию ваҳдат дар ҷомеъа латма ворид кунад." Ин дар ҳолест, ки конститутсияи Тоҷикистон ва Қонуни матбуоти Тоҷикистон озодии баён ва матбуотро дар кишвар замонат медиҳанд. То куҷо фатвои ахири Шӯрои уламои исломӣ, ки раҳбари он ин фатворо барои ҳама мусалмони ҷомеа ҳатмӣ номид, бо қонунҳои кишвар муғойират доранд ва озодии суханро дар Тоҷикистон маҳдуд мекунанд? Агар манзури шӯро расонаҳоест, ки талоши барангехтани суботи ҷомеаро доранд, он расонаҳо кадомҳоянд?

Акбари Саттор
Акбари Саттор

Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон, мегӯяд, имрӯзҳо ягон расонаеро ном бурда наметавонад, ки барои ноамн кардани вазъи кишвар кӯшиш ба харҷ диҳад. Вай афзуд, хилофи фатвоҳое нест, ки ба нафъи ҷомеа ва манфиатҳои миллӣ бошанд, аммо маҳдуд кардани фаъолиятҳои рӯзноманигорон салоҳи кор нест: “Гуноҳи кабира аст, ё сағира будани ин ё он корро худи Парвардигор муайян мекунад, фатвоҳоро ҳам. Аммо ҳар чизе, ки содир мешавад ва ба ҷомеа мерасад, бояд бар асоси таҳлилҳои воқеӣ сурат гирад. Ҳар кореро, ки мекунанд, асосан бояд барои манофеи миллӣ равона шавад, тавре ки дар тамоми дунё ҳаст.”

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша изҳор медорад, ки дар ҷомеаи шаҳрвандӣ манфиат дорад, аммо гоҳо ин ишораҳоро ҳам мекунад, ки созмонҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсӣ набояд дар хизмати давлатҳои хориҷӣ қарор гиранд ва “хатти сурх”-ро убур намоянд.

Латиф Ҳадязода, роҳбари созмони “Тамаддун”, ки дар Душанбе фаъолият мекунад, гуфт, фатвоҳо набояд фаъолияти мардуми Тоҷикистон, ки аксарияти кул мусалмонанд, танзим кунанд: “Алҳамдулиллоҳ, мусалмон ҳастам, аммо фатвоҳоеро, ки наомӯхтаам ва ба сиҳаташон бовар накардаам, қабул надорам. Асри 19 нест. Давлати мо ҳам давлати динӣ нест, ки мо дар асоси фатво кор кунем. Давлати мо давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аст, мо дар асоси қонунҳо, Қонуни асосии Тоҷикистон ва қонунгузории байнулмилалӣ фаъолият мекунем. Шахсан ман дар асоси ҳеч як фатво фаъолият намекунам.”

Тоҷикистон кишварест, ки 97 дарсади аҳолиашро мусалмонон ташкил медиҳанд. Коршиносон бар инанд, ки фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон умқи нигарониҳои ҷомеа аз пеш омадани вазъе монанд ба Сурияву Ироқ ва Афғонистонро нишон медиҳад. Ба қавли онҳо, ба ин далел, ки мардум руҳониёнро эҳтиром мекунанд, истифода аз онҳо ба нафъи сиёсатҳои ҳукумат аст.

То ба имрӯз тибқи иттилои манобеи расмиву ғайрирасмӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон узвияти аҳзобу гуруҳҳои исломгарои мамнуъ, назири ҷараёни салафия, “Ҳизби таҳрир”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Ҷамоати таблиғ”, Ҳаракати исломии Узбакистон ва дар хориҷа “Давлати исломӣ”, “Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ”, “Ҷундулхалифа” ва ғайраро дар Ироқу Сурия ва Афғонистону Покистон доранд.

Ҳукумати Тоҷикистон созмонҳое, назири “Гуруҳи 24” ва “Ватандор” – ро низ ба ҷумлаи гуруҳҳои тахрибкор ва мухолифи амнияту суботи Тоҷикистон таҳти пайгарди қонун қарор додааст. Ҳамчунин гоҳо ба Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон ва бархе аз расонаҳои ахбори ом низ ишораҳои монандро мекунад.

XS
SM
MD
LG