Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омода бошед, пули нақд аз кисаҳо гум мешавад. ВИДЕО


Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ мегӯянд, пулҳои электронӣ ё бонкдории мобилӣ метавонад дар ҳалли мушкили камбуди пули нақд ва берун кашидани Тоҷикистон аз бӯҳрони молӣ кумак кунад.

Хосе Мария де Барита, коршиноси Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи панҷшанбеи 29 сентябр, дар ҳошияи муаррифии Лоиҳаи рушди хизматрасонии мобилии бонкӣ дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфт, ин навъи хизматрасонӣ дар шароити камбуди пули нақд дар бонкҳои тиҷоратии кишвар хеле муассир хоҳад буд.

Ҳосе Мария де Барита
Ҳосе Мария де Барита

Ба гуфтаи ӯ, бархе аз бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ба далели камбуди пули нақд наметавонанд ба мизоҷон хизмат расонанд. Дар натиҷа, муштариҳои бонк дар муддати ду ва ҳатто се моҳ пули худро аз бонк гирифта наметавонад. Яъне на дар банкомат ва на худи бонк пули нақди кофӣ вуҷуд надорад. Дар ин сурат имкон дорад маош ё пулҳои амонатии муштарӣ ба ҳисоби телефони мобилии ӯ интиқол дода шавад, то ки шахс тавонад пулҳои қарзи бонкӣ, пули истифодаи неруи барқу об ва дигар хизматрасониҳоро пардохт кунад. Хосе Мария де Барита гуфт:

“Дар кишваре чун Тоҷикистон, ки пули нақдро дӯст медоранд, мехоҳанд ҳамеша пули нақд дар даст дошта бошанд. Бояд ин мафкураро тағйир дод. Барои ин фурсат лозим. Ба далели бӯҳрони молӣ бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон наметавонанд ба муштариҳо маблағҳои калони нақдӣ пардохт кунанд. Тақозои зиёди пули нақд мумкин аст ба пардохтпазирии бонкҳо таъсири манфӣ гузорад”.

Зимнан, дар соли ҷорӣ бонкҳои тиҷоратии “Тоҷиксодиротбонк” ва “Тоҷпромбонк” ба мушкили ҷиддии молӣ мувоҷеҳ шуда ва муштариҳо натавонистанд маош ва пасандозҳои худро дарёфт кунанд. Бонки миллӣ маҷбур шуд ба манзури ба эътидол овардани вазъи молии ин бонкҳо дар ин ду бонк маъмурияти муваққатӣ ҷорӣ кунад. Ҳоло бонки дигари бузурги тиҷоратӣ - “Агроинвестбонк” низ ба ҳамчунин мушкил рӯбарӯ шудааст.

Бонкдории мобилӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ мегӯянд, дар сурати истифода аз бонкдории мобилӣ ё пулҳои электронӣ зарурати пардохти пули нақд аз миён меравад ва муштарӣ тавассути телефони мобилӣ ҳама гуна пардохтҳоро анҷом хоҳад дод.

Аммо ин барнома дар шароити Тоҷикистон, ки 70 дар сади аҳолии он дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва аз маркази ноҳия хеле дур ҷойгир ҳастанд, аз ин системаи ҷадиди пардохт чӣ гуна истифода хоҳанд кард?

Наргис Поччоева, мушовири Лоиҳаи рушди хизматрасонии мобилии бонкӣ дар Тоҷикистон гуфт, агарчи дар минтақаҳои дурафтодаи кӯҳистонии ин кишвар шӯъбаҳои бонкҳои тиҷоратӣ вуҷуд надоранд, аммо алоқаи телефони мобилӣ фаъол аст.

Ба гуфтаи ӯ, масалан, як муҳоҷири меҳнатӣ ба хонаводааш пул фиристад, ин маблағ ҳам дар ҳисоби бонкии аъзои хонаводаи ӯ ва ҳам ҳисоби телефони мобилиаш ворид шуда ва онҳо метавонанд дар навбати аввал пули хизматрасониҳои мухталифро пардохт карда ва дар сурати зарурӣ аз бонк пули нақд низ дарёфт кунанд.

Хонуми Поччоева гуфт, бартарии бонкдории мобилӣ дар он аст, ки ҳатто дар сурати гум шудани телефони мобилӣ пул аз ҳисоби он нопадид намешавад. Муштарӣ тавассути коди махфӣ пулро аз бонк дарёфт мекунад.

Лола Салимова
Лола Салимова

Лола Салимова, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон низ системаи бонкдории мобилиро барои бозори молии ин кишвар муфид хонд ва гуфт, ин амр дар қадами аввал мизони гардиши бузурги пули нақдро ҷиддан коҳиш дода ва раванди назорати истифодаи маблағоҳро осон мекунад. Вай гуфт:

“Барои Тоҷикистон бинобар шароити ҷуғрофӣ ва дурафтода будани бонкҳо аз маҳалли зист системи ҷадиди бонкдори мобилӣ хелемуфид хоҳад буд, зеро алоқаи мобилӣ барои бахши аслии сокнони кишвар дастрас аст ва ин вазъият истифодаи пардохт тавассути телефонҳои мобилиро осон мекунад”.

Ба гуфтаи хонум Салимова, феълан дар бонкҳои Тоҷикистон истифода аз системи нави бонкдории мобилӣ шурӯъ шуда ва дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ аз ин тариқ дар ин кишвар беш аз 500 ҳазор амалиёти бонкӣ бо маблағи умумии 62 миллион сомонӣ анҷом шудааст. Ӯ таъкид кард, тибқи Лоиҳаи рушди хизматрасонии мобилии бонкӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ки бо мусоидати фаннӣ ва машваратии Бонки Ҷаҳонӣ иҷро мешавад, домани хизматрасонии бонкдории мобилӣ дар ҳудуди Тоҷикистон бештар густариш ёбад.

XS
SM
MD
LG