Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикони Амрико: Мардум медонанд, ки ояндаи худро интихоб мекунанд


Интихоботи ИМА барои тоҷикону тоҷикистониён ҳам, ки дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, ба як бахши муҳими зиндагии ҳамарӯзаашон табдил шуд. Шумори тоҷикистониёни муқими ИМА ҳоло ба садҳо нафар мерасад. Дар миёни онҳо донишҷӯён, кормандони созмонҳои байналмилалӣ, журналистон ва дипломатҳои собиқ ҳастанд, ки ҳамроҳ бо аҳли хонаводаашон дар иёлоти мухталифи ин кишвар ба сар мебаранд. На ҳамаи онҳо шаҳрванди ин кишвар ҳастанд, вале таваҷҷӯҳи аксарият ба интихобот аз сокинони муқимии Амрико кам нест.

Санҷар Ҳамидов, хабарнигори радиои “Садои Амрико” чанд соли пеш аз Тоҷикистон ба Вашингтон кӯч бастааст. Интихоботи имсола дуюмин интихоботи президентии Амрикост, ки ӯ шоҳидаш мешавад. Вай дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ аз маҳалли кораш гуфт, барои шахсан ӯ ин интихобот “хеле ҷолиб” буд. Вай гуфт, то охирин лаҳза ҳеҷ кас намедонад, ки натиҷаи интихобот чӣ мешавад, аз ин хотир ҳам то охир интригаи интихоботӣ ҳифз шуд. Вай гуфт:

“Интихоботи кунунӣ як марҳилаи калидӣ ё имтиҳоне шуд барои ҳифзи фарҳанги демокративу андак демократӣ, байни таҳаммулпазириву адами таҳаммул, бахусус дар масоили аққалиятҳои милливу мазҳабӣ. Амрико бояд аз ин имтиҳон гузарад. Аз ҳамин хотир ҳам ин интихобот хеле ҷолиб буд”. Вай мегӯяд, ба фарқ аз интихоботи чор соли пеш, имсол фишори иттилоотӣ дар атрофи интихобот хеле шадид буд, номзадҳо ҳатто ба таҳқири ҳамдигар пардохтанд. “Трамп Клинтонро тақаллубкор номид, ӯро таҳқир кард. Ситоди Клинтон рафта занҳо озордида аз дасти Трампро пайдо кард. Хулоса, мубориза хеле шадид буд”.

Рухшона Олимова, журналисте аз Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо оилааш дар Амрико зиндагӣ мекунад ва ҳамчунин ин рақобатҳоро аз наздик мушоҳида кардааст, мегӯяд, шиддати мубориза барои бисёриҳо дар Амрико хастакунанда шуд ва бархе таҳқиқот муайян кардааст, ки 48 дар сади амрикоиҳо дар охирин марҳила “ин ҷараёнро бад диданд”. Ӯ мегӯяд, шахсан худаш, ҳарчанд ҳанӯз шаҳрванд несту ҳақи овоз додан надорад, вале тарафдори Ҳиллари Клинтон буд.

Ӯ мегӯяд, пеш аз ҳама, ба хотири ин ки ӯ як зан аст ва бад намешуд, агар хонум Клинтон ҳадди аққал як бор президент мешуд. Вай гуфт: “Ҷаноби Трамп як шахсияти баҳсбарангез аст. Ба қавли русҳо, доғҳои сафеди зиёд дорад. Хонум Клинтон ҳам фаришта нест, вале ӯ назар ба Трамп аз назари дониш, таҷриба ва корномаи сиёсиаш муносибтар аст”.

Рухшона Олимова аз сафари Ҳилларӣ Клинтон ба Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2011 ёдовар шуд ва гуфт, “ӯ бо фазо ва табиати сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ хуб ошно аст, бо президенти Тоҷикистон шахсан мулоқот карда буд ва омадани ӯ ба беҳбуди равобити хориҷии Тоҷикистон ИМА хизмат хоҳад кард”.

Ҳам Санҷар Ҳамидов ва ҳам Рухшона Олимова мегӯянд, низоми интихоботии ИМА бо кишварҳои дигар, бахусус Тоҷикистон қобили қиёс нест. Муҳимтарин тафовут, ба қавли онҳо, дар ин аст, ки дар интихоботи ИМА ҳар номзад “барои ҳар як овози раъйдиҳанда то охир” мубориза мебарад ва дар ин ҷо “то 97 дар сад бурдани як номзад бар номзади дигар” имкон надорад. Санҷар Ҳомидов гуфт, дар ин ҷо “рақибони сиёсӣ – рақибони воқеӣ ҳастанд, на дастнишонда” ва “дастрасии номзад ба мардум мустақим аст, на тавассути сохторҳои давлативу амниятӣ то раисони ҷамоаҳо”. Вай гуфт, дар Амрико ҳар шаҳрванд медонад, ки “шахсан худаш ояндаи худро интихоб мекунад”.

Тоҷикони ИМА мегӯянд, эҳсос мекунанд, ки ҳама, аз ҷумла, мисли онҳо – муҳоҷирон интихоботи президентиро барои ояндаи худ ва фарзандонашон муҳим меҳисобанд, аз ин рӯ, наметавонанд ба натиҷаҳои он бефарқ ва бетафовут бошанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG