Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Бандар Аббоси Эрон. "Дастикам 4 нафар кушта ва беш аз 500 тан захмӣ шудаанд"


Бандар Аббоси Эрон, 26 апрели соли 2025.
Бандар Аббоси Эрон, 26 апрели соли 2025.

Дар пайи таркише сахте дар минтақаи вижаи иқтисодии бандари "Шаҳид Раҷоӣ" дар Бандар Аббоси Эрон дар рӯзи шанбеи 26 апрел, дастикам 4 нафар кушта ва садҳо нафар захмӣ шудаанд. Эҳтимол дорад, ки шумораи қурбониён афзоиш ёбад.

Бобак Яктопараст, сухангӯи Кумитаи изтирории Эрон дар бораи ин таркиш гуфтааст, ки 516 нафар аз захмиёни ин ҳодиса ба бемористонҳо интиқол дода шуданд. Ин таркиш соати 12:20 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.

Ба гуфтаи мақомдорони эронӣ, даҳҳо мошини "Ёрии таъҷилӣ" ба ҷойи ҳодиса фиристода шуданд. Аз мардум хоста шудааст, ки барои захмиҳо хун кӯмак кунанд.

Бандар Аббоси Эрон, 26 апрели соли 2025.
Бандар Аббоси Эрон, 26 апрели соли 2025.

Дар ҳамин ҳол, радио ва телевизиони давлатии Эрон хабар доданд, ки "садои чандин таркиши дигар аз бандари "Шаҳид Раҷоӣ" ба гӯш мерасад ва дуди ғализ осмони ин бандарро тира кардааст, аммо вазъият зери назорат аст".

Ҳамчунин хабар мерасад, ки оташнишонҳо бо истифода аз чархболҳо дар ҳоли хомӯш кардани оташ ҳастанд ва дуди ғализ осмони бахши ғарби шаҳри Бандар Аббосро пӯшонидааст.

Шоҳидони мегӯянд, ки шиддати таркиш ба ҳадде буд, ки шишаҳои биноҳо дар чандкилометрии маҳали ҳодиса фурӯ рехтанд ва замин ба ларза даромад.

Ҳусейн Зафарӣ, сухангӯи Созмони мудирияти бӯҳрони Эрон дар бораи ҳодисаи таркиш дар Бандар Аббос дар гуфтугӯ бо хабаргузории эронии "Форс" гуфтааст, "нерӯи таркиш дар Бандар Аббос ба ҳадде буд, ки ҳадди ақал то 50-километрии ин садо, ларзиш эҳсос шуд, ба тавре, ки ҳатто эҳсоси ларзиши замин аз сӯи мардуми маҳаллӣ низ гузориш шудааст".

Ба гуфтаи мақомоти Эрон, таркиш хисороти фаровоне бар ҷой гузоштааст.

Бандар Аббоси Эрон, 26 апрели соли 2025.
Бандар Аббоси Эрон, 26 апрели соли 2025.

Хабаргузории "Тасним" низ эълон кардааст, ки ҷойи таркиш як бинои маъмурӣ дар Бандари Раҷоӣ будааст, аммо сабаби ҳодиса ҳанӯз дар ҳоли баррасӣ аст.

Бандари Раҷоӣ дар наздикии Бандар Аббос, яке аз марказҳои аслии боркашонии контейнерии Эрон ва ҳамчунин дорои анборҳои нафт ва таъсисоти петрохимиявӣ аст.

Сабаби ҳодиса ҳанӯз ба таври дақиқ маълум нест, аммо масъулин дар вилояти Ҳурмузгон гуфтаанд, ки бар асари таркиш теъдоде контейнерҳои анборшуда осеб дидаанд.

Бар асоси гузоришҳои ибтидоӣ, сарчашмаи эҳтимолии таркиш, анбори колоҳои хатарнок ва маводи химиявӣ дар ин бандар будааст.

Хабаргузории "Тасним" ҳам сабаби ҳодисаро таркиш дар махзани сӯхт бо сабабҳои номаълум эълон карда, аз фиристодани тимҳои вокуниши сареъ ба минтақа хабар додааст.

Ҳамчунин тибқи бархе гузоришҳо, ин таркиш бар асари таркидани махзани нигаҳдории маводи нафтии ҳассос ва оташзо, мутааллиқ ба бахши хусусӣ, сар задааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG