Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвири як кӯдаки фаластинӣ ғолиби беҳтарин акси хабарии соли 2025 шуд


Ҷоизаи "Акси соли 2025"-и World Press Photo, ба аксе аз як писари 9-солаи фаластинӣ расид, ки дар ҳамлаи Исроил ба Ғазза ҳар ду дасти худро аз даст додааст.

World Press Photo - ниҳоди баргузоркунанда ва тақдимкунандаи ин ҷоиза рӯзи 17-уми апрел эълон кард, ин акс, ки Самар Абулъавф онро барои рӯзномаи "Ню-Йорк Таймз" гирифтааст, портрете аз Маҳмуд Аҷур аст, писаре, ки пас аз таркише дар навори Ғазза як дасташ қатъ ва дигаре ба шиддат захмӣ шуд ва баъдан ба Давҳа, пойтахти Қатар, интиқол ёфт.

Абулъавф гуфтааст, "яке аз душвортарин чизҳое, ки модари Маҳмуд бароям нақл кард, ин буд, ки вақте барои аввалин бор мутаваҷҷеҳ шудам, дастҳояш бурида шудаанд, аввалин ҷумлааш чунин буд, "чӣ тавр шуморо ба оғӯш мегирам"?

Ба гузориши хабаргузории "Франс Пресс", Абулъавф, ки худ низ аз Ғазза аст, дар моҳи декабри соли 2023 аз ин минтақа берун шуд ва акнун дар пойтахти Қатар зиндагӣ мекунад ва аз фаластиниҳое, ки ба шиддат захмӣ шудаанд, акс мегирад.

Ҷанги навбатӣ дар Ғазза рӯзи 7-уми октябри соли 2023 оғоз шуд. Дар ин рӯз гурӯҳи фаластинии "Ҳамос", ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд, ба Исроил ҳамла бурд ва 1200 нафарро кушт ва ҳудуди 250 тани дигарро ба гарав бурд.

Тибқи гузоришҳои Вазорати тандурустии Ғазза, ки зери назорати "Ҳамос" мебошад, то кунун дар ҳамлаҳои Исроил беш аз 50 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд, ки беш аз ними онҳо занон ва кӯдакон будаанд.

Илова бар ин, бар асоси гузориши Созмони Милали Муттаҳид, ҳудуди 90 дарсад аз аҳолии Ғазза (ҳудуди 1,9 миллион нафар), дар пайи ҷанг овора шудаанд.

Мудири масъули World Press Photo дар бораи акси барандаи соли 2025 гуфтааст, "ин аксе ором аст, ки бо садои баланд сухан мегӯяд. Достони як кӯдакро ривоят мекунад, аммо ҳамчунин достони ҷанге бузургтарро, ки наслҳо таъсир хоҳад гузошт".

Ҳайати доварон ин аксро ба хотири "таркиббандии қавӣ, таваҷҷуҳ ба нур ва мазмуни тааммулбарангез", ситоиш кардааст.

Ба гуфтаи доварон, ин писарбача акнун ёд гирифтааст, ки бо пойҳояш бозӣ кунад, бинависад ва дарро боз кунад.

Ҳайати доварон аз миёни 59 ҳазору 320 акси фиристодашуда аз сӯи 3778 акси хабарӣ, 42 аксро аз саросари ҷаҳон ба унвони ғолибони ниҳоӣ интихоб карданд.

XS
SM
MD
LG