Тоҷирони матоъфурӯш дар Тоҷикистон мегӯянд, матои як замон пурхаридор, ки ба шарафи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин “Путин” номаш карда буданд, аз муд рафтааст ва ба ин далел ин матоъ тақрибан 2 сол боз дар бозорҳои Тоҷикистон фурӯхта намешавад.
Самира Исматова, як фурӯшандаи матоъ дар маркази савдои “Садбарг” ба Радиои Озодӣ гуфт, нафақат “Путин”, балки матоъҳои дигари номашон “сиёсӣ”, ба мисли “Бин Ладен” ва “Қоши Эмомалӣ” ҳам аз муд рафтаанд: “Ҷои онҳоро ҳоло матои наве бо номи “Шабнами Сурайё” гирифтааст. “Путин”-ро ҳоло ягон кас суроғ намекунад ва дар фурӯш ҳам нест.”
Тоҷирон мегӯянд, номи матоъҳоро барои бозоргир шуданаш вобаста ба эътибори шӯҳрати ин ё он шахс ё ҳодиса ваё ягон филм интихоб мекунанд ва маъмулан бозори фурӯши матоъ баробар бо кам шудани эътибори “номбардор”-аш низ сард мешавад. Самира Исматова мегӯяд, “нуқтаи авҷи фурӯши “Путин” соли 2004 буд. Он вақт се метраш 600-700 сомонӣ нарх дошт. Ман худам ҳам як дафъа аз матои “Путин” курта карда, дар тӯй пӯшидам. Вале ҳоло бозори “Путин”, “Бен Ладен” ва “Қоши Эмомалӣ”-ро “Шабнами Сурайё" задааст. "Шабнами Сурайё"-ро мардум бештар мехаранд, то "Путин"-у "бен Ладен" ё "Эмомалӣ"-ро.”
Соли 2004 – соли нуқтаи авҷи фурӯши “Путин” дар бозорҳои Тоҷикистон - соле буд, ки Владимир Путин зимни сафари расмиаш ба Душанбе ваъдаи қариб 2 миллиард доллар сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дод ва аз ҷумла мебоист ширкати “РусАл”-и миллиардери наздик ба Путин Олег Дерипаска нирӯгоҳи Роғун, ду коргоҳи нав дар корхонаи алюминсозии Турсунзода ва як корхонаи нави алюминсозӣ дар ҷануби Тоҷикистонро месохт. Ин ваъдаҳои бузург, бахусус, ваъдаи сохтани нирӯгоҳи Роғун аз сӯи мардуми тоҷики ташнаи нирӯи барқ чунон гарм пазируфта шуд, ки дар он даврон дар ҳамаи назархоҳиҳо дар ин кишвар Владимир Путин беҳтарин сиёсатмадор ва Русия наздиктарин шарику дӯсти Тоҷикистон эътироф мешуд.
Аммо он ҳам ваъдаҳо рӯи қоғаз монду РусАл аз сохтани ҳам Роғуну ҳам корхонаҳои алюминий даст кашид. Болои ин, шадидтарин шудани қонунҳои муҳоҷирати Русия, азобу машаққати мардикорони тоҷик дар он кишвар ва бахусус афзоиши ҳамлаҳои гурӯҳҳои қавмгарое, ки биисёриҳо онҳоро парвардаи сиёсати Путин медонанд, рейтинги Путину кишварашро дар Тоҷикистон хеле коҳиш дод.
Аммо бо ин вуҷуд маълум мешавад, ки баъди ин ҳама ва ҳатто баъди дар Украина дасти тааррузашро аз остин баркашидани Путин ҳам бисёре аз мардуми Тоҷикистон нисбат ба ӯву Русия назари мусбаташонро ҳифз кардаанд. Дар баҳсҳои сомонаи Озодӣ дар поварақаи гузоришҳои Украина шумори онҳое ки аз Путин пуштибонӣ мекунанд, ҳамчунон хеле бештар аз онҳоест, ки ӯро барои ишғолгариҳояш маҳкум мекунанд.
Ҳамин тавр, дар як сӯҳбати сарироҳӣ дар Душанбе низ аксари сокинон аз Путин тавсиф карданд. Аз ҷумла яке аз мусоҳибони мо мегӯяд, “Владимир Путин сиёсатмадори хирадмандест, ки метавонад Русияро ба по рост кунад, балки алакай ба по рост кардааст.” Аммо як ҳамсӯҳбати дигари мо гуфт, “сиёсатмадори хуб масоилро бо роҳҳои дипломатӣ ҳал мекунад. Истифода аз зӯр чораи сиёсатмадори бад аст. Путин ҳам бояд мулоимтар амал кунад. Бубинед, ҳама атроф пур аз душман шуд – Гурҷистон, Молдова, инак Украина... Дар натиҷа мо бо кӣ мемонем?”
Як ҷомиашиноси тоҷик бидуни бурдани ном ба Озодӣ гуфт, бархӯрди аксаран мусбати мардум аз сиёсати Владимир Путин, аз ҷумла аз рафтори ӯву Русия дар Украина, аз чанд ҷо об мехӯрад: “Аввал аз ҳама, Русия кишварест, ки то 1,5 миллион тоҷикро ҷои кор медиҳад ва фарҳанги намакшиносии мардуми мо намегузорад, ки дар ин рӯёрӯӣ мо зидди Русия бошем. Аз тарафи дигар, таъсири “мағзшӯӣ”-ҳои телевизионҳои давлатии Русия аст, ки то ҳол манбаи асосии ахбор барои мардуми мо боқӣ мемонад.”
Аммо, мегӯяд ин мусоҳиби мо, тарафи сеюми масъала ҳам ҳаст, ки бархе дар Тоҷикистон аз ҷабри мақомдорони тоҷик ба ҷон омада, умедворанд, ки Путин ва Русия ба гунае ки дар Қрим карданд, дар Тоҷикистон ҳам “меоянду адолатро барқарор хоҳанд кард.” Умедворие, ки бархеи дигар ботилаш мехонанд ва мегӯянд, аксари режимҳои ҳоким дар паҳнои Шӯравии собиқи парвардаҳои Кремл буданду ҳастанд ва гумон аст, ки Путин ба хотири кадом як “адолат”-и мавҳум аз ҳокимони содиқ ба манфиатҳои Маскав бигзарад.
Аммо матои “Путин” дар Тоҷикистон дар ҳоле бозораш касод шудаву аз муд рафтааст, ки дар худи Русия бавижа баъди тасарруфи Қрим ва ҷангҳои ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина рейтинги Владимир Путин ба таври тақрибан бесобиқа боло меравад. Дар ҳар сурат, натиоҷи назарсанҷиҳо дар ин кишвар ҳокист, ки аксарияти мардум аз "ишғолгарӣ"-ҳои ӯ аз ҳисоби Украина истиқбол мекунанд.
Бино ба натиҷаҳои охирин назарпурсии Маркази Левада, ки рӯзи 29 май нашр шуд, 83 дарсади мардум аз сиёсати Путин ҳимоят мекунанд. Мизони маҳбубияти Путин дар байни мардум дар моҳи январ, яъне қабл аз оғози дахолати Русия дар умури Украина, 65 дарсадро ташкил мекард.
Ҳамин тавр, рейтинги Путин назар ба 64 дарсади сарвазираш Дмитрий Медведев, 60 дарсади ҳукумати Русия ва ҳамагӣ 50 дарсад тарафдорие, ки Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии порлумони Русия дар байни мардум доштааст, хеле бештар ба назар мерасад.
Натиҷаҳои назарсанҷии ВЦИОМ, як созмони дигари маъруфи назарсанҷии Русия, ки рӯзи 15 май нашр шуд, низ нишон медиҳад, ки мизони тарафдорӣ аз Владимир Путин дар байни мардум дар моҳи май ба 85,9 дарсад расидааст. Яъне 25 дарсад бештар аз 60,6 фоиз пуштибоние, ки Путин дар назарсанҷии аввали соли ин созмон ба даст оварда буд.
Ҷомиашиноси тоҷике ки бо Радиои Озодӣ дар бораи эътибори Путин сӯҳбат кард, мегӯяд, "як далели асосии чунин рейтинги рекордӣ боз ҳам телевизионҳои Русияанд, ки тасарруфи Қрим ва ҷунбишҳои ҷудоиталабӣ дар шарқи Украинаро бо як лаҳни хеле баланди патриотӣ ба зеҳни мардум ҷо мекунанд ва Путин дар ин лобало ҳамчун раҳбаре талаққӣ мешавад, ки баъди солиён Русияи пеши Ғарб ба зону задаро дигарбора ба пояш рост мекунад ва сарзаминҳои аздастдодаи империяи собиқро қадам ба қадам бармегардонад. Ҳатто як эҳёгари СССР-ро мебинанд дар симои ӯ."
Ба бовари ҷомиашиносон, ин рейтинги бесобиқа бо кунд шудани гармии бӯҳрони Украинаву аз ком рафтани шаҳди тасарруфи Қрим ва ҷояшро дигарбора гирифтани мушкилоти рӯзгор метавонад рӯ ба поён ниҳад. Ва агар болои ин, таҳримоти Ғарб алайҳи Русия коргар воқеъ шавад, баръакс норозигии мардум ва элитаҳо аз Путин дар кишвараш метавонад баръакс шиддат бигирад.
Ин дар ҳолест ки рафтори Путин ва давлати ӯ дар Украина аз сӯи Киев ва кишварҳои Ғарб ба гунаи комилан дигар тасвир ва тафсир мешавад ва эътибори сиёсии ӯ дар Ғарб ба ин далел хеле коҳиш ёфтааст. Мақомоти баландпояи ғарбӣ амалҳое, чун тасарруфи Қримро ҳатто ба ишғолгариҳои асри 19 монанд мекунанд. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар оғози бӯҳрони Украина баъди як сӯҳбати телефониаш бо Путин ҳатто гуфт, ки ба назари ӯ, Путин эҳсоси воқеияти имрӯзро аз даст додаву дар дунёи рӯъёҳояш дармондааст.