Пойгоҳи интернетии mezon.uz дар як раддабандии бозорҳоли манзили пойтахтҳои минтақа Душанберо баъди Алма-Ато аз нигоҳи гаронии нархи манзил дар мақоми дувум гузоштааст. Муаллифони гузориш гуфтаанд, барои таҳияиин “сабқати нархҳо” қимати миёнаи манзилҳои ду ва сеҳуҷрагиии воқеъ дар қабатҳои дувум ва севуми биноҳоеро гирифтаанд, ки дар наздикии фуруӯшгоҳҳои бузург ҷойгир буда, деворашон аз хишт ва вазъашон ҳадди ақал миёна бошад.
Бар асоси ин меъёрҳо, қимати миёнаи як метри мураббаъи манзили дуҳуҷрагӣ дар Алма-Ато 2250 доллари амрикоӣ ва дар Душанбе 1375 доллар баровард мешавад. Баъди Душанбе Ишқобод – пойтахти Туркманистон – бо 1333 доллар барои ҳар метри мураббаъ меояд, сипас Бишкек – пойтахти Қирғизистон – бо 1170 доллар ва поёнтар аз ҳама Тошканд, ки қимати як метри манзили дуҳуҷрагиаш “ҳамагӣ” 950 доллар гуфта мешавад.
Муаллифони гузориш гуфтаанд, ки ҳарчанд пойтахти Қазоқистон ҳанӯз 15 сол қабл ба Остона кӯчид, вале Алма-Ато боз ҳам муҳимтарин шаҳри ин кишвар ва ба истилоҳ “пойтахти моливу тиҷоратӣ”-аш боқӣ мондааст ва ба ин далел, дар сабқати нархи бозори манзили пойтахтҳои Осиёи Марказӣ онҳо ба ин шаҳр тарҷеҳ додаанд, на ба пойтахти расмии Қазоқистон.
Абдувалӣ Комилов, раиси Ожонси сохтмону меъмории Тоҷикистон низ дар нишасти охирини хабариаш дар моҳи июл гуфта буд, нархи манзил дар Душанбе аз 512 то 1600 доллар барои ҳар метри мураббаъ фарқ мекунад. Хабаргузории "Азия плюс" аз оқои Комилов нақли қавл кардааст, ки "имрӯз гаронтарин манзил (1 600 доллар барои як метри мураббаъ) дар маҷмаъаи «Диёри Душанбе» аст.” Аммо ӯ афзуд, манзилҳо ҳатто бо чунин қимати баланд харидори худро доранд: "Ҳеҷ як манзил бесоҳибу холӣ намемонад ва ин маънои онро дорад, ки барои бархе ин нархҳо дастрасанд ва онҳо барои харидани чунин манзил имкон доранд."
Маҷмаъаи истиқомативу тафреҳии "Диёри Душанбе" тавассути ширкати қатарии Diar Real Estate Investment дар канори кӯли Ҷавонон сохта мешавад. Ин маҷмаъа аз 68 ҳазор метри мураббаъ иборат буда, ба гуфтаи масъулонаш, алакай 50 дар сади хонаҳояш харидорӣ шудаанд.
Руслан Мадалиев, раҳбари пойгоҳи интернетии asia-realty.ru, ки вазъи бозори манзили пойтахти Тоҷикистонро таҳқиқ мекунад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба сурати умум, бароварди нархи миёнаи манзил дар Душанбе дар раддабандии mezon.uz дуруст аст: “Бо чунин нарх ширкатҳои сохтмонӣ ва фурӯшандаҳо манзилеро пешниҳод мекунанд, ки алакай барои зиндагӣ омода карда шудааст. Яъне ванна дорад алакай, деворҳояшро ҳам “обой” пӯшонидаанд. Аз ин арзонтар фақат чор деворро мефурӯшанд. Нархи чунин хонаҳо аз 800 то 1000 доллар аст. Барои мисол, дар хонаҳои навсохте, ки дар кӯчаи Бухоро қомат меафрозанд, танҳо 4 деворро ба харидор мефурӯшанд ва ӯ баъдан тавре ки дилаш мехоҳад, манзилашро дуруст мекунад.”
Руслан Мадалиев гуфт, нархи манзил дар биноҳои воқеъ дар кӯчаи Бухоро, ки маркази шаҳр аст, аз 1200 то 1400 доллар аст. Ӯ мегӯяд, азбаски ҳоло масоҳати манзилҳо назар ба даврони Шӯравӣ хеле фарқ мекунад, як манзили якҳуҷрагӣ дар ин биноҳо то 60 метр ва дуҳуҷрагӣ аз 100 метри мураббаъ масоҳати бештар дорад. Ӯ мегӯяд, ба ин далел, нархи хонаҳои навсохт дар Душанбе вобаста ба минтақааш ва сифати сохтмонаш аз дастикам 80 000 доллар сар мешавад ва он тараф дигар вобаста ба ҳаҷми ҳамёни харидор аст, ки зӯраш ба 100 000 мерасад ё ба 200 000.
Раҳбари пойгоҳи интернетии asia-realty.ru мӯътақид аст, ки нархи манзил дар пойтахти Тоҷикистон дар солҳои наздик ҳамчунон боло хоҳад рафт ва метавонад дар 5 соли оянда то 50 дарсад биафзояд.
Коршиносон мегӯянд, бо вуҷуди як андоза ҷон гирифтани бозори сохтмони манзил дар солҳои охир, ин бозор ҳанӯз ҳамсанги суръати афзоиши аҳолӣ нашудааст ва ин омил метавонад раванди афзоиши нархи манзил дар пойтахт ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистонро дасти кам дар кӯтоҳмуддат ҳамчунон ҳифз бикунад.
Бино ба омори расмӣ, танҳо дар 9 моҳи аввали соли гузашта дар Тоҷикистон 477 800 метри мураббаъ манзил сохта мешавад, вале гуфта мешавад, 440 300 метри мураббаъ ё 92 дарсад аз ҷамъи ин сохтмонҳо тавассути мардум ва ширкатҳои хусусӣ анҷом шуда, саҳми давлат ҳатто аз 8 дарсад камтарро ташкил медиҳад.