Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ягона ноҳияи водии Вахш бе ҷиҳодиён дар Сурия ва Ироқ


T
T

Ноҳияи Носири Хусрав, ягона минтақаи бидуни ҷавонони ифротӣ дар водии Вахш унвон шудааст.

Мақомоти қудратии вилояти Хатлони Тоҷикистон дар як дидор бо мардум гуфтаанд, ки "Носири Хусрав", дар миёни 12 ноҳияи минтақаи Қӯрғонтеппа ягона ноҳияе будааст, ки ҳеч нафаре аз ҷавононаш ба Сурия нарафтаанд. Ин дар ҳолест, ки аз ҳамаи навоҳии дигари ин минтақаи вилояти Хатлон 2-4 ва аз як ноҳияи ҳатто 26 нафар ба гурӯҳҳои тундгаро пайваста, дар Сурия ва Ироқ меҷанганд ва чандин нафари онҳо дар ҷангҳои кишварҳои бегона ба ҳалокат расидааст.

Бозоргул Саидова, муовини раиси ноҳияи "Носири Хусрав", рӯзи 30-юми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин нукта дар мулоқоти намояндагони мақомоти қудратии Хатлон бо аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ҷалб шудани ҷавонон ба ҳаракатҳои тундгаро дар ҳузури 500 нафар аз сокинони ноҳия зикр гаштааст. Барои ноҳия ин хабари хуш аст, вале тағйири арзёбии ширкати ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳу созмонҳои террористӣ, ки қаблан бар пояи аз кадом ноҳия чанд нафар ба Сурия рафтаанд, сурат мегирифт, ба ин ки аз кадом ноҳия ҳанӯз касе ба он кишвар нарафатааст, аз тарафи коршиносон нигаронкунанда унвон мешавад.

Сироҷиддин Тағоев, мудири шӯъбаи кор бо дин дар ҳукумати ноҳияи Бохтар, ноҳияе, ки 26 ҷавонаш ҳоло дар Сурия ҳастанд, мегӯяд, ин ҷавонон, ки барои кор ба Русия рафта аз онҷо ба доми фиреби дигарон афтида ва ба Сурия рафтаанд, эҳтимолан аз кардаи худ пушаймон мешаванд, аммо наметавонанд ба ватан баргарданд. Бо назардошти ин вазъ мақомоти интизомии вилояти Хатлон ҳоло дар ҳар ноҳия бо падару модарон мулоқот баргузор мекунанд ва онҳоро ҳушдор медиҳанд, ки аз ҳолу ҳавои фарзандони худ бохабар бошанд.

Ба гуфтаи хонум Саидова, ба ширкаткунандагони мулоқоте, ки дар маркази ноҳияи "Носири Хусрав" рӯзи 30-юми апрел ҷараён ёфт, филмҳоеро аз сарнавишти талхи ҷавонони тоҷик ва аҳли хонаводаи онҳо дар минтақаи таҳти назорати “Давлати Исломӣ” дар Сурия нишон дода шуданд. Дар поёни он ба падару модарон машварат дода шуд, ки аз афкор ва рафтори фарзандони худро огоҳ бошанд ва аз эҳтимоли "мағзшӯӣ" шудани онҳо пешгирӣ кунанд.

Намояндагони ҳукумати ноҳияи "Носири Хусрав" мегӯяд, ки онҳо талош мекунанд, ки ҷавонон ба роҳи бад нараванд. Ноҳияи "Носири Хусрав", дар 230-километрии ҷануби Душанбе ҷойгир шуда, 80 дар сади ҷамъияташро узбактаборон ташкил медиҳанд. Ин ноҳия се соли охир нақшаи ҷалби ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ дар як рӯз анҷом медиҳад. Ягон нафар аз ин ноҳия бо иттиҳоми таблиғи тундгароӣ ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Додситонии вилояти Хатлон шумораи ҷавонони ин вилоятро, ки ба ақидаҳои ифротӣ гирифтор шудаанд, дар аввали соли ҷорӣ зиёда аз 30 нафар гуфта буд, ки дар миёни онҳо узбактаборҳо кам нестанд ва онҳо дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон меҷангидаанд. Зидди ҳамаи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст. То ҳоло як нафар аз ҷавононе, ки ба таблиғ дода шуда, мехост, барои ширкат дар "ҷиҳод" ба Сурия равад, аз нимароҳ дар Туркия баргашт ва мавриди афв қарор гирифт.

Парвиз аз марзи Сурия баргашт ва аз ҷазо озод шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:33 0:00

XS
SM
MD
LG