Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирташ розӣ нест. Чин "Тоҷиказот"-ро фаъол мекунад


"Тоҷиказот" баъди чанд соли муфлисӣ ҳоло бо ёрии Чин дубора ба кор медарояд. Қаблан қисме аз саҳмияҳои ин корхона ба миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ тааллуқ дошт ва ӯ то ҳол давлатӣ шудани "Тоҷиказот"-ро эътироф накардааст.

Ҳукумати шаҳри Сарбанд, дар ҷануби Тоҷикистон, мегӯяд, ки корхонаи бузурги саноатии "Тоҷиказот" (ҳоло "Азот") фаъолияти худро баъд аз чанд соли муфлисӣ ва бекорӣ дубора ба роҳ мемонад.

Қарахон Чилазода, раиси шаҳри Сарбанд, рӯзи 26 январ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки роҳбарияти нави корхонаи "Азот" дар марҳилаи аввал қарзи музди меҳнатро ба кормандонаш бармегардонад ва онҳоро дубора ба кор даъват мекунад. Чилазода афзуд, бо фаъол шудани корхона даҳҳо сокини шаҳр соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.

Файзиддин Раҳмонов, мудири тозатаъини корхонаи "Азот" дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, и масъалаи пардохти музди меҳнати кормандон ба миқдори 159 ҳазор сомонӣ дар баррасии мақомот қарор дорад. Коршарики "Азот"-и Тоҷикистон як ширкати чинӣ аст, ки мутахассисони он аз моҳи августи соли гузашта то ҳол чандин бор аз корхона боздид кардаанд.

Корхонаи "Азот" аз бузургтарин корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар Тоҷикистон аст, ки бино бар қатъи интиқоли гази табиии Узбакистон аз фаъолият бозмонд ва наздик ба 2000 кормандашро ба рухсатии дарозмуддати бемузд фиристод. Файзиддин Раҳмонов гуфт, ки ширкати чинии коршарики онҳо фаъолияти корхонаро на ба гази табиӣ, балки бо гази синтезии ангишт ба роҳ мемонад. Ҳоло мутахассисон корҳои санҷиширо дар мавриди истифодаи ин навъи сӯзишворӣ рӯи даст гирифтаанд.

Файзиддин Раҳмонов гуфт, ки беш аз 90 дарсади кормандони корхонаи "Азот" аз Тоҷикистон даъват мешаванд ва танҳо чанд мутахассиси чинӣ тарзи кор бо ангишт ва гази синтезиро дар дастгоҳои нав ба онҳо меомӯзонанд.

Аз ҳукумати шаҳри Сарбанд гуфтанд, ки агарчи кори онҳо бо шарикони чинӣ шурӯъ мешавад, аммо ҷонибҳо ба хулосае наомадаанд, ки чанд дарсади саҳмияҳо аз Тоҷикистон ва чанд дарсади дигар аз Чин хоҳад буд. Дар сурати ба кор оғоз кардани ин корхона беш аз 1000 нафар ба кор ҷалб мешаванд.

Миралӣ Содиқов, сокини 50-солаи шаҳри Сарбанд, ки дар гузашта дар "Тоҷиказот" кор мекард гуфт, ки бо вуҷуди таҷрибаи зиёди корӣ масъулон ӯро низ ба рухсати бемузд фиристодаанд. Содиқов мегӯяд, ки дар тӯли 6 соли баъди аз кор мондани корхона ӯ натавонист барои худ ҷойи муносиби корӣ пайдо кунад.

Қарахон Чилазода, раиси шаҳри Сарбанд мегӯяд, ки оғози фаъолияти корхонаи "Азот" натанҳо ба буҷаи кишвар фоида меорад, балки қимати нуриҳои минералиро, ки дар мавсими кишти пахтаю сабзавот аз хориҷ бо нархи гарон ворид мешавад, поён мебарад.

Қаблан 75 дарсади саҳмияҳои корхонаи саноатии "Азот" ба миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ, 20 дарсадаш ба ҳукумати Тоҷикистон ва 5 дарсадаш ба Хайрулло Саидов, писари соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов тааллуқ дошт. Аммо додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон соли 2014 ин созишро ғайриқонунӣ эълон кард ва ин корхонаи азимро дубора ба ихтиёри давлат гузошт.

Чин дар ҳоле коршарики ин корхонаи бузург шудааст, ки молики қаблии он Дмитрий Фитраш ҳанӯз ҳукми давлатӣ шудани корхонаро эътироф накардааст. Вакилони Дмитрий Фирташ гуфта буданд, ки сармоядори украинӣ ба додгоҳи байналмилалӣ шикоят хоҳад бурд.

Корхонаи "Азот" ҳоло ягона корхонае нест, ки дар вилояти Хатлон бо кумаки Чин корро бо гази синтезии ангишт оғоз мекунад. Корхонаи "Хуаксин Ғаюр Семент" дар ноҳияи Ёвон низ бо газ фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG