Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон мехоҳад як мероси хатарноки Шӯравиро аз байн барад


Истиқлол, Суғд
Истиқлол, Суғд

Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули як барнома мехоҳад партовгоҳҳои уранро давоми шаш соли оянда дар шимоли кишвар безарар кунад. Барои ин кор 515 миллион сомонӣ (47 миллион доллар) зарур будааст. Тоҷикистон ҳамагӣ 13 миллиони онро хоҳад дод. Маълум нест 502 миллион сомонии дигарро кӣ мепардозад. Қабристони уран, ки як мероси хатарноки Шӯравӣ барои Тоҷикистон гуфта мешавад, солҳо боз мардуми ҳадди ақал се ноҳияро дар вилояти Суғд ранҷ медиҳад.

Се минтақае, ки бояд пок шаванд

Радиои Озодӣ рӯзи 8-уми апрел бо муҳтавои барномаи ҳукумат дар бораи безарар кардани қабристонҳои уран дар шимоли Тоҷикистон ошно шуд. Ҳадафи асосӣ пурра безарар кардани партовгоҳҳои уран дар мавзеи Деҳмойи шаҳри Бӯстон ва то камтарин ҳад поин бурдани зарари ин партовгоҳҳо дар шаҳри Истиқлол ва шаҳраки Адрасмон будааст. Дар ин се минтақа дар вилояти Суғд ҳудуди 40 ҳазор кас зиндагӣ мекунанд.

Тибқи омори охире, ки дар санад омадааст, феълан дар Тоҷикистон 47,4 миллион тонна партови уран дар масоҳати 123 гектар паҳн шудаанд, ки ба гуфтаи мақомот, “дар минтақаҳои кӯҳӣ ва бевосита дар наздикии минтақаҳои аҳолинишин” ҷойгир ҳастанд.

Ба тасдиқи мақомот ва ҳам коршиносони бахши муҳити зист, ин партовҳо, ки дар фазои боз ҳастанд, боиси баланд шудани сатҳи "радиатсия" шуда, ба саломатии сокинони атроф хатар доранд. Дар маҳалли партовгоҳ мизони шуои радиоактив ҳудуди 3 ҳазор микрорентген дар як соатро ташкил медиҳад, ки аз меъёри муқаррарӣ чандсад баробар зиёд аст.

Хатари дигари партовгоҳҳо, ифлос шудани обҳои зеризаминӣ аст. Дар ҳуҷҷати расмӣ омадааст, ҳадафи асосӣ “дар оянда ба пуррагӣ” безарар кардани қабристони уран, тоза намудани обҳои урандор, пешгирӣ аз олудашавии об ва таъмини бехатарии мардуми атрофи партовгоҳҳо будааст.

Пул аз куҷо?

Нуктаи асосие, ки ба гуфтаи баъзе аз ҳамсуҳбатони мо амалӣ шудани барномаи ҳукуматро зери суол мебарад, дақиқ набудани сарчашмаи маблағгузорӣ аст. Дар санад омадааст, барои безарар ё ҳадди ақал ба ҳадди камтарин расондани осеби қабристонҳои уран 515 миллион сомонӣ ($ 47 млн) зарур аст. Аз ин маблағ ҳукумати Тоҷикистон танҳо 13 миллион сомонӣ ($1,2 млн)-ро медиҳад. Боқимонда 502 миллион сомонӣ ($46 млн) бояд аз давлат ва созмонҳои ёрирасон дарёфт шавад, аммо маълум нест, кадом давлат ё созмон.

Дар Оҷонси амнияти кимиёӣ, биологӣ ва радиатсионии Академияи илмҳо, ки яке аз идораҳои масъул дар ин бахш мебошад, аз суҳбат дар ин бора худдорӣ карданд. Як коршиноси муҳити зист, ки дар таҳияи барнома ширкат кардааст, бо шарти фош нашудани номаш гуфт, дар шароити ҳозира ба гумон аст, ки ягон давлат ё созмон барои безарар кардани партовгоҳҳои уран ба Тоҷикистон 46 миллион доллар диҳад.

“Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аксар кумакҳои хориҷиашро қатъ кардааст. Русия, ки меросбари Шӯравӣ аст, то ин вақт барои безарар кардани қабристонии уран ёрӣ дод, аммо кофӣ набуд. Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ то ин вақт ба Тоҷикистон маблағи зиёд надодааст ва бовар надорам акнун 46 миллон доллар диҳад. Пас, Тоҷикистон аз куҷо ин қадар пул меёбад?” -- суол гузошт ин коршиноси муҳити зистӣ.

Дар гузашта Иттиҳоди Аврупо ва Русия дар ин кор ба Тоҷикистон ёрӣ карданд, аммо маконҳои асосии партови уран то ҳол безарар нашудаанд. Ширкати "Росатом"-и Русия дар моҳи октябри соли 2023 бар асоси як тарҳи байнидавлатӣ партовҳои радиоактивиро дар шаҳри Истиқлол ба зарфҳои оҳану бетонӣ ҷой дода, рӯйпӯш карда буд.

Ба иддаои масъулони ширкат, вазъи радиатсионӣ то ҳадди поинтарин ва тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ коҳиш дода шуд. Вале бар асоси санадҳои расмӣ, ин ширкат танҳо як қисми ками партовҳои уранро безарар кардааст. Дар барномаи ҳукумат омадааст, ки дар солҳои 2013-2023 аз 54 тонна партовҳои уран танҳо 7,6 миллион тонна безарар гардонда шуд.

Истиқлол, Суғд
Истиқлол, Суғд

Ҷабри қабристонҳои уранро аз ҳама зиёд сокинони шаҳри Истиқлол мекашанд. Дар ин шаҳр, ки дар 30-километрии Хуҷанд ҷойгир шудааст, 5 партовгоҳи радиоактив бо даҳҳо миллион тонна партов ва кони харобгаштаи уран воқеъ аст. Инобат Ашӯрова, як сокини шаҳри Истиқлол, пештар ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳар дафъа ҳавои номусоид роҳ гаштанро душвор ва дардҳоро афзун мекунад.

“Вақте туман (меғ) пайдо шавад, сар дард мекунад. Ба фикрам, ҳамон фақт радиатсия боло мешавад. Ман ҳамин хел ҳис мекунам. Дигарҳоро намедонам. Сарам сахт дард мекунад, фишорам боло меравад. Ба назди пизишк рафтам, чунин ташхис дод,” – нақл кард ӯ.

Тоҷикистон баъд аз солҳои 2000-ум талош дорад, беш аз 10 партовгоҳи хурду бузурги уранро безарар кунад.

Навор дар инҷост:

Тоҷикистон партовгоҳҳои уранро чӣ гуна поксозӣ хоҳад кард?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00


XS
SM
MD
LG