Дар Тоҷикистон мехоҳанд, бо ҷорӣ кардани бонкдории исломӣ дубора бовари сокинонро ба низоми бонкӣ баргардонанд. Дар назар аст, дар қадами аввал “Тоҷиксодиротбонк”, яке аз бонкҳои дучори мушкил, ба ин низом бигузарад. Масъулон бовар доранд, ин кор ба ҷалби сармояи бонкҳои кишварҳои исломӣ ба Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Хеле аз мардум бо далели эътиқодҳои мазҳабӣ намехоҳанд, амонатҳои худро дар бонкҳое гузоранд, ки бо фоиз кор мекунанд. Вақте масъалаи фоиз аз байн меравад ва интихоб пайдо мешавад, сокинон ҳамин гузинаро интихоб мекунанд.
“Агар Тоҷиксодиротбонк муфлис шавад...”
Як мусоҳиби мо дар Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 4 март бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, баъди ба мушкили молӣ гирифтор шудани чаҳор бонк эътимоди мардум коста шуд ва бо ин вазъ наметавон шароити бонкдориро беҳтар кард. Ин мусоҳиби мо гуфт, Бонки миллӣ ба хулосае омадааст, то раванди ҷорӣ кардани фаъолияти бонкдории исломӣ дар кишварро тезонад. “Барҳамхӯрии “Фононбонк” ва “Тоҷпромбонк” таъсири ҷиддие ба низоми бонкӣ надошт, вале агар “Тоҷиксодиротбонк” муфлис шавад, пас, ба низоми бонкӣ дар Тоҷикистон зарбаи шадиде хоҳад расид”, - шарҳ дод ӯ.
Вай афзуд, “ҳоло ҳамаи талош барои наҷоти “Тоҷиксодиротбонк” равона шудааст. Гуфтушунидҳо бо бонкҳои аврупоӣ барои ҷалби маблағҳо ба ин бонк натиҷаи дилхоҳ надод. Бонкҳои кишварҳои исломӣ сармояи хуб доранд, вале низоми онҳо фарқ мекунад ва наметавонанд ба “Тоҷиксодиротбонк”, ки бо фоиз кор мекунад, маблағ бидиҳанд. Ба ин хотир талошҳо сурат мегиранд, то ҳарчи зудтар “Тоҷиксодиротбонк” ба низоми бонкдории исломӣ гузарад.”
Масъулони “Тоҷиксодиротбонк” мегӯянд, ҷараёни ба бонкдории исломӣ гузаштани чанд зерсохтори онҳо, аз ҷумла “Бонки рушди Тоҷикистон” ҷараён дорад. Раҳмоналӣ Шералиев, сухангӯи “Тоҷиксодиротбонк”, рӯзи 4 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо мунтазири тасдиқи механизми бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон ҳастанд ва бо таъйиди он ба бонкдории исломӣ хоҳанд гузашт.
“Эътиқоди мазҳабӣ боварии сокинонро ба бонкҳо бармегардонад”
Дар пайи ба ботлоқи бӯҳрон ғӯтидани чанд бонки Тоҷикистон, аз ҷумла “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” муштариёни бонкҳо рӯзи дароз барои гирифтани маблағҳои худ назди бонкҳо навбат меистоданд. Коршиносон мегӯянд, бонкҳо бори дувум мардумро сарсон карданд ва гумон аст, ки ба ин зудӣ боварии онҳо ба низоми бонкии кишвар баргардад.
Баҳром Раҳматов, коршиноси масоили иқтисодӣ, гуфт, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва сӯхтани пулҳои мардум дар бонкҳо боварии мардум дар тақрибан 20 соли пеш ба бонкҳо коста шуда буд. “Дар 9-10 соли ахир бонкҳо дубора ба боварии мардум даромаданд, вале баъди ба мушкил дучор шудани бонкҳо тиҷоратӣ боз эътимоди муштариён коста шуд. Яъне мардум ду дафъа аз бонкҳо ранҷиданд”, - гуфт ӯ.
Раҳмоналӣ Шералиев, сухангӯи “Тоҷиксодиротбонк” мегӯяд, бонкдории исломӣ дар баргардонидани эътимоди мардум ба бонкҳо мусоидат хоҳад кард. “Ин як роҳи нави ҳамкорӣ бо бонк аст. Хеле аз мардум бо далели эътиқодҳои мазҳабӣ намехоҳанд, амонатҳои худро дар бонкҳое гузоранд, ки бо фоиз кор мекунанд. Вақте масъалаи фоиз аз байн меравад ва интихоб пайдо мешавад, сокинон ҳамин гузинаро интихоб мекунанд”, - афзуд ӯ.
“Бо чунин шароит бонкҳои исломӣ ҳам муфлис мешаванд”
Тоҷикистон тақрибан 3 сол қабл моҳи июли соли 2014 Қонун “Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ”-ро қабул карда буд. Аммо дар ин муддат танҳо як созмони қарзӣ бо номи “Алиф сармоя” ва он ҳам бо имкониятҳои маҳдуд ба мизоҷон хадамоти бонкдории исломиро пешниҳод карданд. Ягон бонк дар кишвар дар давоми 3 соли ахир пурра ва ё қисман ба бонкдории исломӣ нагузаштааст. Коршиносон низ мегӯянд, ҷорӣ кардани низоми бонкдории исломӣ кори саҳлу содда нест ва агар бидуни огоҳии пурраи мардум он ба кор оғоз кунад, пас, муваффақтарин бонки исломӣ ҳам дар Тоҷикистон муфлис хоҳад шуд.
Баҳром Раҳматов, коршиноси масоили иқтисодӣ, мегӯяд, барои бонкдории исломиро ҷорӣ кардан аввал бояд “менталитети” мардум ба он сатҳ омода карда шавад. Вай афзуд, “пеш аз ҷорӣ кардани бонкдории исломӣ бояд як қатор корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни сокинон гузаронда шавад. Чунки бонкдории исломӣ тамоман системаи дигар аст. Дар ин низом фоида ва зарар 50 ба 50 тақсим мешавад. Дар ин бонкҳо кафолат гузошта намешавад. Аксари мардуми мо дар ҳолате, ки аз бонк қарз гирифта кафолат нагузоштаанд, метавонад ба Русия раванд. Агар 10 нафар ҳамин корро анҷом диҳад, пас, дигар бонки исломӣ ҳам муфлис мешавад.”
Ба гуфтаи иқтисодшиносон, бонкдории исломӣ аз бонкдории муқаррарӣ бо он фарқ мекунад, ки дар он бонк харҷи маблағи қарзро пурра назорат мекунад ва бидуни далелҳои асоснок ба муштарӣ маблағ намедиҳад. Танҳо дар сурати пешниҳоди барномаи мукаммал ё бизнес-план ва тасдиқи он аз ҷониби бонк муштарӣ метавонад аз бонки исломӣ маблағ дарёфт кунад. Яъне бонк ва мизоҷ муштаракан самтҳои дар барномаи қарзӣ пешниҳодшударо анҷом медиҳанд ва ҳарду ҷониб мувофиқ ба саҳми худ аз он фоида мегиранд. Мизоҷи бонки исломӣ наметавонад маблағро бо хости худ ва ғайриҳадафмандона истифода барад. Инчунин бонкҳои исломӣ маблағро на якбора, балки давра ба давра ва дар асоси хароҷоти мизоҷ ба ӯ пардохт мекунанд. Назорат аз болои кори муштарӣ самти аз ҳама муҳими бонкдории исломӣ мебошад.
Мисол агар муштарӣ аз бонк барои амалӣ кардани лоиҳааш 1 миллион доллар қарз дарёфт карда, аз он 200 ҳазор доллар фоида ба даст орад пас маблағи фоида миёни ҳарду тараф тақсим хоҳад шуд. Яъне, 100 ҳазор долларо бонк ба хотири маблағи додааш мегирад ва аз ин ҳисоб харҷҳои худро мепушонад. Аз маблағи фоида бонк фоидаи амонатгузоронро низ пардохт мекунад.