Амруллоҳи Низом, хабарнигори Оҷонсии иттилоотии "Тоҷнюс" рӯзи 23-юми январ ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки бар асоси шикояти Кумитаи дини Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбе дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур мурофиа оғоз мешавад. А.Низом иддао дорад, ки Кумитаи дин ӯро барои дағалӣ, дашном додан ва беиҷозат ба бинои ин ниҳод ворид шудан айбдор кардааст. Раҳбарияти оҷонсии иттилоотӣ мегӯяд, ки парвандаи мазкурро Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи шанбеи гузашта боз намуда, ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ирсол доштааст.
Дар ҳамин ҳол масъулини Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон ба пурсиши "Озодӣ" дар робита ба заминаи тафсилоти мухолифатҳои ин ниҳод бо журналист посух намедиҳанд. Танҳо як масъули ин кумита дар тамоси телефонии радиои Озодӣ рӯзи чоршанбе гуфт, "субҳи панҷшанбе ба додгоҳи Шоҳмансур ташриф оваред ва аз асли масъала огаҳ мешавад."
Саймиддин Дӯстов, раҳбари Оҷонсии иттилоии "Тоҷнюс" дар шарҳи мавзӯъ гуфт, ки рӯзи 16-уми январ чаҳор нафар аз кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нафаре, ки худро сардори ин ниҳод ном бурд, ба дафтари кории онҳо омада, кӯшиш карданд рӯзноманигор Амруллоҳи Низомро боздошт кунанд. Вале азбаски онҳо барои боздошти хабарнигор иҷозатнома ё санад надоштанд, боздошт муаяссар нашуд.
Оқои Дӯстов мутмаин аст, ин шикоят ба интиқодҳои хабарнигор ба корҳои илмии раҳбарияти Кумитаи дин рабт мегирад, ки Амруллоҳи Низом борҳо аз тариқи расонаҳо дар бораи он ибрози назар карда буд. Ӯ мегӯяд, ки раҳбарияти Кумитаи дин бо ин шева мекӯшад, ба фаъолиятҳои касбии қонунан ҳифзшавандаи журналист монеа эҷод намуда, садди роҳи матлабҳои навбатии ӯ дар бораи фаъолиятҳои Кумитаи дин гардад.
Раҳбарияти оҷонсӣ мутмаин аст, ки ташрифи кормандони ВУД "фармоишӣ буда, аз ҷониби масъулини Кумитаи оид ба корҳои дини назди ҳукумати Тоҷикистон бар асоси хусумати шахсиашон ба журналист Амруллоҳи Низом" сурат гирифтааст.
Феълан раҳбарияти кумита барои изҳори назар дар ин мавзӯъ дастрас нест.
Радиои Озодӣ