«Қомус» ё «Донишномаи бачагон», ки саридораи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон таҳия кардааст, «Шоҳаншоҳ» ва «Сармаддеҳ»- и Баҳманёр, китобҳои «Санги маҳак ва тарозуи ҳунар»-и Абдулҳамиди Самад, китоби «Адабиёт ва фарҳанги миллӣ»-и Рустами Ваҳҳоб китобҳои беҳтарини сол дониста шуданд.
Ҳамчунин шоир Гулназар барои тарҷумаи даҳ китоб барои бачаҳо аз рӯи қиссаҳои «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ ба забони русӣ, Фарҳод Каримов - директори нашриёти «Адиб» барои таҳияи қиссаҳо аз рӯи «Маснавии Маънавӣ»-и Ҷалолиддини Румӣ (ҷои аввал) ва нависандаҳо Азизи Азиз ва Маҷид Салим ва шоирон Давлат Сафар ва Гурез Сафар барои нашри китобҳои шеъру ҳикояҳо сазовори ҷоизаи дувум шуданд.
Масъулини вазорати фарҳанг мегӯянд, ин озмун соли дуюм аст, ки баргузор мешавад ва имсол дар маҷмӯъ ба даҳ китоби беҳтарини сол диплом ва ҷоиза супурданд. Гуфта мешавад, ки ба озмун китобҳои зиёде, ки дар нашриётҳои ҷумҳурӣ интишор ёфтаанд, пешниҳод шудаанд, аммо асарҳое пирӯз шудаанд, ки аз лиҳози мӯҳтаво ва сифати нашр ҷавобгӯи талаботи озмун будаанд.
Аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти озмун, ба муаллифони 5 китоби сазовори ҷои аввал ба ҳар кадом 1500 сомонӣ ва ба муаллифони панҷ китоби сазовори ҷои дуюм 750 сомонӣ ҷоиза дода шуд ва ин ҷоизаҳоро ба ғолибон Шамсиддин Орумбеков, вазири фарҳанги Тоҷикистон тақдим кард.
Шоир Гулназар яке аз барандагони ҷоизаи «Китоби сол» мегӯяд, аз ҷониби аҳли адаб ба вазири фарҳанг пешниҳод шуд, ки чунин озмунҳо ба сурати густарда баргузор шаванд ва ороишгарони китоб ҳам ба озмун ҷалб шаванд, зеро Тоҷикистон дар ин самт мушкил дорад. Ҷаноби Гулназар меафзояд, «пешниҳод шуд, ки чунин иқдом давом дода шавад ва китобҳо на танҳо аз ҷиҳати мӯҳтавою сифати чоп, балки ороиш низ баҳогузорӣ шавад. Ороиши компютерӣ не, балки ороише, ки рассом онро бо даст мекашад».
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон рассомони ороишгари китоб хеле каманд ва ороиши китобҳо тавассути компютер ва нусхабардорӣ зиёдтар ба назар мерасад.
Абдусалом Абдуллоев, рассоми тоҷик, ки ба ороиши китобҳои кӯдакон машғул аст, мегӯяд, «ороиши китоб кори заҳматталабу мураккаб аст, ҳис кардан даркор аст, кикадом рангҳо чоп мешаванд, кадомашон не. Аммо ин кор музди кам дорад, аз ин рӯ ҷавонон намехоҳанд вақти худро сарфи он кунанд.» Ба гуфтаи ҷаноби Абдуллоев, барои ороиши як китоб рассом ду-се моҳ вақт сарф мекунад, аммо барои як саҳифа ҳамагӣ то 70 сомонӣ музд мегирад.
Аммо муштариён мегӯянд, барояшон ороиши китоб хеле муҳим аст, хусусан барои кӯдакон, ки аввал ороишоти китобро тамошо карда, баъд ба хонданаш таваҷҷӯҳ пайдо мекунанд. Волидон мегӯянд, онҳо барои фарзандонашон китобҳои ранга ва қомусҳоеро, ки ба забони русӣ дар нашриётҳои Русия ба табъ расидаанд ва дар дӯкону мағозаҳои шаҳри Душанбе фурӯхта мешаванд, бештар мехаранд. Нархи ин китобҳо гарон буда, баъзеашон беш аз сад сомонӣ арзиш доранд. Вале ба гуфтаи волидон, ороишоте, ки китобҳои тоҷикӣ доранд, чандон ҷолиб нестанд.
Сарвиноз Каримова, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, «қаҳрамонҳое, ки дар китобҳои кӯдаконаи Тоҷикистон тасвир мешаванд, қариб ба ҳамдигар монанданд. Як пиразан ва ё як мӯйсафеди тоҷик қариб дар ҳамаи китобҳои мусаввир такрор мешаванд. Рангҳое, ки интихоб мешаванд, чандон аз ҷиҳати психологӣ барои кӯдакон мувофиқ нест.»
Ин ҳама гуфтугӯҳо дар ҳолест, ки китобҳо дар Тоҷикистон бо теъдоди хеле кам – 500 - 1000 нусха ба нашр мерасад ва ба бовари аҳли адаб, фарҳанги китобхонӣ ҳам дар кишвар дар қиёс ба замони шӯравӣ пойин рафтааст.