Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп умедвор аст, Русия "тасмими дуруст" мегирад


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, намояндагони ӯ дар Маскав бо мақомоти Русия дар бораи поён додан ба ҷанг дар Украина сӯҳбатҳои ҷиддӣ доранд.

Ӯ ҳангоми мулоқот бо Марк Рутте, дабири кулли Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ дар Вашингтон гуфт, ки умедвор аст, ба қавли ӯ, Русия “тасмими дуруст мегирад.” Трамп бо ишора ба суханронии рӯзи 13 марти президенти Русия Владимир Путин гуфт:

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт: “Ӯ баёнияи бисёр умедворкунанда дод, вале комил набуд. Бале, ман бисёр мехоҳам бо ӯ вохӯрам ва ё гап занам, вале бояд зуд ин корро анҷом диҳем. Ҳар рӯз одамон кушта мешаванд”.

Рӯзи гузашта Владимир Путин гуфт, ки омодаи пазируфтани пешниҳоди Амрико барои созиши оташбас дар Украина аст, вале ҷанбаъҳои зиёдест, ки шарҳ мехоҳанд ва ҳаргуна созиш бояд “решаҳои муноқиша”-ро ба инобат бигирад.

Русия рӯзи чаҳоршанбе ба Амрико феҳристи талабот барои поён додани ҷанги Украинаро пешниҳод кард, ки дар он аз ҷумла хоста шудааст, ки Украина узви НАТО нашавад, нерӯҳои хориҷӣ дар хоки он набошанд ва ихтиёри Русия бар чаҳор вилояти Украинаро, ки гирифтааст, ба расмият бишиносанд.

Доналд Трамп гуфт, дар музокирот бо Русия ҷузъиёти роҳҳои хотима додан ба ҷангро баррасӣ кардаанд. Трамп гуфт: “Мо бе нақша кор намекунем, мо дар бораи заминҳои Украина суҳбат доштем, порчаҳое аз заминҳоро, ки мемонанд, ё аз даст мераванд. Дар инҷо масъалаи нерӯгоҳи барқӣ ҳаст, нерӯгоҳи бисёр бузурги барқӣ, ки дар дасти кӣ мемонад. Ё ину онро кӣ мегирад? Ин раванди осон нест“, гуфт Трамп.

Трамп умедвор аст, ки Путин пешниҳоди оташбасро мепазирад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Ҳафтае пеш мақомоти Амрико ва Украина дар бораи созиши фаврии оташбаси 30-рӯза мувофиқат карданд ва Марко Рубио, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, ки посухи Русия баёнгари ниятҳои воқеии Маскав хоҳад буд.

Владимир Путин зимни суханронӣ ба Доналд Трамп барои талошҳояш ҷиҳати поён додан ба ҷанг изҳори сипос кард ва гуфт, шояд ба ӯ занг занаду масъаларо баррасӣ кунад. Хабаргузории давлатии ТАСС гуфт, ки Стив Виткоф, фиристодаи хоси Амрико рӯзи ҷумъа бо Владимир Путин масъалаи эҳтимоли барпо шудани мулоқоти раҳбарони ду кишварро баррасӣ кардаанд.

Русия соли 2022 даҳҳо ҳазор сарбозро ба Украина фиристод, то ба қавли ӯ “амалиёти махсуси ҷангӣ” анҷом бидиҳанд ва ҷангеро дар Аврупо оғоз кард, ки баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар Аврупо бесобиқа буд. Равобити Русияву Ғарб ҳам бад шуд. Пас аз чанд ақибнишинӣ дар марҳилаҳои аввал, нерӯҳои Русия аз миёнаҳои соли 2024 ба пешравӣ оғоз карданд ва ҳоло тақрибан 20 дар сади қаламрави Украинаро дар даст доранд.

Айни замон нерӯҳои Русия шаҳри Курскро, ки сарбозони Украина тобистони соли гузашта ишғол карда буданд, муҳосира намуданд ва ҳоло талош доранд онро бозпас бигиранд.

Дар аломате аз афзоиши боварии Русия ба худ, Владимир Путин рӯзи чаҳоршанбе бо либоси низомӣ ба бар ба дидори фармондеҳони рус ба Курск рафт ва ба онҳо гуфт, корашонро “дар зудтарин фурсат ба поён расонанд.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG