Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: "Дар муноқишаи Ироқ ва курдҳо, ИМА аз ҳеҷ як тарафдорӣ намекунад"


Президенти Амрико рӯзи душанбеи 16-уми октябр гуфтааст, ки Вашингтон дар муноқиша байни ҳукумати марказии Ироқ ва минтақаи худмухтори Курдистон, аз ҳеҷ як ҷонибдорӣ намекунад. Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Доналд Трамп дар посух ба пурсише дар бораи даргирӣ байни нерӯҳои артиши Ироқ ва курдҳо дар атрофи шаҳри Киркук гуфтааст, "мо дӯст надорем, ки онҳо бо ҳам даргир шаванд. Мо аз ҳеҷ якҷонибдорӣ намекунем."

Аз замони cарнагунии ҳукумати Саддом Ҳусейн дар соли 2003, минтақаҳои курднишин аз худмухторӣ бархӯрдор ҳастанд ва аз сӯи ҳукумати иқлими Курдистон идора мешаванд.

Президенти Амрико гуфтааст, "то ба ҳол давоми солҳои зиёде робитаҳои хубе бо курдҳо доштаем ва ҳамин тавр мо то кунун аз Ироқ ҷонибдорӣ кардаем. Дар ҳоле, ки аслан Амрико аз оғоз бояд вориди Ироқ намешуд. Мо аслан набояд вориди Ироқ мешудем". Оқои Трамп таъкид кардааст, ки кишвараш дар робита ба даргириҳои ахири Ироқ ва минтақаи Курдистон аз ҳеҷ кадом тарафдорӣ намекунад.

Дар пайи моҷаро ҳукумати марказии Ироқ ва минтақаи Курдистон пас аз назарпурсии рӯзи 25-уми сентябр, нерӯҳои ҳукуматии Ироқ рӯзи душанбе тавонистанд шаҳри Киркуро дар як амалиёт тасарруф кунанд. Ба гузориши хабаргузориҳо, як бахше аз нерӯҳои зиреҳии воҳидҳои зиддитеррористии Ироқ, ки аз сӯи артиши Амрико омӯзиш дидаанд, фақат як рӯз баъд аз оғози амалиёт, нимаи дувуми рӯзи душанбе биноҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Киркуро ба тасарруф дароварданд.

Ин дар ҳоле аст, ки сенатори Ҷон МакКейн, раиси Кумитаи умури хадамоти нерӯҳои мусаллаҳ дар Сенати Амрико рӯзи душанбе ба ҳукумати марказии Ироқ ҳушдор дод, ки аз истифодаи силоҳҳои амрикоӣ алайҳи минтақаи Курдистон худдорӣ кунад ва гуфт, чунин иқдом, паёмадҳои сахте барои Бағдод дар пай хоҳад дошт. Аз сӯи дигар, вазорати дифои Амрико рӯзи душанбе ҳар ду тарафро ба гуфтугӯ даъват кард.

Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳо, шуморе аз сокинони шаҳри Киркук бинобар даргириҳои эҳтимолӣ ва интиқомҷӯёнаи артиши Ироқ, аз шаҳр гурехтаанд. Шаҳри Киркук ҳудуди як миллион аҳолӣ дорад. Туркманҳои Киркук, ки бо назорати ин шаҳр аз сӯи курдҳо мухолиф буданд, аз ворид шудани артиши Ироқ истиқбол кардаанд.

Нахуствазири Ироқ дастур додааст, ки дар Киркук ва дигар минтақаҳо, ки ҳукумати марказӣ ва ҳукумати минтақаи Курдистон бо ҳам ихтилоф доранд, парчамҳои Ироқ насб карда шаванд. Ҳукумати марказии Ироқ мегӯяд, ин амалиёт ба сурати умум бидуни ҳеҷ муқовимате пеш рафта ва аз пешмаргаҳо ва нерӯҳои мусаллаҳи курд хостааст дар ҳифзи сулҳ ҳамкорӣ кунанд. Дар муқобил пешмаргаҳо эълом карданд, ки Бағдод "барои ҷанг алайҳи мардуми Курдистон қимате гароне хоҳад пардохт".

Ҳукумати Амрико аз ҳар ду тараф хостааст, оромишро ҳифз кунад ва аз вуқӯи даргирӣ байни нерӯҳои давлатӣ ва нерӯҳои курд дурӣ биҷӯянд. Амалиёти тасарруфи Киркук, ки шаби гузашта оғоз шуд, қотеътарин талоши ҳукумати марказии Ироқ дар баробари талоши курдҳо барои истиқлол аст. Аз замони суқути ҳукумати Саддом Ҳусейн дар соли 2003, минтақаҳои курднишин аз худмухторӣ бархӯрдор ҳастанд ва аз сӯи ҳукумати иқлими Курдистон идора мешаванд.

Киркук аз нигоҳи қавмӣ ва мазҳабӣ яке аз аз пуртанаввуътарин шаҳрҳои Ироқ аст ва дар хориҷ аз минтақаҳои расмии иқлими Курдистон қарор дорад. Курдҳо аммо онро яке аз марказҳои аслии Курдистони Ироқ медонанд ва мегӯянд, ки дар даврони ҳукумати Саддом Ҳусейн барои дар ихтиёр доштани манбаъҳои нафти атрофи ин шаҳр, аҳолии курди Киркук ба зӯр берун карда шуданд.

XS
SM
MD
LG