Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия як ҳамҷинсгарои тоҷикро ихроҷ кард


Туркия як ҷавони ҳамҷинсгарои тоҷикро, ки дар як маркази дилхушӣ дар Истамбул кор мекард, ба Тоҷикистон ихроҷ кардааст. Мақомоти турк моҳи гузашта дар ҳоле ӯро ихроҷ карданд, ки дар пайи як санҷиш дар хуни ӯ вируси норасоии масъунияти бадан ё худ ВИЧ\СПИД кашф шудааст. Феълан ба ин ҷавон, ки шартан аз ӯ Фотеҳ ном бурда мешавад, як созмони кор бо ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон кӯмак мекунад.

Фотеҳи 34-сола рӯзи 28-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳафт соли пеш барои кор ба Русия рафт. Се соли пеш дӯстонаш барои ӯ дар як маркази дилхушӣ дар Истанбул кор пайдо мекунанд ва ӯ ба Туркия меравад. Фотеҳ мегӯяд, дар ин маркази дилхушӣ ба ҳайси пешхизмат, раққос кор карда, духтарони раққосаро низ тамрини машқ медод. Ӯ гуфт, ки вақте дар хунаш вируси норасоии масъунияти бадан пайдо шуд, бовар накард.

"Фотеҳ тақрибан дар Тоҷикистон касе надорад, ки ӯро парасторӣ кунад. Ягона бародараш дар хориҷи кишвар қарор дорад ва модараш низ бемор аст, ки худаш ба парасторӣ ниёз дорад",-мегӯянд як масъули созмони ҷамъиятӣ.

“Намедонам ин вирус аз куҷо ва аз кӣ ба ман гузаштааст. Вазъи саломатиам ҳам нохуб буд ва вақте гуфтанд, ки бояд биравам, баргаштам. Ҳоло таҳти табобат ва назорати духтурон қарор дорам”-гуфт ӯ. Фотеҳ мегӯяд, вақте ба Тоҷикистон баргашт, ноумед шуда буд ва дигар намедонист чӣ кор кунад. Касе намедонист, ки ӯро аз Туркия ихроҷ кардаанд.

Дӯстонаш аз вазъи ӯ ба созмонҳои кор бо ҳамҷинсгаро хабар доданд, то ба ӯ кӯмак кунанд. Акбар Ҳомидов, корманди ин созмони ҷамъиятӣ рӯзи 28-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Фотеҳро дар як вазъи хеле бад пайдо карданд. Ӯ гуфт, ҳоло ӯро назди пизишкон бурданд ва аз лиҳози рӯҳиву равонӣ барояш кӯмак мекунанд.

“Вазъи рӯҳиаш бад буд. Бисёр менӯшид ва эҳтимоли ин вуҷуд дошт, ки бо дигарон алоқа кунад. Хавфи асосӣ ҳамин буд. Мо тамоми талошамонро ба харҷ додем, ки ӯро ба табобат ҷалб кунем ва ҳамроҳаш кор кунем, то дигаронро сироят накунад. Мо ба ӯ кӯмаки равонӣ мерасонем”,-афзуд Акбар Ҳомидов.

Акбар Ҳомидов мегӯяд, Фотеҳ тақрибан дар Тоҷикистон касе надорад, ки ӯро парасторӣ кунад. Ягона бародараш дар хориҷи кишвар қарор дорад ва модараш низ бемор аст, ки худаш ба парасторӣ ниёз дорад.

Ахиран, сохторҳои ҳифзи қонун дар Тоҷикистон феҳрасти наздики 370 ҳамҷинсгароро таҳия карданд ва гуфтанд, ки ин афрод ба "гурӯҳҳои осебпазир" шомил мешаванд ва бояд ба "қайди оперативӣ" гузошта шаванд. Теъдоди ҳамҷинсгароён дар амалиёти ходимони ҳифзи ҳуқуқ бо номи шартии “Ахлоқ” ва “Поккорӣ”, ошкор ва мушаххас шудаанд.

Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, ақаллиятҳои ҷинсӣ дар Тоҷикистон воқеан ҳам ба бахши гурӯҳҳои осебпазир шомиланд ва дар ҳолатҳои зиёд натанҳо аъзои ҷомеа, балки ходимони полис ҳам ҳуқуқи онҳоро нақз мекунанд. Мақомот гуфтанд, ки маҳз ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ онҳоро рӯйхат кардаанд, то таҳти назорати пизишкон бошанд ва дигаронро сиряот накунанд.

Акбар Ҳомидов, масъули як созмони кор бо ҳамҷинсгароён мегӯяд, воқеан, ин гурӯҳ осбепазиранд: “Ҳамхоба шудани онҳо бидуни рифола вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, набояд онҳоро тарсонд, ки пинҳонӣ ба корашон давом диҳанд, балки бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро зиёд кард, то на худашон сироят шаванд ва на дигаронро сироят кунанд. Бо тарсондану саркӯб кардан ҳамҷинсгароӣ аз байн намеравад”.

Ҳарчанд, мақомот 370 ҳамҷинсгароро руйхат кардаанд, вале ҳанӯз шумораи дақиқи онҳо дар Тоҷикистон маълум нест. Чанд соле пеш муаллифони як таҳқиқоти тиббӣ гуфтанд, ки эҳтимолан дар саросари Тоҷикистон то 20 ҳазор нафар марду зани ҳамҷинсгаро ва афроди хуносо (дуҷинса), вуҷуд дошта бошанд. Ин оморро мақомот рад карда буданд.

Ҳамчунин, маълум нест, ки ба мисли Фотеҳ чанд тан аз ҳамҷинсгароён ба вируси норасоии масъунияти бадан ё худ ВИЧ\СПИД гирифтор шудаанд.

XS
SM
MD
LG