Дар Туркманистон беморхонаҳо пур аз бемор шудаанд ва ба далели камбуди халтаҳои пластикӣ барои ҷо кардани фавтидаҳо, ҷасадҳо сари вақт ба сардхона ё морг интиқол намеёбанд.
Вале мақомоти Туркманистон ҳамоно вуҷуди коронавирус дар ин кишварро эътироф намекунанд ва мегӯянд, ин вазъ ба COVID-19 рабте надорад. Ҳукумати Туркманистон иддао дорад, ки тавонист, бомуваффақият аз сирояти коронавирус, ки дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст, ҷилавгирӣ кунад. Аммо аксари сокинонр дар ин бора чизи дигар мегӯянд.
Бино ба иттилои бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар як шабонарӯзи ахир ҳадди аққал 6 нафар дар Ишқобод бо нишонаҳои COVID-19 фавтидаанд. Ду сокини Ишқобод, ба бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтанд, дар беморхонаҳои шаҳр ҳамарӯза даҳҳо нафар мефавтанд.
"Дар бахши реаниматсия ё эҳёгарии як беморхонаи Ишқобод ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 50 нафар мемиранд. Кормандони бахши эҳёгарӣ ҳатто наметавонанд ҷасадҳоро сари вақт ба сардхона интиқол диҳанд.
"Рӯзи 19-ум духтурон ҳушдор доданд, ки дигар халтаҳои пластикӣ надоранд ва ҷасадҳоро ба матои хлоркардашуда мепечонанд"- нақл кардаанд сокинони Ишқобод.
Барои печонидани ҷасад чизе надоранд
Мусоҳиби аввалӣ, беморе аст, ки чанде пеш аз беморхонаи Ишқобод рухсат шуда, вазъро бо чашми худ дидааст. Вай мегӯяд, "ба беморхона онҳое оварда мешуданд, ки ба бемории COVID-19 гирифтор шудаанд. Муроҷиат зиёд буд. Беморхона аз бемор пур буд ва ба ҳама ташхиси пневмония ё илтиҳоби шуш гузошта мешуд".
Мушкили дигар камбуди мошин барои интиқоли ҷасадҳо аз беморхона ба сардхона будааст. Ба гуфтаи хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, ҳоло ба далели камбуди халтаҳои пластикӣ, ҷасадҳоро дар матои хлоркардашуда, печонида ба наздикон медиҳанд. Ба хешу табори фавтидаҳо таъкид мешудааст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ҷасадро накушоянд ва дар ҳамин шакл онро дафн кунанд.
Хабарнигори дигар аз Ишқобод мегӯяд, 20 нафареро медонад, ки бо нишонаҳои коронавирус дар бемористони пойтахт бистарӣ шудаанд.
Як журналисти дигари Радиои Озодӣ дар Ишқбод гуфт, дар беморхонаҳо беморони зиёде ҷамъ омадаанд ва ба далели камбуди ҷой яке аз бемористонҳои кӯдакона ҳам ба қабули маризон бо нишонаҳои COVID-19 шурӯъ кардаанд. Ҳарчанд расман аз онҳо чун гирифторони пневмония ном бурда мешавад.
Журналисти Радиои Озодӣ дар шаҳри Туркманобод, воқеъ дар шарқи Туркманистон мегӯяд, вазъ дар ин минтақа ҳам шабеҳ ба пойтахт аст. "Беморхонаи умумӣ пур аз беморони гирифтори коронавирус аст. Қаблан танҳо як қисми он таҳти карантин қарор дошт, аммо ҳоло тамоми беморхона ба рӯи беморони дигар баста аст. Дар ин ҷо тақрибан 700 кат аст, ки ҳама банд шудаанд ва ҷой барои қабули беморони нав намондааст"- мегӯяд, хабарнигор.
Дипломати турк сактаи дил шуд, ё СОVID-19
Туркманобод маркази вилояти Лебапи Туркманистон аст ва вебсайти мустақили Turkmen.news рӯзи 20 июл хабар дод, ки раиси ноҳияи Фароб дар ин вилоят бар асари бемории пневмония фавтид.
Ҳасан Мадқулиеви 55 сола, то рӯзи 14-уми июл мегуфт, сиҳатиаш хуб аст. Аммо пас аз чаҳор рӯз вафот кард ва ҷасади дар халтаи пластикӣ печонидашудаи ӯро ба хонаводааш доданд, то фавран дафн кунанд. Ба иттилои манбаи бахши туркмании Радиои Озодӣ, ҳамсар ва муовини раиси ноҳия ҳам ба COVID-19 сироят ёфта, дар беморхонаи сироятии Туркманобод бистарӣ шудаанд.
Тибқи гузоришҳо, Ягшелдӣ Какаев, ки солҳои зиёд бахши асосии нафту гази Туркманистонро идора мекард ва ин кишварро дар хориҷ муаррифӣ мекард, 8-уми июл аз бемории илтиҳоби шуш фавтид.
Дипломати туркман Кемал Учқун дар Ишқобод расман аз сактаи дил даргузашт, аммо дар беморхона ӯ аз бемории илтиҳоби шуш муолиҷа мегирифт. Бинобар ин бархеҳо бар ин боваранд, ки дипломати туркман дар пайи гирифторӣ ба COVID-19 вафот кардааст.
Бархе аз фавти додарарӯси президент бар асари бемории илтиҳоби шуш хабар доданд. Гуфта мешавад, ҳамсари ӯ ҳам сахт бемор аст.
Мақомоти Турманистон тавонистанд, ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустиро, ки чанде пеш ба ин кишвар сафар карда буд, ба маконҳое фиристанд, ки гӯё он ҷо ягон нишонае аз ин беморӣ вуҷуд надорад.
Кашолкории мақомоти Туркманистон барои роҳ додани ҳайати созмон, ки мехостанд, барои омӯзиши вазъ вориди кишвар шавад, аз чашми ҷомеа ва таҳлилгарон дур намонд. Ин таъхир ҳадсу гумонҳоро дар бораи ин, ки ҳукумат муҳлатро барои омодагӣ ба қабули ҳайат ва тоза кардани нишонаҳои коронавирус истифода кард, зиёд кардааст.
Дар ҳамин ҳол, сардори Раёсати назорати бемориҳои хатарнок дар Туркманистон Қурбонул Овлиёгулова ҳам дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба илтиҳоби шуши нав вуҷуд надорад.
Далелҳо дар бораи сирояти вирус кофист
Вале таҳлилгарон мегӯянд, далелҳои кофӣ дар бораи вуҷуди коронавирус дар Туркманистон мавҷуданд. Афзоиши шумораи сокинон ва ҳам пизишконе, ки омодаанд, ба шарти ифшо нашудани номашон бо расонаҳои хориҷӣ сӯҳбат кунанд, далели он аст, ки ҷомеа ба изҳороти пайвастаи мақомот оид ба набуди беморони COVID-19 бовар надоранд.
Ҳоло барои аксарият нофаҳмо ва ҳайратовар аст, ки чаро мақомоти Туркманистон батакрор вуҷуди коронавирусро дар ин кишвар рад мекунанд? Ба иттилои worldometer.info, коронавирус дар 213 кишвари дунё паҳн шудааст ва дигар қабули ин воқеият шармовар нест. Қариб тамоми кишварҳо, аз ҷумла ҳамсоякишвари Туркманистон --Тоҷикистон, бо дермонӣ, аммо вуҷуди бемориро эътироф кард.
Ба кишварҳо барои набуди гирифторони COVID-19 ҷоизаву мукофоте пешбинӣ нашудааст, баръакс барои кишваре, ки мақомоташ сари вақт воқеиятро қабул ва чораандешӣ накардааст, ин амал талафоти бузурге дар пай дорад.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!