Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушии ду сарбози рус дар даҳ моҳи охир


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар давоми даҳ моҳи охир дар Тоҷикистон ду сарбози пойгоҳи 201-уми Русия худкушӣ карда, то ҳанӯз иллати ба ин амал даст задани онҳо рӯшан нест.

Мақомоти тафтишотии пойгоҳи Русия ҳалокати Артур Баталов, сарбози пойгоҳи 201-умро худкушӣ унвон мекунанд. Ҳоло аз рӯи ин қазия бо моддаи 110-и Кодекси ҷиноии Русия парванда боз шудааст, ки бояд сабабҳои даст ба худкушӣ задани Артур Баталовро рӯшан кунанд.

Як ҳамсӯҳбати мо аз мақомоти тафтишотӣ рӯзи 5 феврал гуфт, ин ҳодиса 1-уми феврал рух додааст ва бинобар хулосаи ташхисҳо ҳеҷ нафаре дар марги ӯ даст надорад ва ба эҳтимоли зиёд ин сарбоз худкушӣ кардааст.

"Сарбоз шаби 1-уми феврал панҷараи хонаи дасрӯшӯии хобгоҳи қисми низомии Русия дар Душанберо боз карда, худро ба поён ҳаво дод", - гуфт ин манбаъ ба радиои Озодӣ. Ҳамхизматони Баталов ҳангоми бозпурсӣ ба муфаттишон гуфтаанд, дар рӯзи маргаш ин сарбози рус бо чанд сокини маҳаллӣ баҳс дошт ва бегоҳ хеле асабонӣ ба назар мерасид.

Манбаи Радиои Озодӣ бо такя ба баёноти ҳамхизматони Баталов гуфт, ки эҳтимолан сабаби фоҷеа моҷарои сарбоз бо ду сокини маҳаллӣ бошад. Ҳамхизматони Баталов гуфтаанд, ки эҳтимолан баҳс бар сари пул буд. Аммо маълум нест, ки ҳамхизматони Баталов то куҷо баёноти дуруст додаанд.

Ярослав Рошупкин, сухангӯи Пойгоҳи 201 дар Русия дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ рӯзи 5 феврал гуфт, ки феълан ин хабарро тасдиқ карда наметавонад, аммо ваъда дод, ки дурустии онро месанҷад. Сарбози ҳалокшуда то моҳи сентябри соли 2015 дар Кӯлоб хизмат мекард, вале чанде пеш бинобар кӯч бастани қисми ҳарбии Русия, аз Кӯлоб ба Душанбе интиқол ёфт.

Дар даҳ моҳи ахир ин дуввумин мавриди худкушии сарбозони рус дар Тоҷикистон аст. Моҳи маи соли 2015 ҷасади Михаил Борисов, як сарбози русро дар Қӯрғонтеппа пайдо карданд. Он замон Наҷмиддин Садриддинов, сардори ташхисгоҳи тиббию ҷиноиии вилояти Хатлон гуфта буд, ки бино бар таҳқиқи пешакӣ ин сарбоз худкушӣ кардааст.

Саид Нуров, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ки даҳ сол дар қисми низомии Русия дар ин шаҳр корҳои мулкӣ анҷом додааст, аз таҷрибаи худ мегӯяд, дар муҳити комилан дигар бархе аз сарбозон тоқат намекунанд ва ин яке аз далели худкушии онҳо мешавад. Ӯ мегӯяд, шоҳид буд, ки аксари сарбозон то чанд моҳи хизмат ҳамеша мегиристанд ва то охирин мӯҳлати хидмати ҳарбияшон ба муҳити кишвар одат намекарданд. Ӯ мегӯяд, шоҳиди ду ҳолати худкушии сарбозони рус дар муддати даҳ соли кориаш будааст.

“Якеаш дӯстдошта дошт ва аз ӯ ҷудо шуда, дар ин муҳити бегона ҳамеша ғамгин буд. Мехост, худашро бикушад, вале ҳамхидматон ӯро аз марг наҷот доданд. Дигаре, ки нақл мекард, доим дар дискотекаҳо будааст, ба муҳити Тоҷикистон одат накард. Ҳамеша афсӯс мехӯрд, ки чаро барои хидмат ба Тоҷикистон омадааст. Чанд бор ариза навишт, ки ӯро ба Русия баргардонанд, вале хоҳишаш рад шуд. Зиёд менӯшид ва даст ба қонуншиканӣ зада, ӯро дар ҳамон ҷо ҷазо медоданд. Баъдан, як рӯз хабар ёфтам, ки худашро куштааст”.

Ин мард мегӯяд,муҳити Тоҷикистон барои сарбозони рус бегона аст ва онҳое, ки иродаи суст доранд, зуд афсурда мешаванд.

Солҳои ахир номи пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон бо қазияҳои гуногун расонаӣ мешавад. Дар чанд ҳодисаи аз ин пеш афсарону сарбозони рус барои куштори чанд сокини бумӣ ва ғоратгарӣ дар берун аз ҳудуди пойгоҳ муттаҳам шудаанд.

Ҷӯрахон Нодиров, собиқ корманди дигари мулкии пойгоҳи низомии Русия мегӯяд, ҳама қонушиканиҳои низомиёни рус дар паи шаробнӯшии онҳо рух медиҳад.

Русия то соли гузашта дар се шаҳри Тоҷикистон - Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Душанбе пойгоҳи низомӣ дошт. Моҳи сентябри соли гузашта пойгоҳи низомиаш дар Кӯлобро тарк кард ва ҳоло танҳо сарбозонашро дар Душанбе ва Қӯрғонтеппа нигоҳ медорад.

XS
SM
MD
LG