Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳи Русия дар бораи боздошти низомиёни пойгоҳи 201


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як мақоми низомии Русия гуфт, фармондеҳии пойгоҳи 201-уми ин кишвар ҳамроҳ бо мақомоти тоҷик хабарҳо дар бораи даст доштани як сарбози ин пойгоҳ дар қатли ронандаи такси дар канори Душанберо таҳқиқ мекунад.

Полковник Ярослав Рошупкин, намояндаи ҳавзаи низомии марказии артиӯи Русия рӯзи 27 август дар сӯҳбат бо хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки "фармондеҳии пойгоҳи низомии 201-ум ҳамроҳ бо мақомоти интизомии Тоҷикистон маълумот дар бораи даст доштани яке аз низомиёни ин пойгоҳ дар қатли ронандаи такси дар канори Душанберо таҳқиқ мекунад." Ин нахустин вокуниши мақомҳои низомии Русия ба хабари боздошти ду ходими пойгоҳи низомии 201-ум бо гумони даст доштан дар куштори як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон баъд аз зӯҳри рӯзи 27 август бо нашри як хабари расмӣ дар сомонааш боздошти ду ходими пойгоҳи низомии 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон бо гумони даст доштан дар қатли як ронандаи таксиро тасдиқ кард. Дар ин хабар аз ҷумла омадааст: "Санаи 26-уми августи соли равон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор шаҳрвандони Федератсияи Россия Сахапов Илдар Масхутович, соли таваллудаш 1990, собиқ сардори гурӯҳи қисми ҳарбии 31691 базаи ҳарбии 201 вазорати мудофиаи Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Басимов Федор Рифанович, соли таваллудаш 1990, муовини командири взводи қисми ҳарбии 31691 базаи мазкур дастгир карда шуданд."

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ҳарду боздоштшуда дар ҳабси пешакӣ қарор доранд ва алайҳи онҳо корҳои тафтишотӣ дар робита ба марги маҷбурии як ронандаи маҳаллӣ идома дорад. Бино бар ин манбаъ, "ҷасади шаҳрванд Тешабоев Раҳимҷон, соли таваллудаш 1978, истиқоматкунандаи ш.Душанбе рӯзи 19-уми августи соли 2014, тахминан соати 01.30 дақиқа дар лаби кӯли деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рудакӣ, дар дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами давлатиаш ТҶ 07-19 АН 01 бо аломатҳои марги маҷбурӣ, ҷароҳатҳо дар қисмати гардан бо истифода аз олоти халандаву бурранда дарёфт карда шуд."

Қаблан манобеи Озодӣ хабар доданд, ки рӯзи 26 август дар натиҷаи “амалҳои фаврӣ-тафтишотии муштарак”-и додситонии ноҳияи Рӯдакӣ ва мақомоти тафтишотии ҳарбии Русия дар Тоҷикистон ду сарбози пойгоҳи низомии 201-уми Русия ҳамчун гумонбар дар қатли як ронандаи тоҷик боздошт шудаанд.

Як манбаъ дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи рақами якум (ШКД)-и Рӯдакӣ рӯзи 27 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки ду сарбози пойгоҳи низомии Русия рӯзи сешанбе боздошт шуда, дар қатли таксисти сарбуридаи тоҷик Раҳимҷон Тешабоев гумонбар дониста мешаванд. Ба гуфтаи ин манбаъ, феълан ҳардуи онҳо дар боздоштгоҳи муваққатии шӯъбаи корҳои дохилии рақами якуми ноҳияи Рӯдакӣ нигоҳ дошта мешаванд. Боздошти ин ду сарбози Русия бо гумони қатли Тешабоевро наздикони ин ронандаи кушташуда низ тасдиқ мекунанд.

Аммо мақомоти масъулони пойгоҳи 201-уми Русия то ҳол расман хабари боздошти ду сарбози рус бо гумони қатли ронандаи маҳаллиро тасдиқ ё рад ваё ташреҳ накардаанд.

Гуфта мешавад, ки муфаттишони додситонии ноҳияи Рӯдакӣ ва мақомоти тафтишотии ҳарбии Русия дар Тоҷикистон рӯзи 26 август ин ду нафарро бозҷӯӣ кардаанд. Як манбаи наздик ба ҷараёни тафтишот ба Озодӣ гуфт, яке аз сарбозони гумонбар, ки Фёдор ном дорад, аз Раҳимҷон Тешабоев тақрибан 1500 доллар қарздор будааст. Ӯ аз ҳамхидматаш Элдар машварат мепурсад, ки бо ин қарз чӣ кунад? Мусоҳиби Озодӣ гуфт, онҳо тибқи маслиҳати пешакӣ ибтидо рӯзи 16 август талош кардаанд, то "масъаларо ҳал кунанд." Вале бори якум муваффақ нашуда, рӯзи 18 август Раҳимҷон Тешабоевро "моҳигирӣ меравем" гуфта, фиреб медиҳанд ва дар лаби кӯл Фёдор ронандаро медораду Элдар гарданашро мебурад.

Бино ба хабари ШКД-1 ноҳияи Рӯдакӣ, ҷасади гарданбуридаи Раҳимҷон Тешабоев шаби 19-уми август дар назди кӯли деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ёфт шудааст. Ба гуфтаи мақомот, тани ронанда пур аз доғу осеб ва гарданаш бурида шуда буд.

Рустамҷон, бародари Раҳимҷон Тешабоев қаблан ба Озодӣ гуфта буд, ки бародараш такси меронд ва асосан ба сарбозону афсарони як воҳиди пойгоҳи 201-уми Русия дар маҳаллаи Гипроземи Душанбе хидмат мерасонд. Манобеи Озодӣ ба дунболи кашфи ҷасади ин ронанда хабар доданд, ки аз дохили сабукрави тамғаи “Опел-Астра”-и Раҳимҷон Тешабоев чанд шиносномаи шаҳрвандони Русия ёфт шуда буд.

Гуфта мешавад, он рӯз ронанда чанде аз сарбозони русро ба як маҳалли истироҳатии воқеъ дар канори шаҳр бурда будааст. Раҳимҷон Тешабоев 36 сол дошт ва аз ӯ 3 фарзанд боқӣ мондааст.

Пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон бо тақрибан 7000 афсару аскараш бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди артиши он кишвар ба шумор меравад. Воҳидҳои ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақар буда, соли 2012, бо имзои як қарордод замони ҳузури он дар Тоҷикистон дастикам то соли 2042 тамдид шуд.

XS
SM
MD
LG